Чаро равоншинос будан ё донистани равоншиносӣ хеле муҳим аст?
Мутаассифона, ба масъалаи ташаккули илми психология таваҷҷуҳ нисбатан маҳдуд ба назар мерасад. Зеро дар ин самт на санадҳои ҳуқуқии алоҳида ва стратегия, консепсия ва барномаҳои ҷудогона таҳия ва қабул нашудаанд. Маврид ба зикр аст, ки мавҷуд набудани санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ дар самти психология, маънои онро надорад, ки илми психология дар кишвар ташаккул наёфта истодааст. Олимону донишмандон ва муҳақиқони соҳаи мазкур тамоми саъю талоши худро равона карда истодаанд, ки пахлуҳои алоҳидаи масъалаҳои психологиро тахқиқ намуда, натиҷаи онро пешкаши мардум намоянд.
Маҳмадёр Раҷабзода, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар як сарсухан ба китоби “Ташаккули илми равоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ахиран интишор ёфтааст, дар бораи вазъи имрӯзаи рушди илми равоншиносӣ чунин изҳори назар мекунанд.
ИНАК, ОН САРСУХАН:
Психология (равоншиносӣ) – илм дар бораи рӯҳу равони шахс мебошад. Аммо, онро дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ чун «атмосфера» гуфтан мумкин аст. Ҳаёти хеҷ як шахсро бе психология тасаввур карда намешавад. Ҳамарӯза, новобаста аз он, ки мо дар кадом мавқеъ, дар кадом соҳа фаъолият дорем, хоҳу нохоҳ фаъолияти мо ба психология вобастагӣ дорад. Ҳар як муносибат, тарзи фикронӣ, суханронӣ, тасаввурот, ҳиссиётҳо, эмотсия ва рафторҳои мо предмети омӯзиши соҳаи психология мебошад. Дар кишварҳои хориҷӣ ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Кариб дар ҳама муассисаҳо воҳиди кории психолог- машваратчӣ фаъолият карда, ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди корӣ, аз ҷумла муайян кардани гурӯҳҳои хурд дар колектив, ташкили муносибати солими байнишахсӣ, баланд бардоштани рӯҳияи коллектив, баланд бардоштани дараҷаи худбоварӣ ва худбаҳодиҳии кормандону роҳбарияти муассиса, шинохти қобилияти онҳо, муайян кардани стратегияи дурнамои рушди муассиса, ташкили механизми дурусти ҳавасмандгардонии моддӣ ва ғайримоддӣ ва монанди онҳо мусоидат менамоянд. Маҳз ҷанбаҳои мазкур нақши психология ва псилологро дар ҳаёти ҷомеа ва фаъолияти инсонхо инъикос менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълони истиқлоли давлатӣ аксарияти соҳаҳо марҳила ба марҳила рушд ёфтаанд. Дар ин миён илми психологияи ватанӣ низ то андозае рӯ ба ташаккул ниҳодааст. Дар 32 соли истиқлоли давлатӣ маводи зиёди илмӣ дар самти мазкур тахия ва нашр шуда, чандин мухақиқони соҳа паҳлуҳои алоҳидаи масъалаҳои психологиро дар шӯроҳои дссертатсионӣ химоя намудаанд. Новобаста аз ин, дар кишвари мо ташаккули соҳаи мазкур ҳанӯз ҳам қонеъкунанда намебошад. Зеро то кунун олимони соҳа нисбатан кам буда, бисёре аз адабиётҳои таълимии он ҳанӯз ба забони тоҷикӣ таҳия ва нашр нашудаанд. Инчуни аксари масъалаҳои психологӣ то кунун аз нигохи илмию амалӣ мавриди таҳқиқоти маҷмуии илмӣ қарор нагирифтаанд. Бинобар ин, олимону муҳақиқон ва омӯзгорони соҳаи психологияро мебояд, ки дар самтьи мазкур таҳқиқотро васеъ намуда, масъалаҳои рӯзмарраи психологии аҳолиро матраҳ сохта манзури мардум гардонанд.
Бояд қайд намуд, ки бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи илмию амлӣ ба дастоврдҳои зиёд ноил гардидааст. Аммо, мутаассифона, ба масъалаи ташаккули илми психология таваҷҷуҳ нисбатан маҳдуд ба назар мерасад. Зеро дар ин самт на санадҳои ҳуқуқии алоҳида ва стратегия, консепсия ва барномаҳои ҷудогона таҳия ва қабул нашудаанд. Маврид ба зикр аст, ки мавҷуд набудани санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ дар самти психология, маънои онро надорад, ки илми психология дар кишвар ташаккул наёфта истодааст. Олимону донишмандон ва муҳақиқони соҳаи мазкур тамоми саъю талоши худро равона карда истодаанд, ки пахлуҳои алоҳидаи масъалаҳои психологиро тахқиқ намуда, натиҷаи онро пешкаши мардум намоянд. Ин аст, ки солҳои охир нашри адабиёти соҳаи мазкур бо забони тоҷикӣ хеле зиёд мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки бо ташаббуси сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон Шӯроҳои диссертатсионии миллӣ ташкил карда шудаанд, ки дар миёни онҳо шӯроҳо аз руйӣ соҳаи психология низ ба назар мерасад. Ин имконият медиҳад, ки сафи олимони соҳаи мазкур афзуда, дар ташаккули соҳаи психологияи ватанӣ нақши калон гузоранд.
Кафедраи психологияи факултети педагогика ва варзиши Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҳарчанд навтаъсис ҳам бошад, вале ҷиҳати рушди илми психологияи ватанӣ тамоми саъю талоши худро ровона сохта истодааст. Баҳри муттаҳиди намудани олимону донишмандон ва муҳақикони соҳаи психология ва саҳмгузорӣ намудан дар ташаккул ва инкишофи он Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар пояи кафедраи психология конфренсияи Ҷумҳуриявии илмию амалиро зери унвони «Ташаккули кули илми равоншиносӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон» ба нақша гирифта, санаи 22-юми ноябри соли 2023 баргузор намуд…
Хоннадагони азиз китоби “Ташаккули илми равоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Фарзона ШАРИФОВА,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.