Бо бачаҳо. Афсонаи тоҷикии “Мурғи Қаҳқаҳ”
Буд-набуд, моҳигири пире буд. Ў ҳар саҳар ба лаби дарёча рафта, шасташро ба об партофта то бегоҳ нигоҳ карда мешишту як-ду моҳича медошт. Моҳичаҳоро ба бозор бурда мефурўхт ва ба пули он худашу занаш бо як азоб рўз мегузаронданд.
Рўзе аз рўзҳо пирамард чун ҳарвақта барои моҳигирӣ ба лаби дарё рафт. Акнун шастро ба об партофта буд, ки аз куҷое як парандаи калони зебое парида омад. Он парандаи одӣ не, балки парандаи бениҳоят аҷоиб – мурғи Қаҳқаҳ буд.
Паранда аз болои дарахт ба моҳигир менигарист. Моҳигир рӯзи дароз интизор шуд ва як моҳии хурдакаке дошт.
Мурғи Қаҳқаҳ ба ӯ гуфт:
– Бобо,Шумо ин моҳичаро чӣ кор мекунед?
– Ин моҳичаро ба бозор мебарам,мефурўшам ва ба худаму кампирам ягонта нон мехарам.
Дили мурғи Қаҳқаҳ ба пирамард сўхт:
– Намехоҳам, ки Шумо ин хел азоб кашеду нимгурусна зиндагӣ кунед! Ман ҳам ба Шумо як моҳии калон меорам. Моҳии калонро фурўхта,пули бисёр мегиред!
Пирамард хурсанд шуд ва ба мурғи Қаҳқаҳ ташаккур гуфта, ба хонааш рафт.
Нисфи шаб мурғи Қаҳқаҳ моҳии калонеро оварда, ба рўи ҳавлии пирамард партофт. Пагоҳӣ пирамард моҳиро бирён-кард ва ба бозор бурда, фурўхт.
Аз ҳамон рўз сар карда, мурғи Қаҳқаҳ ҳар шаб моҳии калоне оварда, ба ҳавлии моҳигир мепартофт.
Пирамард,ки пештар як одами камбағал буд, акнун бой шуд ва ҳатто як хонаи боғдоре харид.
Рўзе ў чун ҳарвақта ба бозор моҳифурўшӣ рафт. Нохост ҷорчии подшоҳ пайдо шуду бо овози баланд фарёд зада гуфт:
-Касе, ки ба подшоҳ мурғи Қаҳқаҳро ёфта диҳад, подшоҳ ба вай нисфи давлаташро медиҳад!
Пирамард аз ҷояш хест, ки ў дар куҷо будани мурғи Қаҳқаҳро медонад,вале боз андеша кард:
« Э,намегўям – охир ин паранда маро аз гуруснагӣ наҷот дод!» Ў инро фикр карду боз ба ҷояш нишаст.
«Лекин нисфи давлатро гирифтан бад не, албатта!» – аз дил гузаронд пирамард ва боз аз ҷояш хест.
Ҷорчӣ пирамардро диду пай бурд,ки ў ягон чизро медонад, бинобар ин ўро дошта,кашолакунон ба назди подшоҳ бурд.
Ин пирамард дар куҷо будани мурғи Қаҳқаҳро медонад! – гуфт ҷорчӣ.
Подшоҳ ба пирамард гуфт:
– Агар ту дар бораи мурғи Қаҳқаҳро ягон чиз донӣ, ба ман гап зан. Ман онро аз куҷо ёбам? Чашмони ман қариб кўр шудаанд. Ягон дору ба ман фоида накард. Як табиби доно ба ман гуфт, ки агар чашмонамро бо хуни мурғи Қаҳқаҳ шӯям, чашмонам аз нав бино мешаванд. Ба ман ёрӣ расон, ки мурғи Қаҳқаҳро ба даст дарорам. Ба ивази ин ба ту нисфи давлатамро медиҳам!
Пирамард ҷавоб дод:
-Мурғи Қаҳқаҳ ҳар шаб ба хонаи ман парида меояд ва ба ман моҳии калон меорад.
Подшоҳ хурсанд шуда,гуфт:- Ту даррав онро дошта гир!
