Боздиди мудири кулли Шабакаи ҷаҳонии дипломатияи мардумӣ аз Китобхонаи миллӣ
Рӯзи 6 – уми июни соли равон мудири кулли Шабакаи ҷаҳонии дипломатияи мардумӣ Дарвеш Аҳмад ал-Шибонӣ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал овард.
Дарвеш Аҳмад ал-Шибониро Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол дар толори пазироӣ ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо атрофи тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои муҳити зист, пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳалли мушкилоти марбут ба ин қазияи глобалӣ суҳбат намуданд.
Баъдан, ҷаноби Дарвеш Аҳмад ал-Шибонӣ аз мусаввараи таърихӣ, осорхонаи китоб ва толори намоиши китоб дидан намуд.
Ёдовар мешавем, ки мудири кулли Шабакаи ҷаҳонии дипломатияи мардумӣ Дарвеш Аҳмад ал-Шибонӣ дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», ки дар шаҳри Душанбе мегузарад, ҳузур дорад.
Фарзонаи Мирзо