Баргузории мизи гирди Вазорати тандурустӣ ва ЮНЕСЕФ дар Китобхонаи миллӣ
Мизи гирде, ки 3 юми октябри соли 2023 дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва созмони байналмилалии ЮНИСЕФ баргузор гардид, лоиҳаи Нақшаи амали «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2024» -ро баррасӣ кард.
Дар он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, намояндагони якчанд вазорату идора ва кумитаҳо, шарикон оид ба рушд, роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок карданд.
Гуфтанист, ки он бо назардошти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таҷрибаи аз амалисозии барномаҳои қаблӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ андӯхта, таҳлили умумии вазъи кунунии соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ ба муносибати нави ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои амалишавии Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия шудааст ва вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 15 соли оянда муайян менамояд.
Маврид ба таъкид аст, ки толорҳои муҷаҳҳази Китобхонаи миллӣ ба баргузории ҳар гуна чарабиниҳои сатҳи дохиливу байналмилалӣ муносибанд. Рӯзе нест, ки як, ду ё зиёда аз он тадорукоти сатҳи гуногуни вазорату идораҳои кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ дар он баргузор нашавад.
Раҳима АЪЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.