Аз “Риёз-уш-шуаро”. Мавлоно Ваҷҳии Курд

 Аз фузалои муаззази  замон буда, дар мутоибагӯию базласанҷию ҳазл назир надошта.  «Ҳимория» ном китобе тасниф карда, онро дарс мегуфта. Тақии Авҳадӣ навишта, ки бо вай бисёр суҳбат доштаам. Аслаш аз Имодия аст ва аксар ашъораш рубоист.

Ва ин абёт вайрост:

  Дил гургу нигори гург бозаш гирад,

  Банд аз пайи имтиҳон дарозаш гирад.

  Гар ҷониби кас равад, ба хокаш бикашад

  В-ар ҷониби ӯ равад, ба нозаш гирад.

                          ****    ****    ****

Мегуфтам ишқу менадонистам чист,

Мегуфтам ёру менадонистам кист.

Гар ишқ ин аст, чун тавон бо ӯ буд?

В-ар ёр ин аст, чун тавон бе ӯ зист?

               Ваҷҳии  Ҳиравӣ

Тақии Авҳадӣ навишта, ки муддатҳо шуд дар  Ҳинд аст. Марде номуроди сайёҳест. Дар санаи 1019/1610-11 дар Гуҷароташ дидам.

 Оташ зи ҷой меҷаҳаду мекунад фиғон,

Сӯзе магар зи ишқи ту дар ҷони оташ аст?

Вуҷуди Хизру Масеҳ аз Ҳаёти мо нафасест,

Ба назди ҳиммати мо ҳар ду кавн кам зи хасест.

 Ваҷҳӣ, қадаҳи бодаи нобе ба каф ор,

Чун соғари гул ҷоми шаробе ба каф ор.

Аз зулмати ғам рӯзи умеди ту шаб аст.

Дар тирашаби ғам офтобе ба каф ор.

Ман дил ба фиреби чашми мастат надиҳам,

Ҷонро аз лаби бодапарастат надиҳам.

Эй дар пайи дил фитода, баргард, ки ман

Сад пора кунам дилу ба дастат надиҳам.

Аз китоби  Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019

Таҳияи Малика Абдуллоева.