Боздиди сайёҳони олмонӣ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон

 29 августи соли равон як гурўҳ сайёҳон аз Ҷумҳурии Олмон  ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Сайёҳонро дар шуъбаи адабиёти хориҷӣ сардори шуъба Ғафуров Маҳмадназар пешвоз гирифт.

Номбурда ба меҳмонон доир ба фаъолияти шуъба ва ҳамкориҳои дуҷонибаи он бо кишварҳои ИДМ ва хориҷӣ кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Сипас, сайёҳони Ҷумҳурии Олмон аз намоиши китоби 18 кишвари ҷаҳон, ки дар шуъба ба намоиш гузошта шудааст, дидан намудаанд. Ба сайёҳон шиносоӣ аз шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти нек гузошт.

Валиев Ҷамил – шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон.