ЧУН БАҲОР ОМАДУ РАФТ!

Моҳи июни соли 2021 ба хотираи неки устоди зиндаёд доктори илмҳои физика ва математика, профессор Темур Собиров яке аз хешовандони эшон Масъуд Собиров (номзади илмҳои физикаю математика, ходими пешбари илмии Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) китобхонаи шахсии марҳумро барои истифодаи  умум ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» туҳфа кард. Айни замон дар «Толори академикон ва докторони илм»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи китобҳои ў ташкил карда шудааст, ки наздики 400 нусха адабиёти соҳаҳои гуногуни илмро (ба забони русӣ) дар бар мегирад.   

Темур Собиров 03.04.1940 дар деҳаи Сўфиёни ноҳияи Ваҳдат ба дунё омадааст. Соли 1961 факултаи физика ва математикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистоно) – ро хатм намуда, дар шуъбаи физикаю математикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба сифати ходими хурди илмӣ кор кардааст.

Солҳои 1964-1967 аспиранти Университети давлатии Воронеж, 1968-1975 муаллими калон, дотсенти кафедраи алгебра ва геометрияи Институти давлатии педагогии Воронеж, аз 1975 то поёни умр мудири ҳамин кафедра буд.

Дар самти назарияи бифуркатсияи ҳолҳои даврӣ ва қариб даврии муодилаҳои дифференсиалии ғайрихаттӣ корҳои шоён ба сомон расондааст, барои ҳолати мураккаби таназзули дараҷаи баланди як қатор синфҳои муодилаҳои номбаршуда натиҷаи ниҳоӣ ба даст овард.

Масъалаи давомнокии ҳалли қариб даврӣ (дар ҳоле, ки муодилаи мувофиқи хаттӣ дорои оператори регулярист) бо талошаш ҳамаҷониба тасдиқ гардид. Самтҳои илмии муайянкардаашро пайравону шогирдони ин олими фавқулоддаи боистеъдоди тоҷик давом доданд, чун марги муфоҷо ўро дар 37 солагӣ (23.06.1977) рабуд.

Осор:

К вопросу об устойчивости малых периодических решений, рождающихся из состояния равновесия. – Воронеж, 1966; Исследование по теории рождения малых периодических решений из состояния равновесия в нелинейных системах дифференциальных уравнений. – М., 1981.

Адабиёт: Имомназаров Б. Ёдкарди Темури Собир. – Д., 1990.

Ёди некаш гиромӣ ва руҳу равонаш шоду манзили охираташ обод бошад!

Темур Собиров бародари Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир буда, дар чанд шеъраш аз ӯ ёд кардааст. Яке аз он шеърҳо ин аст:

ТАҚ-ТАҚИ БӮРУ ТАХТА

(Ба хотираи бародари ҷавонмаргам, доктори матматика Темур Собиров)

Дар поси шаби гузашта нохост,

Ман тақ-тақи тахтаро шунидам.

Бо тақ-тақи бӯру тахта дидам,

Дар хоби шабам бародарамро,

Дар тахта ҳисоб мебаровард…

Рӯзе, ки набуд, мабод он рӯз,

Аз мӯи сараш сафед як тор.

Дар хок супурдамаш, валекин

Акнун нигарам сараш сафед аст…

Бо тақ-тақи бӯру тахта аз хоб,

Бедор шудам, гириста бедор.

Бибираъно Ҷӯраева, Сардори шуъбаи

нигоҳдории рисолаҳои илмӣ.