Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии нобиноён. Мо нобиноем ё онҳо?
Боре шоҳиди гуфтугӯи нобиное шудам, ки ба ҳамсӯҳбаташ гуфт дасти як ҳамтақдирамро гирфта роҳ мерафтем. Ӯ камбин буд, кам ҳам бошад, медид. Бинобар ин дасти маро мегирифт ва роҳнамоӣ мекард. Мошине аз наздамон мегузашт, моро диду муттањам ба ҳамҷинсгарої намуд. Ин ҳарфаш ҷигарамро пора кард, аламам карду аз дард гуфтам худат ҳамҷинсгароӣ ва мошинашро бо лагад задам. Аз мошин фаромаду чӣ дашномҳое дод…
Ин қиссаи нобино маро ба ёди китоби ба тозагӣ хондаам “Кӯрӣ”- и барандаи ҷоизаи Нобел, нависандаи португалӣ Жозе Сарамога бурд. Ман, ки тўли ду соли кор дар шуъбаи хизматрасонї ба шахсони имконияташон мањудуд фаъолият дорам, дунёи онҳоро мефаҳмидам, чӣ қадар азият мекашанд, чӣ сахтиҳоро таҳаммул мекунанд ва чӣ қадар аз атрофиён таъна мешунаванд. Албатта, манзури нависанда курии ҷомеа аст, ки мо одамони солим яке аз онҳоем.
Мо, ки танамон солим ва чашмамон аз нигоҳи физикӣ айбу иллате надорад, чӣ қадарҳо кӯр ҳастем, ки намебинем чиҳо мекунему чї ҷафоҳо мекашем. Як дафъа ҳам аз натиҷаи корамон дарс намегирем. Мегӯянд кӯр як бор асояшро гум мекунад, мо одамони солим садҳо бор. Бадтар аз нобиноҳоем, ки хатоҳоямонро борҳо такрор мекунем ва ҳеҷ ибрат намегирем. Пас нобино мо ҳастем, ҷамъияте, ки худро солим мепиндоранд.
Мегӯянд “Он беҳ, ки як бор бубинӣ, назар ба ин ки сад бор бишнавӣ”. Ё “Шунидан кай бувад монанди дидан”. Бо ёрии биноӣ инсон 90% иттилоъи муҳити атрофашро ба даст меорад. Вале касони нобино аз ин неъмат маҳруманд. Аммо нобиноён зудшунаванд, Худованд ба ивази нури чашм шунавоии онҳоро коромадтару беҳтар мекунад. Онҳо бо шунавоии рушдёфта метавонанд оламро, ҳаводиси атрофро беҳтару хубтар дарк кунанд.
Дар кишварҳои мутараққӣ ва аз ҷумла дар Тоҷикистони мо низ нобиноён савод меомӯзанд, аксари онҳо шавқу завқи таҳсил доранд, эҷод мекунанд, суруд мехонанд, шеър менависанд, эҳсоси қалбашонро берун меоранд.
Нобиноҳо ҳарчанд намебинанд, аммо онҳое, ки мактаби махсуси нобиноён рафтанду дарс хонданд, дар зиндагӣ камтар азоб мекашанд. Зеро дар мактаб барояшон тавассути асо пайдо кардани роҳ, хондани китобҳои брайлӣ тавассути ламс кардан, фаҳмидани вақти соатро, тавассути садо, муайян кардани ҳодиса ва фосилаи онро меомӯзонанд.
Инро ҳам аз гуфтугӯи нобиное мутаваҷҷеҳ шудам. Ӯ мегуфт вақте нобино ба дунё омадам, модарам маро тарк кард. Падарам баръакси ӯ маро соҳибӣ кард ва ба хотири нигоҳубини ман зан гирифт. Ва зани падараш, яъне модарандарашро тавсиф кард, ки маро мисли фарзандаш дӯст медорад ва вақте падарам хост маро ба мактаби махсуси нобиноён супорад, модарандарам бо падари ҷанг кард, ки ту сангдил будаӣ чӣ тавр дилат мешавад писаратро ба мактаб супорӣ, шояд ӯро азият кунанд, бизананд. Ман ҳам аз пушти падарам гиря мекардам, ки маро бо худ бубарад. Пас аз хеле гиряҳо устодам, ки низ нобиност, наздам омаду маро ором карду гуфт бовар кун ин ҷо бароят беҳтар аст, аз уҳдаи худат мебароӣ. Оянда азоб намекашӣ. Бе дастёр метавонӣ роҳ биравӣ, китоб бихонӣ, либосатро бишуӣ. Агар дар хона мемондї ва дарс нахонӣ, як рӯзе агар мехоҳӣ мустақилона ҷое биравӣ, наметавонӣ рафт. Яъне як вақте мумкин аст касе пайдо нашавад туро роҳнамоӣ кунад. Аммо дар ин ҷо бароят меомӯзанд, ки нобино танҳо ин танҳо нест.
Дидам ҳақ бо устодам аст. Ӯро дӯст доштам ва ӯ ҳам маро фарзанд хонд ва рӯзҳои таътил маро мебурд хонааш. Бо писараш дӯст шудам, ӯ меомад мактаб. Ба нақли онҳо гӯш медодаму аз ҳаёти нобиноён огаҳ мешудам.
Барои ин табақаи ҷомеа Китобхонаи миллӣ имконоти хуб фароҳам овардааст. Ба шӯъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон мањдуд 200 нафар нобино аъзо шудаанд ва барои онҳо 425 китоби брайлӣ барои мутолиа пешниҳод шудааст. Ин китобҳо дарсӣ ва бадеӣ мебошанд, аз ҷумла”Шоҳнома” ва “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуров.
Ҳамчунин дар компютерҳои ин бахш китобҳои гӯё (савтӣ) мавҷуданд, ки нобиноён ҳар вақт барои гӯш кардани онҳо ба бахши мазкур ташриф меоранд.
Шуъба маҳфиле ҳам дорад бо номи “Равшандилон”, ки дар он афроди дорои имкониятҳои маҳдуд ширкат мекунанд. Аксари онҳо эҷодкоронанд, ки гирди ҳам меоянд ва аз эҷод сухан мегӯянд, ашъори тозатавлидашонрно ба якдигар мехонанд.
Дар миёни онҳо сарояндагону навозандагони чирадаст ҳам ҳастанд, ки миёни мардум маъруфият доранд. Матлуба Рањимова, Заррина Абдурањимова овозхонони ансамбли давлатии “Дарё” ва Мавзунљони Ѓафурзод овозхони ансамбли Филармонияи давлатии Тољикистон ба номи Акашариф Љўраев аз љумлаи онњост, ки узви фаъоли шуъбаи хизматрасонї ба шахсони имконияташон мањдуд њастанд.
Яке аз хонандагони шуъбаи мазкур, ки биноии чашмаш њамагї дањ фисад аст, дарахтеро бо риштањои рангаву зебо дўхта, ба шуъба њадя намуд, ки боиси ибрат аст.
Маҳбуба Алиева,
корманди Китобхонаи миллӣ.