Ҳаргиз аз зан буданам, ёрон, пушаймон нестам…
Эмомалӣ Раҳмон – марди олами сиёсат, абармарди таърихи миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як суханронӣ ба он таъкид намуданд, ки хидмати занон шоистаи он аст, ки исмашон ҳамеша ба забон бурда шавад, на ки соле як бор аз вуҷудашон ёд орем. «Модарону бонувонро на танҳо дар рўзҳои ҷашн гиромӣ дорем, балки дар зиндагии ҳаррўза ба қадри худфарсоиву ҷоннисорӣ, муҳаббату меҳрубонӣ ва порсоии онҳо расем ва мақоми баландшонро пос дорем».
Ҳамин ҳоло, ки хостам дар бораи ҳамкорам нависам, ин сатрҳо ба ёдам омаданд. Дар ҳақиқат Сайрам Муҳиддинова Ғайратовна бонуест, ки бояд дар борааш бояд зиёд гуфта шавад, дар ҳоле ки мӯйи худро дар ҳамин як коргоҳ сафед кардааст, умре хидматгори китобу китобхона будааст ва пешаи дигаре надоштааст.
Сайрам Муҳиддинова Ғайратовна аз зумраи он бонувонест, ки месазад дар ҳақаш чанд ҳарфи гуфтаниро бигӯӣ. Ӯ солиёни зиёд аст бо ишқу муҳаббат ба зиндагӣ пайи хизмат ба халқу миллат камари ҳиммат бастааст. Фаъолияти пурсамару ташаббусҳои созандааш худ як достони шуниданиву хонданист. Як бонуи фидокор, заҳматкаш ва пурталошест, ки аз субҳ то шом мо ҳамкорон ӯро дар такопӯ мебинем.
Ӯ муддати 12 сол аст, ки дар шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси китобдор дар вазифаҳои гуногун то муовини сардори шуъба ифои вазифа менамояд. Фаъолияти кории худро соли 2011 чун китобдори шуъбаи хизматрасонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ оғоз намуда, минбаъд зина ба зина кор кардааст.
Сайрам Муҳиддинова дар корхона рафиқу ҳамкори мушфиқ барои атрофиён аст ва дар оила модари меҳрубони ду фарзанд мебошад. Вазифаи модариву кор дар коргоҳро аз ҳам ҷудо намедонад. Чун дар коргоҳ вай як мурабии дилсӯзест, ки дасти даҳҳо нафар шогирдонро ба кор рост кардааст. Мураббӣ будан ва модар будан, ҳарду як чизанд: ҳарду муҳаббату самимият мехоҳанд, ки Сайрам аз ин неъмат бархӯрдор аст.
Сайрам Муҳиддинова донандаи хуби касби худ аст. Таҷрибаи ҳудудан дувоздаҳсолаи кор дар китобхона, фаъолият дар муҳимтарин шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон барояш ин имконро фароҳам овардааст, ки устоди донишманди касби худ бошад. Вай дар сабру истиқомат намунаи ибрат барои дигарон аст, дар миёни ҳамкорон обрўи баланд ва соҳиби ҳурмату эҳтироми хосса мебошад. Ӯ ҳамеша пайи иҷрои уҳдадориҳои хеш буда, дар ин баробар ба ҷавонон низ дасти ёрию мадад дароз менамояд.
Сайрам Муҳиддинова дар баробари комёбиҳои касбияш дар таълиму тарбияи фарзандон низ ҳамчун зан-модар намунаи ибрат мебошад. Фарзандонаш имрӯз дар самтҳои гуногун фаъолият намуда, боиси ифтихори падару модар ва ватани маҳбубамон мебошанд.
Ҷойгоҳи шоистаи занон ва ҳузури фаъоли онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, бозгўи заҳмату талошҳои бесобиқаашон мебошад. Ба қавли шоир:
Ман занам, мавҷуди нозукпайкари оташниҳод,
Ҳаргиз аз зан буданам, ёрон, пушаймон нестам.
Ҳеҷ гоҳе бо таассуф бар забон н-овардаам,
Ки чаро аз ҷумлаи мардони майдон нестам…
Сайрам Муҳиддинова накуӣ ба халқу садоқат ба Ватанро маънии ҳаёт ва нақше дар тарбияву ташаккули наслҳои оянда гузоштанро рисолати худ медонад.
Ӯ Аълочии фарҳанги Тоҷикистон буда, бо Ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикитсон, ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шудааст.
Зумратбӣ ЭМОМОВА, сардори шуъбаи
хизматрасонӣ ба истифодабарандагон