Бо бачаҳо. Ҳикоёте аз “Марзбоннома” барои бачаҳои хуб
Чанд сухан ба бачаҳо ва волидайн
Бачаҳои хубу гиромӣ!
Китобе, ки рўи даст гирифтаед, ҷилди дуюми силсилаи «Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб» аст ва нигорандааш Маҳдии Озарияздӣ (1922- 2009) мебошад. Нависанда дар ин ҷилд мунтахаби 21 қиссаи хубро аз китоби «Марзбоннома» овардааст. Қиссаҳо барои хонандаи тоҷик- яъне шумо содаву фаҳмо карда шудаанд.
«Марзбоннома» аз аввалин намунаҳои насри бадеии адабиёти форс-тоҷик аст. Асли китоб дар асри 10 аз тарафи яке аз шоҳзодагони Табаристон – Марзбони Бовандӣ ё марзбон ибни Рустам ибни Шервон ба лаҳҷаи мозандаронӣ таълиф шудааст. Дар асри 12 матни асар дар фосилаи 20 сол ду бор ба забони адабии дарӣ таҳрир гардид. Тарҷумаи якуми китоб бо унвони «Равзату-л-уқул» бо қалами Муҳаммадғозии Малтавӣ ном шахсе сурат гирифтааст. Тарҷумон ҳикояву бобҳои навро илова карда, ҳаҷми китобро тақрибан ду баробар афзудааст. Тарҷумаи дуввум ба қалами Саъдуддини Варовинӣ бо унвони аслии китоб айнан иҷро шудааст, ки матни он ду бор (Лейден, 1909, Теҳрон, 1948) ба табъ расид.
«Марзбоннома» асари панду ахлоқист ва ба услуби ҳикоят таълиф шуда, 9 бобро фаро мегирад ва ҳар боб дорои силсилаи ҳикоятҳои пандомўзи тамсилӣ мебошад. Забони «Марзбоннома» дар таҳрири Варовинӣ як дараҷа душвор гардида, вале аз ҳикмату зарбулмасалҳои халқӣ саршор аст.
Ин буд мухтасаре аз таърихи китоби «Марзбоннома», ки барои шумо донистани он хуб аст. Бачаҳои азиз! Қиссаҳоро хонда, мазмуну муҳтавои онҳоро ҳифз кунед. Бидонед, ки падару модар ганҷи бебаҳоянд ва ба панду насиҳатҳои онҳо гўш бидиҳед: бо одобу ахлоқ ва дониши хуби худ боиси сарфарозии онҳо гардед.
Волидайни азизу гиромӣ!
Ҳикоёту қиссаҳои пандомўзу ибратбахши ин китоб барои рушду ташаккули фарзандони шумо муфиду муассир аст.
Муҳаммад Ғаззолӣ басе накў фармуда:
«Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ў гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ўро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳар чӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».
Фарзанд, ки нахли умр ва ширинии ҳаёт аст, пас дар тарбияташ набояд сустию саҳлангорӣ кард. Барои тарбияти фарзанди солеҳ, пеш аз ҳама, таъмини фазои солими хонаводагӣ басо муҳимму муассир аст. Аз ин хотир, бояд барои тарбияти саҳеҳи фарзанд фазои солиму мусоидро фароҳам сохт. Дигар воситаи муҳимми рушду ташаккули фарзанд таълим буда, василаи асосии он китоб маҳсуб мешавад. Пас, лутфан, барои таъмини китоб бар фарзанди худ аз ҳеҷ кўшише дареғ надоред! Баъди оне ки фарзанд дастрасӣ ба китоб пайдо кард, лозим аст бо ў дар мутолиа ё баррасии тасвирҳо ва маълумоти як китоб шарик бошед. Бо ин амал шумо метавонед майлу рағбати китобхониро дар фарзандон ба вуҷуд оваред. Муваффақ гардидани фарзанд ва сохтани ояндаи ў ба шумо бастагӣ дорад.