-Не, гуфт пирамард,- мурғи Қаҳқаҳ парандаи калону бақувват аст. Зўри ман ба вай намерасад. Барои дастгир кардани он зиёда аз сад кас лозим аст.
– Ман ба ту чорсад сарбозамро ҳамроҳ мекунам. Ту онҳоро дар таги дарахте, ки мурғи Қаҳқаҳ омада мешинад, пинҳон мекунӣ. Ҳамин ки мурғи Қаҳқаҳ ба дарахт нишаст, онҳо дарҳол онро дошта мегиранд!
– Не,- гуфт пирамард, – мурғи Қаҳқаҳро ин тавр дошта намешавад. Онро фақат бо як ҳила доштан мумкин. Вақте вай ба ҳавлии ман парида омад,ман барои вай як зиёфати хуб тайёр мекунам ва мегўям, ки ба замин фурояд. Ҳамин ки ба замин фуромада нишаст,даррав дошта мегирам!
Подшоҳ чорсад сарбозашро ҳамроҳи пирамард фиристод. Пирамард онҳоро дар таги дарахте,ки мурғи Қаҳқаҳ омада мешинад, пинҳон кард. Сарбозон дар таги шохҳои дарахт наҷунбида хомўш менишастанд.
Пирамард бошад, дар рўи гилеми зери дарахт хўрокҳои гуногун гузошта, мурғи Қаҳқаҳро интизор шуда шишт. Вақте ки мурғи Қаҳқаҳро омада, ба дарахт нишаст,пирамард гуфт:
-Эй,мурғи Қаҳқаҳ! Эй, дўсти ҷонӣ! Ба шарофати ту ман сарватманду хушбахт шудам, лекин туро ягон маротиба зиёфат накардаам.Чӣ мешавад, ки ба назди ман фуроӣ ва аз ин хўрокҳо тановул кунӣ!
Ў чунон зорию таваллои бисёре кард, ки оқибат мурғи Қаҳқаҳ аз дарахт ба замин фуромада, дар назди пирамард нишаст.
Пирамард хурсандона гуфт:
-Дўсти азизам,мурғи Қаҳқаҳ,бихўр, нўши ҷон шавад!
Ман ҳамаи ин хўрокҳои болаззатро барои ту тайёр кардам!
Мурғи Қаҳқаҳ акнун нўлашро ба коса дароз карда буд,ки пирамард даррав аз ҳарду пояш дошта,фарёд зад:
– Зудтар! Зудтар ба назди ман!
Чорсад сарбози подшоҳ аз таги дарахт баромада,ба мурғи Қаҳқаҳ дарафтоданд. Мурғи Қаҳқаҳ бошад, болҳои калону бақувваташро кушода, ба осмон парвоз кард.
Пирамард аз пойҳои вай дошта, фарёд мезад:
– Дошта истодаам!
Вале мурғи Қаҳқаҳ ўро ба ҳаво бардошт. Он гоҳ яке аз сарбозони подшоҳ хез зада,аз пойи пирамард дошт,то ки дукаса мурғи Қаҳқаҳро доранд. Сарбози дуюм чун дид,ки рафиқаш аз замин дур шуда истодааст, дарҳол аз пои ў дошт. Аз паси вай сарбози сеюм,чорум, панҷум…
Ҳамин тавр пирамард ва чорсад сарбози подшоҳ аз пойи якдигар дошта, аз паси мурғи Қаҳқаҳ ба осмон ба паси абрҳо парида рафтанд.
Ногоҳ пирамард ба поён нигоҳ кард, замин наменамуд.Чашмони пирамард сиёҳӣ заданд. Ў аз тарс дасташро сард дод ва сарозер ба поён афтид. Аз паси ў чорсад сарбози подшоҳ низ ба замин, ба рўи сангҳо афтида,дасту пойҳои худро шикастанд…
Бачаҳои азиз! Ба ивази некӣ ҳама вақт некӣ бояд кард. Пирамард бошад, ба ивази некӣ бадӣ кард ва оқибат ҷазояшро дид.
Ин ва даҳҳо ба ин монанд китоби шавқоварро шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед. Ин толор дар ошёнаи аввали Китобхона ҷойгир аст.
Таҳияи Садоқат ШОГУНБЕКОВА, мутахассиси шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасон.