Бахшҳое аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ. Бисотии Самарқандӣ
Шогирд ва муосири Исмати Бухороӣ ва маддоҳи Султон Халил аст.
(Аз Давлатшоҳӣ)
Ман зи бахти шўри худ бирёнам, эй пистадаҳон,
То ба гирди шаккари ту раста мегардад набот.
Ташналаб дар Карбалои ҳаҷр мемирам, аҷаб,
Ман, ки бар ваҷҳи Ҳасан аз дида меборам Фурот.
Аз даҳонаш бўсае ҷустам закоти ҳуснро,
Гуфт: хомўш, эй гадо, бар ҳеч кай бошад закот?
Он парирух бо Бисотӣ гуфт аз рўи итоб:
Гирди ин бозӣ магард, ар дил намехоҳад зи мот!
Мавлоно Бисотӣ ҳамоно ба ғурури ҳамин шеъри худ дар мақтаи як ғазал ба Хоҷа Камоли Хуҷандӣ даъвии баробарӣ мекунад. Он мақтаъ ин аст:
Ғазалҳои Бисотиро, Камол аз худ мадон камтар,
Ки парвардаст чун мардум ба оби дида Салмонаш.
Аммо фарқи миёни Хоҷа Камол ва Бисотиро ҳар кас медонад. Бисотӣ фақат ба як матлаъ шуҳрат ёфт. Матлаъ ин аст:
Дил шишаву чашмони ту ҳар гӯша барандаш,
Мастанд, мабодо, ки зи мастӣ шиканандаш.
Ғайр аз матлаи мазкур байте қобили шунидан касе аз Бисотӣ нақл накардааст. Ин низ аз Бисотист:
(Аз «Оташкада»)
Шоҳ асбе ба шоире бахшид,
Ки зи тундӣ-ш чашми чарх надид.
Буд тунд он қадар, ки аз дунё
Нафасе то ба охират бирасид.
Лекин Хоҷа Исмати Бухороӣ ин мазмунро ба қитъае хуб баста, чунончи ҳамон қитъа дар мавриди зикри Хоҷа Исмат сабт ёфт.