Аз “Риёз-уш-шуаро”. Мавлоно Вафоии Сифоҳонӣ

 Аз атрок аст. Дар авоили ҳол утукашӣ мекарда. Охир рафта-рафта ба файзи хидмати шуаро шоир шуд. Чун дар чашмаш андак айбе буда, ба Вафоии Кӯр иштиҳор ёфт. Гӯянд, дар беҳаёию чоплусӣ зарбулмасал буда.

 Ӯрост:

 

Дари дил нимшабон кӯб, ки чун рӯз шавад,

Ҳама дарҳо бигушоянду дари дил банданд.

 

Айши хуши айёми ҷавонӣ ҳама гӯӣ

Чун бӯйи гуле буд, ки ҳамроҳи сабо рафт.

 

Аз ҷурми дӯстӣ ба Вафоӣ ситам макун,

Изҳори меҳр кард, ғуломи касе нашуд.

 

Аз сад ҳазор санги маломат намепарад

Мурғе, ки дар ниҳоли вафо ошён гирифт.

 

Ба эҳтиёт назар кун, ки бар сари кӯят

Ба ҳар тараф, ки равӣ, дидаву дил афтодаст.

 

Шамъи ман чарбзабон аст, ки дар базми фиреб

Ҳар замон мепарад аз раҳ ба забони дигарам.

 Аз китоби  Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019

Таҳияи Малика Абдуллоева, мутахассиси шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.