“Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан”

  Таҳти ин унвон имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  чорабинии ҷашнӣ ба ифтихори  Артиши миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро бо фарорасии Иди қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфт ва ба онҳо сарбаландиву тансиҳатӣ орзу   намуд.

 Муовини директори Китобхонаи миллӣ аз таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар шуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ватанро содиқонаву фарзандона дӯст доранд ва даст ба дасти ҳамдигар дода, хизмат кунанд.

Муовини сардори қисми ҳарбии 3502- и РҚД ВКД ҶТ Йигитализода Алишер Ботуралӣ  афсарону сарбозонро ба табрик намуда иброз дошт: “Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар сафи қувваҳои мусаллаҳ садҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб ёфта, зираку чолок ва дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ сарабландона адои хизмат мекунанд. Дар таҳкими сулҳу суботи кишвар ҳисси муносиби хешро мегузоранд. Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд менамояд, ки  барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоб ҳаёт ин  хизмат ба ватан дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ватан мебошад.

Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарони шуҷоъ мардонагиву далерӣ омӯхта, муҳимтарин арзишҳо дӯст доштан ва содиқона хизмат намудан ба Ватани азизро меомӯзанд.”

 Дар қисмати дуюми чорабинӣ, ки фарҳангӣ-фароғатӣ буд, ҳунармандон бо сурудҳои нави хеш хотири ҳозиринро шод карданд.

Раҳима Азам, шӯъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.