Ба истиқболи Рӯзи Президенти Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ва Сотим Улуғзода

Эмомалӣ Раҳмон ва Сотим УлуғзодаПрофессор марҳум Усмонҷон Ғаффоров дар китоби худ “Сотим Улуғзода” ҳикоёти ҷолиберо аз рӯзгори адиби маъруф нақл карда. Як бахши ин ҳикоёт дар бораи ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақи ин пири суханварони тоҷик аст. Маҳз талошҳои Сарвари давлати тоҷикон буд, ки ҷасади устоди сухан аз Москав ба Душанбе интиқол ва бо обрӯ ба хок супурда шуд.

Аз ҳамкоронамон аз Метиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш кардем, то ин бахшро аз китоби ёдшуда китобат кунанд, то ҳамагон аз он баҳра баранд.

Инак, он матлаб:

Устод он ҷо хомӯшу бесадову талх бар умри рафтаву рӯзи марги хеш мегирист. Хастагӣ, беморӣ ва мушкилиҳои рӯзгор ҳамарӯза таҳдид мекард. Шукрона, ки баъзан аз тоҷикон ба аёдати эшон меомаданд ва ин боиси хушҳолии устод мешуд. Ду нафар рӯзноманигорони Русия Владимир Сухомлинов ва Геннадий Шалаев дар қиссаи хуҷҷатии ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бахшидашудаи “Дорога к согласию”, ки дар нашриёти “Собеседник”-и Маскав соли 2002 ба табъ расидааст, як лаҳзаро вобаста ба Сотим Улуғзода меоваранд. Ҳоло аз он китоб иқтибос меоварам:

“Дуои хайри одами пиронсолро, алалхусус вай аз падар бошад, тоҷикон дар баробари дуои неки авлиё медонанд. Шояд дар паноҳи вопасин гуфтаҳои Раҳмон Шарифов писари ӯ ба кулли он имтиҳону воқиаҳои шадид, ки солҳои минбаъд ба дӯшаш бор шудаанд, тавонист тоб оварад. Вале чӣ гуфта буд падар ба писар, фақат ҳамоне медонад, ки зиндагиро идома медиҳад. Дар ин бора суол кардан аз рӯи одоб нест….

Дертар, соли 1995, Президент дар Маскав ба хонаи нависандаи машҳури тоҷик Сотим Улуғзода, ки бемори бистарӣ буд, ба аёдат рафт. Ва ба писари ӯ муроҷиат намуда гуфт: – “Зариф, ба ту душвор аст. Аммо мебояд ки падари ранҷуру бемадорат нигаҳбон бошӣ. Ман вазъи туро хуб мефаҳмам. Муддати даҳ сол падари ман ҳам чунин ҳолат буд….”

Аснои он лаҳзаҳои гуворое, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба рӯи устод Сотим Улуғзода нишаста аз ӯ ҳолу аҳвол мепурсаду бо самимияту эҳтиром сухан мегуфт, боварӣ ҳосил кард, ки ин ҳама на хобу хаёл, балки амри воқеист. Он рӯз пеши назари устод Сотим Улуғзода як ҳикояте аз китоби Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ “Фиҳи мо фиҳӣ” падид меояд:

–Набии акрам алайҳиссалом фармуд:

“Бадтарин олиму адиб он аст, ки зиёрати амирон равад ва беҳтарин амирон он аст, ки ба дидори адибон ояд”.

Байт:

Хушо амире, ки ба хонаи фақир ояд,
Ва бадо фақире, ки ба даргоҳи амир равад.

Эмомалӣ_Раҳмон_ва_Сотим_Улуғзода_1Ин ҳикоят ҳамоно амали неки Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба дидорбинии адиб омада буд, эшонро як руҳи тозаву болу пар бахшид. Яке аз мухлисони адиб Сайдалӣ Бобохонов басо хуб навиштааст:

“Омадани меҳмони олиқадр ба манзили устод Улуғзода мисли офтобе буд, ки абрҳои тира хаёлоти андуҳборашро пароканда кард. Ба ҷойи андешаҳои ғамангез эҳсосоти наҷибу гуворои умедбахш падид омад”.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари фарҳангдӯст ба таври мураттаб аз ҳолу аҳволаш тавассути кормандони масъули давлатӣ ва ҳам сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав, муфовиқи фармуда хабар мегирифтанд.

Ё худ бо супориши махсус ҷасади С. Улуғзода дар тайёра ба пойтахти диёрамон оваронда, то рӯҳи баланди вай аз ҷониби малакут хотирҷамъ ба парвоз ояд, барои арзанда ва ба иззату эҳтиром дар хок мондани ҷисми шарифи ин нобиғаи даврон ба сифати сарвари дурандеши миллат саҳми босазо низ гузошт.

Саттор Турсун ин иқдоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро нисбати Сотим Улуғзода кардаашро дар радифи муносибати оқилонаи Бобоҷон Ғафуров нисбат ба устод Айнӣ карда буд, қарор додааст. Вай аз ҷумла менависад: “Ҳамон Садриддин Айнӣ, ки дар Самарқанди бостонӣ умр ба сар бурда, бо қалами ҳазорон маротиба бурротар ва шамшер барои ҳифзи таърихи шоиста ва минбаъда шаъну шарафи миллати тоҷик ҷонбозиҳо мекард. Ва ҳамон Бобоҷон Ғафуров, ки ба таҳликаи мабодо турбати асосгузори адабиёти навини мо берун аз Тоҷикистон монад, бо кадом роҳе бошад, тавонист ӯро дар вопасин солҳои ҳаёташ ба ҷумҳурияти худамон, ба пойтахти ватани ҳақиқиаш бикашад. Агар соли 1957 пешоҳанге ба монанди Эмомалӣ Раҳмонов дар сари қудрат мебуд, шояд имрӯз мардуми тоҷик мадфани Абулқосим Лоҳутии инқилобиро низ маҳз дар Душанбеи азиз зиёрат мекарданд. Бисёранд дар андешаҳои домангиру дили хастаи ман ин гуна оламҳо…”

Ҳамин тавр, Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода фирори фарзанд, фишовариҳои солҳои 60-80-ум нисбати номи баланди ӯ ва дурии ватанро таҳаммул накарда, 25 июни соли 1997 дур аз ёру диёр дар шаҳри Маскав аз олам дар гузашт…

Он рӯзҳои даргузашти устод аз олам, ходими давлатӣ, олими намоён Иброҳимҷон Усмонов дар Маскав буд. Дар бораи он рӯзи мотами С. Улуғзода ӯ чунин ёдоварӣ мекунад:

Бегоҳии 26 июни соли 1997 Президент Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ман ва собиқ сафири Тоҷикистон дар Россия Рамазон Мирзоевро назди худ даъват карданд. Кайфияташон набуд.

– Устод Улуғзода гузаштаанд. Ҳардуятон ба хонаашон равед. Ба пайвандонашон таъзия гӯед. Маслиҳат кунед, ки чӣ кор карданианд. Дар ҳамин ҷо ба хок монданианд, ё турбаташонро ба Ватан мебаранд. Мо дар ҳама ҳолат сарфу харҷро ба дӯш мегирем. Дар шароити иқтисодии имрӯза гӯру чӯб ҳам кори саҳл нест. Мо бисёр мехостем, ки дар Душанбе ба хок супоремашон.

Ману Рамазон Зарифович ба хонаи устод рафтем. Ҳамсарашон, духтарашон ва Ҳалима Хушқадамова – кормандони сафорат он ҷо буданд. Пайвандони устод бо ашки миннатдорӣ қабул карданд.

Сад шукри худованд, ки умеду орзуи устод Улуғзода дар мусофират барбод нарафт. Фарзандони бонангу номуси миллат, пеш аз ҳама бо амри Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тобути устодро ба шаҳри Душанбе оварда, дар хоки он ҷасади Сотим Улуғзода гузошта шуд….

Аз китоби Усмонҷон Ғаффоров “Сотим Улуғзода” таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова. Корманди Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.