Бо ҳам бихонем. Радий Фиш: “Ҷалолиддини  Рўмӣ”

Ҷалолиддини  РўмӣИн китоби адиб ва донишманди маъруф аз силсилаи “Ҳаёти одамони наҷиб” чоп шудаву онро Назрулло Икром ва Ҷӯи Самарқандӣ тарҷума кардаанд. Китоб соли 2007 дар нашриёти “Адиб” нашр шудааст. Як нусха аз ин китоб дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд мавҷуд аст. Ҳамкорамон боберо барои муаррифии китоб рӯнавис кардааст, ки ҳоло бо ҳам мехонем.

БАЧАИ РӮИ БОМ

Дар дашту ҳомун, гирду атрофи шаҳри Балх қариби ғуруб хуршеди арғувонии зимистон ба муқобили боди сард қиём менамуд.

Ҷалолиддин болои боми хокпўш дастонашро ба остини фараҷи васеъ ва то буҷулаки пой дарозаш андохта, ду оринҷашро бо ду ка кафаш дошта, ба қофилаи одамон, ки мўрчаосо, ба қавли доноён, ду ҳазор сол ҳамчунин одадшуд доштаанд, назора менамуд. Шаҳри Балх борҳо бо дасти ғосибон ба хок яксон шуда, аз бун барканда гаштаааст, вале ҳоло чуноне буд, ҳамон тавр пуршўр, гуногунзабон ва боҳашамат қомат афрохтааст.

Ҳиндувон – кохи амир аз пушти бомҳои хокпўш, гармобаҳо, мадорису хонакаҳҳо, гумбазҳои мусалсал, ки чорсуҳо бурида мегузаштанд, боло, аммо манораи масҷиди ҷомеъ аз он низ болотар сар ба фалак кашида.

Корезҳо, ки аз наҳри Балхоб ғизоъ мегирифтаанд, оби ғализи мисранг доштанд ва миёни бўтонҳои сершоху барг даромада нопадид мегаштанду дубора дар назди бораи шаҳр пайдо шуда, дар ҷуйборҳо нағмахонон равон, замини сурххоки рустоҳои атрофро шодоб месохтанд.

Ҷуфти гузарҳои муҷовир то бораи шаҳр ба чашм аён буд. Дўкондорон дўконҳояшонро мебастанд. Мўҳтасиб, ки ўро асас мурофиқат менамуд, аз растае ба дигараш гузашта, муроқиба мекард, ки тиҷорат мувофиқи фармудаи пайғамбар ҳаст, ё на. Дар кўраи камонсозон оташ аланга мезад, дар растаҳои мисгарон, заргарон танини маъдан фурў менишаст, дар маҳаллоти аробою гаҳвораю сандуқсозон гурсгурси путкҳо хомӯш мегашт. Аз кўчаи дурдаст ва камодам  садои суми аспони сипоҳиёни турк, ки посбонони ҳафт дарвозаи шаҳрро иваз мекарданд, ба гўш мерасид.

Бача дар болои бом аз сармо ба худ печида ва пушт ба бод гардонд.

Бурҷи аз хишти хом бардоштаи дарвозаи Навбаҳор дар шафақи офтоби мағриб гулханосо медурахшид: чуноне  имрўз  падари ў дар масҷиди ҷомеъ бащорат дод, мебоист ҳамин дарвозаҳо зарбаи нахустро дучор мегаштанд.

Ҳафтаҳое, аз бозе ки манзили падар ва боғу токзорони маҳри модар ба байъ монда шуд, мудом издиҳом ва ҳавлӣ даробаро мекарданд. Насибахонум, дояи падар, дар ҳавлии дарун, азбаски қиблагоҳ наҳвагариро қатъан манъ намуд, сиришкашро хомўшона фурў хўрда, гилему бурёҳо, болишту саҷҷодаҳоро рахт мебаст, лаълиҳои биринҷӣ, тос, кўза ва шамъдонҳоро сомон менамуд . Толибилмон ва муридони падар бо бозоргонон харидуфўруш менамуданд, сорбонону қофилаҳоро киро мекарданд.Авзоъ пурташвиш буд-такудави зиёд ва дар ҳамчунин вақт фаши сайидон, ки худро аз авлоди пайғамбар метаршанд, боли чўҷабараквор сабз ҷило медоданд. Сайидбурҳониддин, халифаи падар, марди аспрўй, болобаланд ва лоғар, ки барҳақ ба парандаи  лошахўре монанд буд, вақте кутуби осмониро қироат мекард, ё худ оёт тиловат менамуд, андарзи падарашро мешунид, ё фарзандонашро таълим медод,- ҳамаи ин корҳоро бо ҷидду ҷаҳди тамом  ба сомон мерасонд.

Қиблагоҳ худ ба китобҳоро сара мекард: маҷмўи ҳадисҳо аз сират ва кирдори пайғамбар, муҷалладоти осори фуқаҳо, девони Мутанаббӣ, Саноӣ, Аттор ва расоили алломаҳо Ғазолию ал- Хоразмӣ, ки бо хати настаълиқ, бо дасти хаттотони Балх –умулмадоини Хуросон, Ҳирот, Хоразм, Самарқанду Нишопур, Табрезу Димишқ Наҷаф, алқисса дар кулли олами тамаддуни муслимин тансих гаштаанд. Фарҳанги дар ҷилдҳои чарму чўб ва заринмуқоваҳо фароҳам омада, ки ба чандин насли воизон ва уламои Балх тааллуқ даштанд ва аз авлод ба авлоде ирс мондааст, аз рафидаи кафи дасти дорчинранги ў мегузошт.

