Чатр дар рўи баргҳо
Таҳти ҳамин унвон маҳфили навбатии “Дастони моҳир” бахшида ба тирамоҳи заррин бо ибтикори шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бо иштироки хонандагони фаъоли шуъба баргузор гардид.
Нахуст муаллима оид ба фасли тирамоҳ ва вижагиҳои он бо хонандагон суҳбат орост. Сипас муаллима бо хонандагон оид ба мавзўъ суолу ҷавоб намуд. Хонандагон дар васфи тирамоҳ шеърҳо қироат намуданд ва оид ба меваю сабзавот чистонҳо гуфтанд.
Дар қисми дуюми маҳфил хонандагон бо истифода аз маводи конселярӣ “Чатр дар рӯи барг”-ҳоро сохтанд.
Фирўза Раҳимова.