Баргузории маҳфил ва машғулияти амалӣ бо наққоши эронӣ Аҳмад Ёдгорӣ
Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфиле дорад зери унвони “Панҷаи ҳунар”, ки моҳе як маротиба баргузор мегардад. Дар ин маҳфил асосан хонандагони хурдсоли шуъба иштирок менамоянд.
Маҳфили навбатии “Панҷаи ҳунар” бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кӯдакону наврасони Китобхонаи миллӣ якҷо бо шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ва шуъбаи хизматрасонӣ ба хонандагони имконияташон маҳдуд баргузор шуд.
Ин навбат бо кӯдакон рассоми эронитабор аз Олмон Аҳмад Ёдгорӣ машғулият гузаронд. Ӯ дар мавриди чӣ гуна бедор намудани завқи кӯдакон нисбат ба санъати тасвирӣ, чӣ тавр ва аз кадом амал оғоз намудани ин ё он нақши тасвиршаванда суҳбат намуд.
Оқои Аҳмад Ёдгорӣ барои ҳар як рассоми хурдсол намунаи кор омода карда, зина ба зина тасвири онро дар тарҳи омоданамудааш нишон дод. Ӯ иброз дошт, ки ин нақшҳо ҳанӯз дар даврони ҳукмронии давлати Сомониён дар наққошиҳои давр истифода мешуданд ва хуб аст, ки кӯдакону наврасон аз ӯҳдаи кашидани ин нақшҳо бароянд, то ин нақшҳои нозуку зариф фаромӯш нагарданд.
Бояд гуфт ки Аҳмад Ёдгорӣ машғулияти худро ҳамзамон дар шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд низ анҷом дод. Барои нафароне, ки муаллимро фаҳмида наметавонистанд, Сӯҳроб – хонандаи фаъоли шуъба кӯмак намуд, то аз асли матлаб бархурдор гарданд. 15 нафар иштирокдорони маҳфил-хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бо шавқу завқи зиёд ва чашмони шарарбор гуфтаҳои Аҳмад Ёдгориро иҷро мекарданду аз ҳар як амали ба ҷо овардаи худ ба ваҷд меомаданд.
Дар идома кормандони шуъбаи кӯдакон ва наврасони китобхона намунаи расмҳои кашидаи хонандагони худро, ки дар шуъба маҳфуз доранд, ба маърази тамошо гузоштанд.
Бояд гуфт ки ҳадаф аз баргузории ин гуна маҳфилҳо бедор намудани завқи зебоипарастии кӯдакон ва роҳнамоии онҳо ба олами зебои ҳунару ҳунармандӣ мебошад. Шаҳноза Даниёрова – сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон мегӯяд, ташкили чунин маҳфилҳо аъзоёни доимии шуъбаи моро зиёд карда, дар бедор намудани завқи онҳо саҳми босазо мегузорад. Саодат Набиева – сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд иброз дошт, ки ин гуна машғулиятҳо барои хонандагони шуъбаи мазкур саривақтӣ буда, ба қалби нозуки онҳо шодиву фараҳ меоварад.
Кормандони Китобхонаи миллӣ мегӯянд, чун таътили тобистонаи хонандагон оғоз гашт, бачаҳо ба Китобхона зиёдтар меоянд ва мо мехоҳем таътили онҳо ҷолиб ва хотирмон гардад.
Махфират Муҳиддинова бахши матбуот ва робита бо ҷомеа