Аввал зери маҷнунбеди лаби  сардоба китобҳоро ба пўсти хом мепечонданд, ки аз селобаҳои кўҳсор, агар пеш оянд, гузаштан аз рутубат ва ё гармсери биёбонҳо авроқаш осеб набинад. Бўғчаҳои чоргўшаи китобҳои ба сони дарзаҳои пахта, вале чор баробар аз он сангинтар, даҳ уштурро бор буд, бо вуҷуди ин падар китоб сара мекард.

Ҷалолиддин бо бародар аз дунболи Сайид  меомаданд ва диданд, ки дар пеши падар китобе боз ва он китоб ба лавҳ гузаштаю бузургвор мар онро гўё мусфаҳ бошад, саҷда овардааст,  варақҳоро бо эҳтирому навозишкорона саҳфа мезанад, лабонаш  оҳиста меҷунбанд, ҳамчунон сарашро авлонҷ медиҳаду чашмонаш ба девор дўхта шуда.

Сайидбурҳониддин бидуни камол пирашро идрок менамуд, ё ки ҳамаи суханон замоне гуфта шуда буданд, чунки дер боз дар ҳуҷраи ў лўлақоғази мўҳрзада – иҷоза маҳфуз буд.

Иҷоза гувоҳи буд, ки худовандаш ҷамеъи талқиноти устодашро азбар намуда ва аз ин оин ба ҳар кор тавоност, равост ҳақиқатро ба дигарон тафсир намояд. Вай аз дур, аз рўи хати комилҳусни настаълиқ, ки бо давоти қатрон ва дар таги баъзе калимот марҷонвор нуқот гузошта, яъне он калимот маънои воло доранд ва мардонро эҳтироми хоса зиҳир гардад, китобро шинохт. Он тафсири оёти пурэъҷози Қуръон буд, ки бо хомаи Наҷмиддини Кубро, мулаққаб ба Шайхи Валитарош тааллуқ дошт.

Замоне ин пирамарди боҳашамат, ки кунун дар ҳузури лавҳ саҷда задаааст, Наҷмиддини Куброро дар Хоразм зиёрат намуд, хоки остонашро бўсид ва ўро мурид гашта ,дер напоид, ки ба лўлақоғазе, ки худ ба Сайид тақдим намудааст, мушарраф гардад. Ҳоло ў аз пираш садҳо фарсах дур буд ва пеши суханони вай рўи ниёз  оварда, ғойибона бо ў падруд мегуфт, зоҳиран маъзарат мепурсид, чунки медонист, чуноне ў кунун иқдом кардааст, ки зодгоҳашро тарк кунад, ин амалро шайх ҳаргиз нахоҳад кард. Дили Сайид ба устодаш Баҳовиддин Валади пир аз тараҳҳум заъф зад.

Ҷалолиддин дар овони охир ҳолати сурури музтариболударо аз сар мегузаронд, ки ба риҳлати дурудароз мебарояд, мамолики ноошно, шаҳр ва салтанатҳоро мебинад, аз ҳамин хотир саҷдаи падар, ки бо ҷуз ба парвардигор, ба касею чизе сар фуруд намеовард, ба дилаш коргар нашуд.

Ҳанўз писари дувоздаҳсола талхии ғурбатро начашида буд.

Алҳол танҳо дар болои боми падар истода шаҳри ба шафақи мағриб гулханосо ғарқро медид ва дар дилаш андўҳи сўзони ноошное нуфуз менамуд.

Аз манори масҷиди ҷомеъа боз садои азони падарро, ки аз ғазаб ғулғула меандохт, шунид:

– Ё аюҳалқозии Вахш, эй осиён, ки аз асари Фахриддини Розӣ гумроҳ шудаед! Аё Хоразмшоҳ Муҳаммад! Ба самъатон расад, ки шуморо ҷаҳолати ин олами фонӣ ба ғафлат андохтааст. Равони худкомӣ шуморо ба доми бепарвоию носипосӣ мубтало гардондааст. Ғафлат мабдаи аъмоли шарр аст. Бубин, сарчашмаи ҷаҳолат, ки хирадҳоро тира гардондаст, сароб аст ва ҳавою ҳаваси сўфиён дар куҷо! Шумо бехирадед ва аз ҳамин иллат дар мулки шумо худкомӣ мутлақ шудааст. Оварданд, ки андар мулки худкомҳо шайтони раҷим маъво гирифтааст.

Падар дар аснои салоти одина чунин ваъид дод. Издиҳом аз таҳдиди фақеҳи шаҳр ба даҳшат омада, сар фуруд овард ва ёрои чашм бардоштан надошт. Қозии шаҳрро, ки аз номи шариат амру наҳй мекунад, ҳамчунин Розиро бидъаткор хондан! Гузашта аз он худи Хоразмшоҳро, ки пуриқтидортарин шоҳи мусулмонон ба ҳисоб мерафт, бо онҳо дар як радиф гузоштан. На ҳар як фарде ба чунин амр иқдом менамояд!

Таҳияи Рисолат ШЕРАЛИЕВА,
шуъбаи хизматрасонӣ ба
шахсони имконияташон маҳдуд.