Ба даргузашти Бедилшиноси маъруф Бобобек Раҳимӣ 2 сол пур шуд
Имрӯз, 7-уми ноябр ба даргузашти яке аз донишмандони маъруфи кишвар, Бедилшиноси шинохта Бобобек Раҳимӣ ду соли пур шуд.
БОБОБЕК РАҲИМӢ (Раҳимов Бойбек Азизович) 26-уми майи соли 1947 дар қаряи Деҳкалони водии Яғноби ноҳияи Айнӣ, дар оилаи колзохчӣ ба дунё омадааст. Соли 1954 пас аз эълони ба водиҳои пахтакор кӯчонидани кӯҳистони Яғноб аксари сокинони қаряи Деҳкалон ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он кӯч бастанд. Аз ҷумла, падари Бобобек Раҳимӣ бобои Азизмурод низ ба участкаи Баҳористони ноҳияи Рӯдакии имрӯза омада, то соли 1961 истиқомат кард. Соли мазкур (1961) ӯ (бобои Азизмурод) бо аҳли оилааш ба шаҳри Душанбе кӯчида, муқими доимии шаҳр гардид.
Бобобек Раҳимӣ дар мактаби миёнаи ба номи Мирзо Бедили ноҳияи Рӯдакӣ, мактаби миёнаи № 34-и шаҳри Душанбе ва мактаби миёнаи коргарҷавонони № 10-и пойтахт таҳсил намудааст. Солҳои дар мактаби миёнаи коргарҷавонон хонданаш дар чанде аз корхонаҳои сохтмонии шаҳри Душанбе кор кардааст. Бобобек Раҳимӣ соли 1966 ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (донишгоҳи миллии имрӯза) дохил шуда, дар соли 1971 онро бо муваффақият хатм намуд. Ӯ пас аз хатми донишгоҳ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, то соли 1973 дар хидмати ҳарбӣ буд. Пас аз адои хидмат ба шаҳри Душанбе баргашта, ҳафт сол дар Музейи Муттаҳидаи Республикавӣ (ҳозира Осорхонаи Миллии Тоҷикистон) дар вазифаҳои ходими калони илмӣ ва мудири шӯъбаи илмӣ-методӣ кор кард.
Соли 1981 ба собиқ Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор омада, то охири умр дар ҳамин муассиса машғули корҳои илмию тадқиқотӣ буд.
Бобобек Раҳимӣ дар муддати кор дар институти мазкур, асосан, ба тадқиқу омӯзиши аҳволу осор ва нашри мероси адабии Мирзо Абдулқодири Бедил машғул будааст. Ӯ дар бораи Бедил ва эҷодиёташ чандин мақолаҳои илмӣ ва чанд рисолаҳои монографӣ таълиф намуда, ба табъ расонидааст. Аз ҷумлаи мақолаҳои судманди ӯ «Мирзо Бедил: шарҳи ҳол ва тавсифи осор» (Садои шарқ), «Маълумоти сарчашмаҳо дар бораи Бедил» (Садои шарқ), «Бедил ва сабабҳои дар Эрон шӯҳрат наёфтани ӯ» (Садои шарқ), «Марқади дурӯғини Бедил» (Маҷаллаи «Адаб» 1993), «Тааммуле дар сабки Бедил» (Садои шарқ 2002), «Чанд сухан дар бораи баъзе нусхаҳои хаттии осори Бедил» (Садои шарқ 2007), «Аз таърихи шарҳи осори Бедил» (Садо шарқ), «Забони модарии Бедил» (ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» 1997), «Мирзо Бедил ва Бедилҳои дигар» (маҷаллаи «Фарҳанг»), «Маъхази як ҳикояти Бедил» (маҷмӯа «Масъалаҳои эроншиносӣ» Душанбе-1991), «Муқаддимаи девони Бедил» (маҷаллаи «Хуросон» Кобул 1985) ва ғайраро метавон ном бурд. Аксари мақолаҳои дар хусуси Бедил таълифшуда дар маҷмӯъае бо номи «Ошноӣ бо Бедил» (Душанбе «Ирфон» 2009) гирд оварда шудаанд.
Бобобек Раҳимӣ ҳамчунин рисолаеро бо номи «Шарҳи шаст ғазали Бедил» таълиф намудааст, ки дар соли 2004 дар Душанбе ба табъ расидааст. Номбурда дар чанд соли охир рисолаи дигареро бо номи «Зиндагиномаи Бедил» таълиф намуд,ки дар шумораҳои солҳои 2011-2013-и маҷаллаи «Садои шарқ» ба табъ расидааст.
Бобобек Раҳимӣ дар нашри осори Бедил ба хатти кирилӣ низ саҳми муносиб дорад. Ҷилдҳои панҷум («Маснавиҳои тилисми ҳайрат», «Муҳити аъзам», «Тури маърифат»), шашум (маснавии «Ирфон»), ҳафтум (Девони рубоиёт) ва ҳаштуми осори манзуми ҳаштҷилдаи Бедил бо саъю кӯшиш ва муқаддимаву тавзеҳоти ӯ рӯи чопро дидаанд. Ҳамчунин, матнҳои кирилии осори мансури Бедил «Никот» (Душанбе 2002), «Чорунсур» (Садои шарқ-2007) ва «Руқаъот» (Садои шарқ) ба тавассути ӯ дастраси хонандагон гардидаанд.
Аз соли 2011 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.