Чӣ гуна китобхон шудам?

Иттифоқан, дар шумори аълочиёни мактаб будам, вале ба ёд надорам, ки кӯшиши зиёд барои аълохон шудан карда бошам, гоҳ-гоҳ баъзе китобҳои дарсиро дар хона аз назар мегузарондам. Дар оила ҳам касе аз рафти дарсхониям хабар надошт, яъне роҳнамоиям намекард. Фақат як бор хоҳарзодаи падарам, ки чанд сол калонтар аз ман буд, ба падарам таърифкунон аз пешсаф буданам ҳикоят кард ва падарам ҳамаи насиҳатҳояшро дар як ҷумла хулоса карда гуфт: “Хонад, барои худаш одам мешавад”.

Ва аммо, ҳамон андоза, ки пешсафи синф будам, дар майдони буҷулбозӣ ҳам, яккатоз будам ва дар фосилаи синфҳои 3-4 аз ин “варзиш”-и пуршавқу шур дил кандан натавонистам, ва танҳо чизе, ки берун аз барномаи мактаб мехондам, рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” буд, ки хушбахтона ба он каму беш дил бастам, ва аҷиб буд, ки ҳар гоҳ ба дастам мерасид, як ҷумла намонда, аз аввал то охир мехондам, ба овоз, на гунг. Ба овоз хондан хеле беҳтар аз хомушхони (гунгхони) аст, зеро нутқро бурро ва расо мекунад; инро солҳо баъд, дар донишгоҳ фаҳмидам.

Комсомол ки шудам, айни ҳамин корро бо рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” идома додам, ва акнун ки умре аз банда гузаштааст, бо боварӣ метавонам бигуям, ки “октябрӣ”-ю “пионер”-у “комсомол” маҳсули фикри одамони басе дурандеш будааст. Яъне мақсади ин мардони донишманд, ташаккули шаҳрванди ҳушёру бедор ва ватанпарасти ростин будааст, ки пирузӣ бар фашизми Олмон, он ҳам дар хунинтарин ҷанг дар таърихи башар, гувоҳи равшани ин гуфта аст.

Бо арзи маъзарат аз хонанда, мавзуи китобхониро думбола мегирем.

Аввалҳои синфи панҷум буд, ки рӯзе роҳбари пешоҳангон ману чанд тани дигар аз шогирдонро  баъди дарс ба китобхонаи мактаб, ки 200 метр дуртар буд, бурду гуфт, ин китобҳоро барои шумо овардаанд, ки хонед. Дидем, ки як хонаи калон аз фарш то сақф пури китоб аст. Аввалин чизе, ки ба назарам расид, номи Устод Садриддин Айнӣ буд. Бо иҷозати китобдор он қатори китобро аз назар гузарондам, ки ҳамагӣ асарҳои вай буд. “Ятим”-у “Дохунда”-ро интихоб кардам. Пас аз 4-5 руз “Марги судхур”-ро гирифтам. Хулоса, ончунон шефтаи сухани ин Устоди бузург шудам, ки дар андак муддат ҳарчи бо номи ӯ буд, ҳамаро муштоқона мехондам ва бисёр лаззат мебурдам. Ҳамин руйдоди бисёр бузург  дар зиндагии шахсиям буд, ки ҳавову ҳаваси буҷулбозиро ба якборагӣ ва барои ҳамеша аз сарам дур кард.

Даҳҳо асари дигар аз адабиёти тоҷик ва халқҳои дигар ҳам мутолиа шуд ва навбати осори манзум низ расид.

Зикри як саргузаштамро низ лозим медонам ва он ин, ки дар синфи 8 мехондам, ки рағбати хондани “Марги судхӯр” ва “Ёддоштҳо”-и домулло Айнӣ домангирам шуд ва азм кардам ин ду китоби нафисро аз сари нав хонам.

Дар ин ҳангом (аз синфи 6 сар карда) колхозчӣ ҳам шудам ва реҷаи кори рӯзонаам тағйир ёфта буд, чун субҳгоҳонро то нисфи рӯз дар мактаб мегузарондам, баъдаш ба пахтазор мерафтам; каме аз рӯз монда, ба майдони футбол мерафтам ва аввали шаб ба хона меомадам. Бовар карданӣ нест, ки баъди ин ҳама таку дав, одам вақту хоҳиши китобхонӣ (ҳатто китоби бадеӣ) дошта бошад. Вале, чи чора, ки дилбастагӣ ба “Марги судхур” ва “Ёддоштҳо” хобро аз чашмам рабуда буд ва бо ду-се соат хоб қаноат мекардам.

Рӯзе худораҳматии модарандарам, ки барои намози бомдод хеста буд, чароғи хонаи маро равшан ва маро дар сари китоб дида, ғурғ-ғуркунон мегуфт: “Мегуӣ сағира барои ман домулло мешавад, ки рӯзу шаб китоб мехонад!”. Вале ин гапҳо, ки албатта аз рӯи дилсузӣ мегуфт, дар ман асар накард. Зеро сеҳри каломи Устод кори худашро карда буд.

Саранҷоми ишқварзӣ ба асарҳои Устод Садриддин Айнӣ чунин буд, ки банда дар сахттарин озмун дар таърихи донишгоҳҳои Тоҷикистон (шумораи довталабон ба сабаби фориғтаҳсил шудани ҳам синфҳои 11 ва ҳам синфҳои 10 дар он сол ду баробар шуда буд ва обрумандтарин ихтисос ҳам дар он вақт шарқшиносӣ буд, баъд журналистика, ки тоза кушода шуда буд, ба дунболи инҳо ҳуқуқ ва иқтисод) тавонистам дар гуруҳи форсӣ, ки ҳамагӣ 9 нафарро қабул мекард, муваффақ шавам.

Манзури банда аз овардани ин мухтасар гӯшзад кардани аҳамияти китобдӯстӣ ва таъкид бар ин матлаб аст, ки ҳар кас дар наврасӣ ба китоб дил бандад, оқибат ба мақсад хоҳад расид, зеро китоб маҳзани илм аст ва илм- раҳкушову рахнамои инсон ва тарбиятгари бемузду миннат.

С. ҚУРБОНОВ – корманди Китобхонаи миллӣ