Бо бачаҳо. “Афсонаи Симурғ”

СимургИн   достон   бо  номи  «Афсонаи  Симурғ»  аз  он достонҳои  қадими   халқҳои  Осиёи Миёна  ва  аз  он  ҷумла халқи  тоҷик   аст, бори аввал дар  либоси   назм  зинат  дода  мешавад.

Достони мазкурро аз ҷиҳати силсилабандӣ ва тамоилоти   маънавӣ  кор  карда, ба он «Афсонаи Маҳистон» ном ниҳода шуд, зеро   Маҳистон  номи духтаре  соҳибҷамол,  аз  Қалъаи  Тагоб   буда,  яке   аз  қаҳрамонони асосии  достон  ба  шумор  меравад. Бар лавҳи  ин  китобча,  номи  машҳури халқиаш «Афсонаи  Симурғ» интихоб   ёфт.

Ҳақиқатест ба ҳама маълум,  ки  халқҳо  аз  қадим, дар афсонаҳо,   он орзую умедҳоеро инъикос мекунониданд,  ки барои  замонашон  ба  он  орзую   умедҳо   расидан   аз   имконият   берун  буд.

Дар «Афсонаи Симурғ» низ орзуҳои: нест шудани зулму   истибдод, кўтоҳ шудани роҳҳои дур, аз манзили худ дида   тавонистани мамлакатҳо  ва иқлимҳои  дур,  ғалабаи одам  бо  қувваи   донишу   санъат, хеле дуру дароз вале  бардаму саломат умр дидан,  ишқу мухаббати озод   ва  ғайра   инъикос ёфтаанд.

Чунончи: аз рўи шарти тўёна, ки модари Маҳистон ба  хостгорони   духтараш  пешниҳод мекунад, маълум мешавад, ки ў талаби  тиллову   молу   матоъ  надорад,   аз ошиқони Маҳистон  ягона хоҳишаш ин  аст:  «… Дар  ҷаҳони  одамӣ  панҷ  чиз   мавҷуд аст  ва  аз  ҳар   яке  як  нусхагӣ мавҷуд  аст…   онҳоро  ё  баъзе   аз онҳоро  кадом   ҷавони  бошуҷоате  ёфта оварад, сарфи назар аз кадом қабилаву қавм  буданаш ҳамон  ҷавон  домоди  вай  хоҳад   шуд…»

Баъд чӣ шуд?

Агар шумо хоҳед идомаи ин достонро бихонед, пас ба китоби “Афсонаи Симурғ” рӯ биёваред. Ин китоб соли  1967 чоп шудааст ва нусхае аз он дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон мавҷуд аст.

Хатича МУРОДОВА, мутахассиси
пешбари шуъбаи
адабиёти
к
ӯдакон ва наврасон