БО БАЧАҲО. Асал чӣ тавр тайёр мешавад?
Ягон канд мисли асал ширину болаззат нест. Асалро мо аз занбўрон мегирем. Хуб нест, ки асалро бихўрему занбўрашро нашиносем. Занбўри асал ҳашароти аҷоиб аст. «Чӣ хел аҷоиб?»- мепурсед шумо.Масалан, дар як оила 10 ё 20 ҳазор занбўр аҳлу тифок,бе ҷангу ҷидол, боробару бародар, коргару озода зиндагӣ мекунанд.Боз даҳҳо одати хуб дорад, ки бояд мо ҳам омўзему ёд гирем.Дар ин китоб маҳз дар ҳамин хусус сухан меравад, бачаҳои азиз.
Занбўрҳои асал се навъ мешаванд: маликазанбўр, нарзанбўр ва занбўрони корӣ. Дар як оила як маликазанбўр зиндагӣ мекунад. Занбўрони нар то ба ҳазорто мерасанд. Занбўрҳои корӣ 15-20 ҳазор мешаванд.
Ҳар як занбўр ба коре машғул аст. Маликазанбўр тухм мегузорад. Занбўрони корӣ хонача месозанд,гурўҳе ҳаворо тоза мекунад.
Чанд занбўри дигар посбонии хонаро ба уҳда доранд.Онҳо ба хона занбўри бегона,мўрчаҳо ва гамбускҳоро роҳ намедиҳанд.Занбўрмураббӣ ҳам ҳаст, ки занбўракҳои нав аз тухм баромадаро ғизо медиҳад.Шумораи занбўрҳои асал дар як оила гоҳо ба 50 ҳазор адад мерасад.Як оила дар як сол то 20-25 килограм асал ҳосил медиҳад.Як чумча асалро 200 занбўр дар се моҳ ҷамъ мекунад.Як куттиҳое месозанд,ки дар онҳо ду оилаи занбўрро ҷойгир кардан мумкин аст.Лонаи занбўри асал куттии чўбӣ аст. Куттиҳо бисёранд. Занбўрпарвар куттиҳоро рангҳои гуногун мекунад,то ки занбўр хонаашро зуд ва бехато пайдо карда тавонад.
Занбўрони асали ёбоӣ бештар дар ҷангалзорҳо, буттазорон, ковокии танаи дарахтон ва шохаҳо,дар таркиши деворҳои сохтмонҳои бекорхобида лона месозанд.
Бубинед,занбўрҳо аз сўрох хонаашон даромада истодаанд. Акнун онҳо хоначаҳои худро ёфта, ба он асал мерезанд.Занбўрҳои дигар ҳам ин амалро анҷом дода,берун мераванд.
Дар ҳар хоначаи чўбӣ 15-20 канду ҳаст.Канду номи қуттиест,ки онро аз чўб ё тахта месозанд. Дар ҳар канду занбўр куттичаҳои шашкунҷаи мумӣ сохтааст. Асалро ба онҳо мерезад.
Дар зери кандуҳо хоначаҳои дигари мумӣ мавҷуданд.Дар онҳо тухму зочаи занбўри асал парвариш карда мешавад.Занбўр,то ба воя расидан чаҳор шакл мегирад: тухм,кирмина,зоча ва болиғ.Занбўр умри дароз намебинад.Занбўроне,ки баҳор ба воя мерасанд, 5-6 ҳафта зиндагӣ мекунанд.Аммо занбўроне,ки дар охири тобистон ба воя мерасанд,умри дарозтар мебинанд.Онҳо то фасли баҳор зинда мемонанд.Занбўракҳои навро ба дунё меоранд ва худ мемиранд.Маликазанбўр 5-6 сол умр мебинад.
Агар занбўре гулзори нав пайдо кунад,зуд ба занбўрхона бармегардад.Вай онҷо «ракс» карда мефаҳмонад: «Ҳамроҳи ман парвоз кунед.Гулзори нав дидам».Занбўр бо ин «ракс»-аш ҷойи гулзор ва наздику дурии онро мефаҳмонад.
Дар ҷустуҷўйи шира ва гарди гул занбўр то 2 километр дур аз хонаи худ парвоз мекунад.
Занбўр шираро аз гул бо хартумчааш кашида мегирад. Аммо шираи гул тамом намешавад.Баъди як-ду соат дар гул боз шира ҷамъ хоҳад шуд.Ҳамин тавр, як гул рўзе ба чанд занбўр шира медиҳад.
Занбўр аз гул гард ҳам меғундорад.Гардро дар халтачаи паси пойҳояш гирифта, ба хонааш бармегардад.
Асал чӣ гуна ба вуҷуд меояд? Шумо гумон мекунед,занбўр асалро аз гул ба таври тайёр мегирад? Не, иштибоҳ мекунед.Занбўрҳо ду шикам доранд,барои ҳазми ғизо ва ҷамъоварии шаҳди гулҳо.Шикам-шаҳддони занбўр метавонад,кариб 70 миллиграм шаҳд захира кунад. Аз бадани занбўр моддаҳое ҳосил мешаванд,ки шаҳди дар шикамаш бударо ба асал табдил медиҳанд. Аммо 40-80%-и он об аст ва занбўри асал бояд мизони оби онро ба 18-20% бирасонад.Барои ҷудо кардани асал аз об занбўр як микдор гарди гулро ба он омехта мекунад.Сипас онро ба канду мерезад ва шабона занбўрҳо болои он бол мезананд.Дар натиҷа оби боқимонда хориҷ шуда,асал ҳосил мешавад.
Гарди гул танҳо барои омода кардани асал нест. Он гулҳоро бо ҳам хешу табор мекунад.Занбўрҳо гули дарахтони мевадиҳандаро низ гардолуд мекунанд.Агар гули дарахтони мевадиҳанда гардолуд нашавад, ҳосили хуб намедиҳад.Ана,дар ин расм куттича аз асал пур шудааст.Занбўр даҳони онро маҳкам мекунад.Вакте ки тамоми куттичаҳои канду пўшида шуданд,занбўрпарвар бо асбоби махсус асалро аз мум ҷудо мекунад.Ин асбоб асалафшўр ном дорад.
Албатта,занбўрҳо розӣ намешаванд,ки касе асалашонро бигирад. Онҳо ба одам ва ҳуҷум мекунанд. Вале занбўрпарвар либоси махсус мепўшад. Дар пеши рўяш тўр ва дар даст дудкунак дорад.Занбўрҳо
аз дуд метарсанд.
Дар фасли зимистон занбўрҳо ғизои хўрдаашонро дар рўдаашон нигоҳ медоранд.Факат баҳор аз он халос мешаванд. Парвози нахустини баҳории занбўрҳоро парвози озодагӣ мегўянд.Илме, ки занбўри асалпарвариро меомўзад, апиология ном дорад.
Шумо ҷашни асалро шунидаед?Ҳар сол дар кишварамон моҳи сентябр иди асалро ҷашн мегиранд.Занбўрпарварон маҳсули кори худро ба намоиш мегузоранд.
Асал шифобахштарин ғизо ба шумор меравад.Занбўрпарварон умри дароз мебинанд.
Асали Тоҷикистон,бо сабаби тоза будани боду ҳавояш, яке аз беҳтарин асалҳои дунёст.
Аз китоби Шарифи Муҳаммадёр
“Асал чӣ тавр тайёр мешавад”. Душанбе, соли 2020.
Таҳияи Зарина Бобоева.
Бачаҳои азиз! Ин китоб бо суратҳои ҷолиби ранга ороиш ёфтаву ҳар сурат як амали занбӯрро ниҳон медиҳад. Китобро шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасон бихонед.