Бо бачаҳо. Донистаниҳо аз ҷуғрофия. Пиряхҳо 

Пирях анбўҳи бузурги яхе мебошад, ки аз барфҳои бисёрсола пайдо гашта, дар водиҳои кўҳӣ ё дар минтақаҳои қутбӣ ба оҳистагӣ ҳаракат мекунад. Суръати ҳаракати пиряхҳо дар як шабонарўз то даҳҳо метр буда, ҳаҷми онҳо чунон бузург аст, ки дар сатҳи замин изҳои амиқ боқӣ гузошта, шаклҳои хосси релйефи пиряхиро ташкил медиҳад.

Дар давраи яхбандии бузург пиряхҳо қисми зиёди Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Африқои Ҷанубӣ ва Осиёро пӯшонида буданд. Вақте, ки пирях ба уқёнус мефурояд, аз канораҳои он яхпораҳо канда шуда, айсбергҳо, яъне яхпораҳои шиноварро ба вуҷуд меоваранд.

АЙСБЕРГ ЧИСТ?

Айсберг ҷинси бузурги яхи шиноваре мебошад, ки аз сипарҳои яхии Арктика ва Антарктика ҷудо шудааст. Айбергҳо аз рўйи ҳаҷму шакл аз ҳам фарқ мекунанд, ҳаҷми баъзе айсбергҳои азим ба ҳаҷми мамлакатҳои хурд баробар аст. То 90 % ҳаҷми айсберг дар зери об ниҳон аст. Аз ин рў, айсбергҳо барои киштиҳои баҳрӣ хатарноканд, зеро хатари бархӯрдро бо онҳо на ҳамеша метавон дуруст муайян кард. Бузургтарин киштии мусофирбари ҷаҳон «Титаник» дар аввалин сафараш 14-апрели соли 1912 ба айсберг бархўрда, пас аз 2-соату 40-дақиқа ғарқ шуда буд.

ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон дорои пиряхҳои азим ва минтақаҳои яхбандии доимии иқлимаш монанд ба Антарктида мебошад (дар минтақаи Яшикўл сардии 69 С ба қайд гирифта шудааст). Масоҳати умумии пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 8000 км-ро ташкил медиҳад. Бузургтарин пиряхҳои кўҳии Тоҷикистон инҳоянд: Федченко, Аюҷилға, Хирсон, Девлохон, Витковский, Гармо, Ванҷ, Зарафшон, ки сарчашмаҳои асосии дарёҳои Тоҷикистон мебошанд.

ОЁ ПИРЯХИ «ФЕДЧЕНКО»- РО МЕДОНЕД?

«Федченко» бузургтарин пирях дар ҳудуди собиқ ИҶШС ва дарозтарин пиряхи ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ буда, дар қисми шимолу ғарбии Бадахшон воқеъ аст Он аз нишебии шимолии қаторкўҳи Язгулом ибтидо гирифта, то нишебии шарқии қаторкўҳи Академияи Фанҳо идома ёфтааст. Ин пирях муҳимтарин манбаи захираи обии Тоҷикистон буда, нуқтаи баландтаринаш 4200 м аст. Дарозиаш 77 км буда, бараш аз 1700 то 3100 м ва ғафсиаш 1000 м аст. Аз сабаби рў ба гармӣ овардани иқлим солҳои охир қисми миёнаи он нисбат ба солҳои пешин бо суръати баландтар ҳаракат мекунад ва сарфи оби он дар фасли тобистон ба 1000 м/с мерасад. Пиряхи мазкур ба шарафи олими рус Алексей Павлович Федченко, ки наботот, ҳайвонот ва пиряхҳои Тоҷикистонро таҳқиқ карда буд, номгузорӣ шудааст.

Аз китоби “Ҷуғрофия” (Донишнома).

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Ситора Расулова,
шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.