Боздиди беш аз сад нафар афсарону сарбозони ниҳодҳои қудратии кишвар аз Китобхонаи миллӣ

сеюм-афсарон 30-уми майи соли равон  бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  аз Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 нафар афсарону сарбозон бо мақсади шиносоии наздик аз хидматрасониҳо ва имкониятҳои Китобхонаи миллӣ ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд.

Сарбозону афсарон  аввал аз толори кӯдакон ва наврасон дидан намуданд. Пас аз он, дигар толорҳои Китобхонаи миллӣ аз ҷумла, толори хониши электронӣ, толори хониш, толори феҳристҳо, толори адабиёти хориҷиро тамошо карданд.

Диққати бештари онҳоро Мусаввараи таърихӣ, ки дар ошёнаи сеюм, дар рӯ ба рӯи дари даромад ҷой гирифтааст, ҷалб намуд.

Мусаввара маҳсули дасти наққоши шинохтаи кишвар Сабзалӣ Шариф аст, ки таърихи панҷ ҳазорсолаи мардуми тоҷикро фаро мегирад. Мусаввир ин мусаввараро муддати 20 соли фаъолияташ ба риштаи тасвир кашида, ба Китобхонаи миллӣ тақдим намудааст ва имрӯз он як рамзи ифтихории Китобхона маҳсуб меёбад.

дуюм-афсаронСипас, сарбозону афсарон аз толори китобҳои тозанашри даврони истиқлолият дидан намуданд. Гуфтанист, ки дар ин толор зиёда аз 850 нусха адабиёти нав ба намоиш гузошта шудааст.

Намоишгоҳ аз 3 қисмат иборат мебошад. Дар қисмати аввал адабиёт дар бораи муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон, фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин адабиёт доир ба соҳаҳои ҳуқуқ, сохтмон, энергетика ба намоиш гузошта шудаанд.

Қисмати дуюми намоишгоҳро китобҳо оид ба илму маориф ва ҷашни Наврузи байналмилалӣ  оро ва зеб додаанд.

Қисмати сеюми толори намоишгоҳи китоб бошад аз ҳама васеъ буда, адабиёт доир ба соҳаҳо ва мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла, дар бораи таърихи давлатдории тоҷикон, забону адабиёт, осори баргузидаи шоирони классику муосир, корнамоиҳои қаҳрамони халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, санъату фарҳанг, фалсафа ва дин ба намоиш гузошта  шудааст.

дуюм-афсаронДар хотима дар яке аз толорҳои барҳавои Китобхонаи миллӣ миёни афсарону сарбозон ва роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.

Абдуғаюр Саломов