Ҷавҳари андеша. Пораҳо аз сарсухани Абдувалӣ Давронов ба як китоби Ғанӣ Ҷӯразода
Ду нафар: яке нависандаву дуюмӣ мунаққид ва адабиётшиноси маъруф. Ва ҳарду ба раҳмати ҳақ пайваставу ҳоло аз неъматҳои Биҳишти худовандӣ баҳраваранд. Ду суханвари мумтоз, ду муаллифи китобҳои зиёд, ду муҳандиси рӯҳи инсон. Ғанӣ Ҷӯразода ва Абдувалӣ Давронов. Ду нафаре, ки ҳамзамони мо буданду ҳоло аз мо рафтаанд.
Абдувалӣ Давронов – ин мунаққиди пуркору донишманди асил чанд сол пеш олами моро тарк кард ва Ғанӣ Ҷӯразода ҳамагӣ чанд моҳ пештар. Дар ин матлаб пораҳое аз сарсухани Абдувалӣ Давронов ба китоби Ғанӣ Ҷӯразода “Шишаи бишкаста” интихоб кардаем, ки муаррифгари эҷоди Ғанӣ Ҷӯразодаанд. Яъне, ба чашми Абдувалӣ Давронов менигарем ба осори Ғанӣ Ҷӯразода.
**** **** ****
Ин ном барои хонандагон ошност. Ин нависанда ҳамчунон дахолати бевосита ба пасту баланди ҷараёни адабӣ надорад ва низ хеле дер ба узвияти Иттифоқи нависандагон (соли 2000) пазируфта шудааст. Манзураш аз адабиёту аз узвият ба Иттифоқи нависандагон суд ҷустан ҳам нест,балки ў аз силки онҳоест, ки ҳавасҳои некў гуфтан эшонро ба адабиёт овардааст.
Дар жанри ҳикоя қарор гирифтани интихоби нависанда ва мувофиқати диду услуби эҷодӣ дар сатҳи биниш ва тафаккури бадеии ў рамзи мустақилияти эҷодӣ ва озодии рўҳу таасурот ва шинохти воқеият аз бардхўрдҳои хурду калони зиндагист, ки чунин падида дар эҷодиёти ў равшан ба назар мерасад. Дилгармии ў ба адабиёт ва садоқатмандиаш ба қиссапардозӣ низ аз ҳамин муносибати ў ба рўйдодҳои зиндагӣ алоқа гирифтааст. Овози хеле форам ва дилнишин (ҳангоми мутолиаи ҳикояҳояш ин овози шинос ба гўш мерасад), риояи анъана ва русуми ошно, ҷо-ҷо руҷўъҳои воқеъӣ ва бардошт аз онҳо, ҷилваи рангҳо аз тасвири манзараҳои диёр, бархўрди оҳангҳои гўшнавоз аз унсурҳои зотии табиат, омезиши ҳамон рангҳову оҳангҳо ва садоҳои форами резиши обу вазиши боди саҳаргоҳӣ, чаҳ-чаҳи булбулону овои мурғони боғу барзан бо сохтакориҳои назарфиреби кўчаву хиёбонҳои шаҳр ҳама гармонияи зебои дили нависанда ва усули нақлу тасвирҳои ўро тамомият мебахшанд.
Перомуни эҷодиёти Ғанӣ Ҷўразода мулоҳиза ронда, ҳамин махсусияти омезиши дид ва усули нақлро ба хотир овардаем. Ғанӣ Ҷўразода он вақте ҳам, ки дар бораи ҳаёти деҳу пасту баланди зиндагии он менависад ва ҳам ҷузъиёти рўзгори фиребои шаҳрро қисса менамояд, мухтасоти биниши нависанда аз дидаву шунидаҳояш имтиёз пайдо мекунанд.
Дарвоқеъ, метавон гуфт, ки Ғанӣ Ҷўразода муаллифи маҷмўъаҳои бисёрест. То имрўз наздики даҳ китоби ҳикояву қиссаҳои ў чоп шудаанд.
Дар ҳамаи ҳикояҳои Ғанӣ Ҷўразода як паҳлўи ҳаёт, як пораи зиндагии мо ва ягон ҷузъиёти хуб ё бади ҷомеъа ба тасвир гирифта мешавад. Ў нависандаи ҳаҷвнигор ҳам ҳаст ва як паҳлў ва самти мушоҳидаҳои ин нависандаро зикр ва ошкор кардани падидаҳои нохуби зиндагӣ ташкил медиҳад. Теъдоди онҳо каманд, вале ҳадафҳо дар эҷодиёти нависанда нишонрасанд. Инро ба назар гирифта, нависанда Ўрун Кўҳзод дар сарсухани маҷмўъаи «Қисмат» ба ду ҷанбаи эҷодиёти адиб, ба «ҳикояҳои маъмулӣ ва ҳикояҳои ҳаҷвӣ» ишора карда, навишта буд, ки «ҳикояҳои ҳаҷвии ў воқеъӣ ва намакинанд, ки заҳрханда не, шакарханда дорад ва табъро тира не, балки хуш мекунад…»
Нависандагоне ҳастанд, ки дар роҳи интихоби тарзу усулҳои таҳияву тасвир ҷўяндагӣ зоҳир карда, пайи ин мақсад худашонро ба ҳар дару девор мезананд. Намедонанд, ки қиссагў шаванд ё ҳикоя нависанд, ба драма рў оранд ё ба достонҳои калон. Вале роҳи муваффақ шудан як аст: интихоби ҷиддии шакли ифода, ки ҳам нақл ва ҳам тасвир, ҳамчунин заминаи воқеъии садоқати адиб ба шакли ифодаро фаро гирад. Дар ин роҳ таърихи адабиёт ба мо сабақҳои хубе медиҳад. Ворастагии тафаккур ва тавофуқи он ба шакли тасвир дар эҷодиёти адиб муҳим аст. Аз ду роҳи муҳиме, ки шоир ё нависанда онҳоро азиз донад, яъне садоқат ба мавзўъ ва шакли ифода, мо гумон мекунем, ки дуюмӣ мўқаддам аст ва дар муаян намудани бунёди поэтикӣ ва ҳунари нависандагӣ ба муаллиф ёрӣ мерасонад.
Ғанӣ Ҷўразода дар ин роҳи пуршараф ба анъанаҳои эҷодии Ҳаким Карим ва Раҳим Ҷалил дар ҳикоянависӣ содиқ монд ва дар байни хонандагон маҳз бо ҳикояҳои хубу хонданбобаш маҳбубият пайдо кард.
Абдувалӣ Давронов
Таҳияи Шаҳноза Дониёрова