«Бонувони Тоҷикистон» дар шумораи наваш чӣ навишт?
Шумораи навбатии маҷаллаи Муассисаи давлатии “Бонувони Тоҷикистон” дар моҳи апрел бо теъдоди 15200 адад нашр шуд. Маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” аз нашрияҳои дӯстдоштаи бонувони кишвар аст, ки аз рӯзгору кори бонувони комёб ва шоиста қисса мекунад.
Шумораи моҳи апрели маҷалла аз пайвастшавии марзҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, рисолату масъулияти бонувон, фаъолияти як бонуи бонкдори ноҳияи Нуробод, андешаҳои муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзуи бонувони эҷодгар, мусоҳиба бо дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Зулфия Қодирова, оид ба зиндагиву эҷоди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майсара Дилдорова, фаъолияти табиби меҳрубон аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва деҳқонзане аз ноҳияи Ёвон ҳикоят мекунад.
Ҳамчунин маҷалла чанд саҳифаашро ба бонувони ноҳияҳои Ёвон, Дарвоз, Файзобод, Нуробод, 101-солагии шаҳри Душанбе, тарзи таҳияи ғизоҳои баҳорӣ ва миллӣ, инчунин парвариши пӯсти чеҳра дар фасли баҳор ихтисос додааст.
Маводҳое ҳам доир ба зиндагии омӯзгоре аз шаҳри Исфара Ҳакимабону Атохонзода, фарҳангии иқтисодии занон, суҳбате бо Малоҳат Бойназарова атрофи маърифати тибии аҳолӣ пешкаши хонанда гардидаанд.
“Бонувони Тоҷикистон” ин навбат аз рӯзгору кори Наргис Валиева, корманди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон навишт, ки Китобхонаи миллӣ аз ин ҳамкориву таваҷуҳи маҷалла изҳори миннатдорӣ менамояд.
“Бонувони Тоҷикистон” дар шумораи моҳи апрел маҷалла 2 бонуи китобдор: яке корманди Китобхонаи миллӣ ва дигаре корманди Китобхонаи марказии ноҳияи Ёвонро ба хонандагонаш муаррифӣ намуда аст.
“Тарбиятгар” унвони дигар аз маводҳои нашри моҳи апрелии маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” аст, ки чеҳраи як бонуи роҳбар-директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №75-и ноҳияи Ёвон Дилафрӯз Бобоҷониёнро мекушояд.
Рӯзгору корномаҳои Тоҷинисо Шарифова – директори Почтаи ноҳияи Ёвон низ сутуданиву ибратомӯз аст, ки саҳифаҳои маҷалларо оро додааст.
Аз форуми “Наврӯз-ҷашни ҳамгироии бонувон”, ки 1-уми апрели соли 2025 дар доираи ташрифи сарвари давлат ба шаҳри Хуҷанд доир гашт, низ гузорише таҳия шудааст. Суҳбати чанде аз меҳмонони Форум низ ба нашр расидааст.
Гуфтан бамаврид аст, ки Муассисаи давлатии маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”бо Китобхонаи миллӣ ҳамкориҳои пайваставу судманд дошта, нусхаҳои ҳатмии маҷалла сари вақт ба Китобхона дастрас мешаванд. Барои мисол ҳамаи шумораҳои нашршудаи маҷалла то моҳи апрели соли 2025 ба Китобхонаворид гаштаанд. Гузашта аз ин Китобхонаи миллӣ ба ин маҷаллаи пурнуфузи кишвар, ки муассисаш сарвари давлат аст, обуна мебошад.
Маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” пас аз вуруд ба Китобхона ба шуъбаи библиографияи миллии Муассиса интиқол меёбад ва сабти ном мешавад.
Сипас кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ мақолаҳои маҷалларо тасвири библиографӣ мекунанд.
Мавод ва сарчашмаҳои онро навишта дар картетака ҷобаҷогузорӣ менамоянд. Истифодабарандагони китобхона сарчашмаро аз картатека пайдо намуда маҷалларо аз шуъбаи матбуоти даврӣ дарстрас ва мутолиа месозанд.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.