Боздиди сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Китобхонаи миллӣ
Субҳи имрӯз сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммадтақӣ Собирӣ бо коршиноси бахши фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мўҳсин Фараҳбар инчунин, намоянда аз Вазорати корҳои хориҷӣ Салими Хатлонӣ ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварданд.
Тибқи барномаи пазироӣ меҳмонон сараввал аз мусаввари таърихӣ, Осорхонаи китоб, толори китобҳои тозанашр ва гўшаи китоби Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар толори шуъбаи адабиёти хориҷӣ ҷой гирифтааст, дидан карданд.
Баъдан, мулоқоти сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммадтақӣ Собирӣ бо Директори Китобхонаи миллӣ профессор Файзализода Ҷумахон Хол сурат гирифт.
Сараввал ҷонибҳо аз таърихи ғанӣ доштани ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон риштаи суханро оғоз карда, атрофи муносибатҳои дуҷониба, фаъолияти китобу китобдорӣ суҳбат намуданд.
Ҷаноби Сафир зикр намуд, “Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин шуда Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Маврид ба ёдоварист, ки баъд аз Истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин шуда, Сафорати худро дар ин кишвар таъсис дод”.
Зимни вохўрӣ ҷонибҳо атрофи ба имзо расидани лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози назар намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷаноби Сафир ду китоб ба фонди Китобхонаи миллӣ тақдим намуд. Ҳамчунин, Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол барои густариши ҳамкориҳои судманд миёни китобхонаҳои ду кишвар ҷаноби Сафирро бо тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.
Фарзонаи Мирзо.