Китоби нав. “Механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон”

Ин китоб аз ҷониби зумрае аз мутахассисони соҳаи ҳуқуқ навишта шуда, барои  донишҷўён ва  омўзгорони  донишгоҳу  донишкадаҳое,  ки  ихтисоси  ҳуқуқшинос  омода  мекунанд, пажўҳишгарон,  кормандони  мақомоти  ҳифзи  ҳуқук  ва  доираи  васеъи  хонандагон, ки  ба  равишҳои  ҳимояи ҳуқуқи инсон  мароқ  доранд,  тавсия  шудааст.

Китоби  дарсӣ  мутобиқ  ба  стандарти  давлатии  маориф  оид  ба  ихтисоси  Ҳуқуқшинос  омода  шудааст. Дар  китоби   дарсӣ масъалаҳои  нисбатан  муҳими  марбут  ба  ҳимояи  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон   ва  шаҳрванд,  инчуни  принсип  ва  меъёрҳои  муосири  байналмилалӣ,  ки  ба  масалаҳои  ҳимояи  ҳуқуқи  инсон  алоқаманд  мебошанд,  ҳамзамон  механизмҳои  миллӣ  ва  байналмилалии  ҳимояи  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон  мавриди  баррасӣ  қарор  гирифтааст.

Дар сарсухан аз ҷумла омадааст, ки баъд аз ба  даст  овардани  Истиқлоли  давлатӣ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба  масъалаи  рушди  илмҳои  ҳуқуқшиносӣ таваҷҷуҳи  хоса равона  шуд,  хусусан   ҳимояи  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон ва  шаҳрванд, ки  дар  Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  таври  мушаххас   инъикос  ёфтаанд,  аҳмияти  аввалиндараҷаро  касб  намудаанд.

Яке  аз  дастовардҳои  муҳим  дар  32  соли  даврони  Истиқлол-  ин ташаккули  пойгоҳи  ҳуқуқии  таъмини ҳуқуқу  озодиҳои  аҳолӣ  буда,  дар  ин  замина  даҳҳо  санадҳои  меъёрии  ҳуқуқӣ таҳия  ва ба  тавсиб расидаанд, ки  мақсадашон  ҳимояи манфиатҳои  ҷомеаи  шаҳрвандӣ мебошад.

Маҷмуи  санадҳои  меъёрии  мавҷуда  дар  соҳаи  ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд  барои  ташаккулёбии  дониши  ҳуқукӣ  ва  тахассусии  кормандони  сохторҳои  қудратӣ,  ки  фаъолияти  ихтисосмандонаи  онҳо  шарти  зарурии  татбиқи  қонунгузорӣ  ба  ҳисоб  меравад, аҳмияти  хоса  дорад.

Омўзиш  ва  дар  доираи  санадҳои  меъёрии  амалкунанда  фаъолият  намудан, дарки  амиқ  ва  фаҳмиши  воқеии  ҳуқуқҳои  шаҳрвандон,  бахусус  табақаҳои  осебпазири  аҳолӣ,  ки  ҳуқуқҳояшон  аз  ҷониби  шахсони  алоҳида  ва  намояндаи  ҳокимияти  давлатӣ  поймол  гаштааст, омили  муҳими  таъмини  кафолатҳои  давлатӣ  ва  тамини  дастрасии  онҳо ба механизимҳои  ҳимояи  ҳуқуқи инсон  буда, ба  самаранокии фаъолияти давлатӣ  мусоидат  хоҳанд  кард.

Китоби “Механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон” –ро хонандагони азиз метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Фарзона  Шарифова,
мутахассиси  шуъбаи
мукаммалгардонии  фонд