Инак, яке аз ин ҳикоёт:
ДОНИШИ НОТАМОМ
Рўзе буду рўзгоре буд. Замоне яке аз донишмандон дарси ҳикмат мегуфту дар бораи адолат суханронӣ мекард ва дар зимни сухан барои равшан шудани матлаб достонҳову мисолҳо ёд мекард ва мегуфт:
– Ҳамон тавр ки дар баробари қонуни иҷтимоӣ ҳамаи мардум яксон ҳастанд, дар қонуни табиат ҳам ҳама чиз яксон аст ва вазну арзиши ҳар чизе дар ҷои худаш ба вазну арзишҳои чизи дигар якест. Шабу рўз ҳар ду аз ин ҷиҳат, ки андозаи вақту замонро маълум мекунанд, яксон ҳастанд ва сармою гармо ҳар кадом ба як андоза дар зиндагии инсон ба кор меоянд ва ҳар чизе вақте ба як андозаи муайяну маълум ба кор бурда шавад, судманд аст. Арзиши ҳар чизро бояд ба як андоза шинохт ва дар тамоми корҳо адолатро риоят бояд кард ва…
Иттифоқан, як ошпази бесаводу содадил дар миёни шунавандагон ҳозир буд, ки дар хонаи донишманд ошпазӣ мекард. Ў вақте ин суханро шунид, бо худ гуфт:
– Аз суханоне, ки устод мегўяд ҳама чиз бо ҳам баробар аст ва вазну андозаи ҳар чизе бояд яксон бошад.
Ва чун он рўз гуфта буданд, шўрбои зира бипазад, барои он ки мутобиқи ҳикмат ва сухани устод рафтор карда бошад, аз он чи дар пухтани шўрбо лозим буд аз гўшту нахўд, зира, намак, пиёз ва об, ҳамаро ба як вазни баробар дар дег рехт ва чун пухта шуд дар зарфе гирифту пеши устод бурд.
Устод гуфт:
– Ин чист, ки пухтаӣ.
Ошпаз гуфт:
– Ин шўрбои зира аст!
Устод гуфт:
– Охир ин чи шўрбо аст, ки об надорад, гўшташ хушк, бисёр шўр, тезу тунд ва бадбўю бадмазза аст, оё андозаи ҳар чизеро фаромўш кардаӣ?
Ошпаз гуфт:
– На, фаромўш накардаам, ман ҳамеша обро се баробари гўшт, намак ва пиёзро хеле кам мерехтам, вале имрўз мутобиқи дастури ҳакимонаи шумо хостам ҳикмату адолатро ба кор бурда бошам ва ҳамаро ба як андоза рехтам.
Устод гуфт:
– Эй, одами нодон, ман кай гуфтам ҳамаро ба як андозаи баробар бирез!
Ошпаз гуфт:
– Шумо дар суханронии имрўза гуфтед, ки вазну арзиши ҳар чизе ба ҷои худаш бо чизҳои дигар баробар аст ва дар ҳамаи корҳо адолату баробариро бояд риоя кард, ман ҳам ҳамин корро кардам!
Устод гуфт:
– Бале, ман инро гуфтам, ки «ҳар чизе ба ҷои худаш», аммо нагуфтам ҳамаи чизҳо дар ҳама ҷо бояд баробар бошанд. Мақсуди ман ин буд, ки масалан барои пухтани як хўроки шўрбо арзиши як коса об бо ду мисқол намак баробар аст ва агар ҳар чизе ба як андозаи маълум дар ҷои худаш ба кор бурда шавад, адолату баробарӣ барқарор мешавад.
Ошпаз гуфт:
– Оре, ман инро нафаҳмидам, ман чанд калимаи «адолат» ва «баробарӣ»- ро шунидам, ки гуфтед, арзиши ҳама чиз баробар аст.
Устод гуфт:
– Бале, ту ҳақиқати матлаби маро нафаҳмидӣ ва агар тамоми илмҳою ҳунарҳо ба ҳамин осонӣ ва бо шунидани чанд калима ҳосил мешуд, ҳамаи мардум донишманд буданд. Аммо ман аз ҳикмат сухан мегуфтаму ошпазро дастур намедодам ва натиҷаи дониши нотамому илми ноқис ҳамин шўрбост, ки мебинӣ.
Аз китоби Маҳдии Озаряздӣ “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб” (Аз Марзбоннома). Ҷилди 2. Душанбе, “Ирфон” 2024.
Хоннадагони азиз агар хоҳиш дошта бошанд, кулли ҷилдҳои китоби мазкурро метавонанд дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолиа кунанд.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон: