Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад…

masnavii-manaviДар аввалсухани китоби “Маснавии маънавӣ”, ки соли 1374 ҳиҷрии шамсӣ дар Теҳрон чоп шудааст, аз Мавлоно Наҷмуддини Таштӣ иқтибосе овардаанд, ки фармуд: “Дар олам се чиз ом буд, чун ба ҳазрати Мавлоно мансуб шуд, хос гашт.

Аввал китоби Маснавӣ аст, ки ҳарду мисраъро маснавӣ мегуфтанд. Дар ин замон чун номи маснавӣ гӯянд, ақл ҳукм мекунад, ки Маснавии Мавлоност.

Дувум, ҳамаи уламоро мавлоно мегӯянд, дар ин ҳол чун номи мавлоно ба забон меояд, ҳазрати ӯ дар назар дошта мешавад.

Савум, ҳар гӯрхонаро турбат мегуфтанд ва ҳоло чун турбат мегӯянд, марқати Мавлоно, ки Турбат аст, маълум мешавад.

Ин сухани Қозӣ Наҷмуддини Таштӣ то кунун эътибори худро аз даст надодааст. Аз дербоз то кунун ҳазорон мавлоно омаданду рафтанд, аммо мавлонои раста аз банд номи ҳамин Мавлоност, ки ҳама ӯро мешиносем. Ҳамон гуна ки бо вуҷуди садҳо маснавӣ, ки пешу пас аз ӯ падид омад, маснавии раҳида аз унвон ҳамин аст…”

Бидуни шак, “Маснави маънавӣ” аз бузургтарин шоҳкори адабиёти форсии тоҷикӣ буда, ба қалами муъҷизаосои Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ (1207-1273) тааллуқ  дорад. Асар ба масъалаҳои гуногуни ирфонӣ, фалсафӣ ва ахлоқӣ бахшида шуда, аз зиндагонии гузарони одамон ҳикоят мекунаду маърифатомӯз аст. “Маснавии маънавӣ” аз шаш дафтар иборат мебошад.

Бо дархости хонандаи фаъоламон Ҳасан Солиев шакли электронии ин шаҳасарро инҷо мегузорем.

Бо истифода аз фурсат Шумо низ бихонед ва аз ин ганҷинаи пурҳикмат истифода кунед.

КИТОБ ИН ҶОСТ: