Даҳ сол пеш. Корти аввалини узвият ба Пешвои миллат. Аввалин китобро дар бинои нав кӣ фармоиш дод?
20-уми марти соли 2012 калонтарин бинои китобхона дар қаламрави Осиёи Марказӣ, ки барои нигаҳдошти 10 миллион китоб пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ шуд. Тарҳи ин бино соли 2007 кашида шуд ва 4-уми сентябри ҳамон сол дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузоштанд. Ин бино дар маркази шаҳр, дар паҳлуи пайкараи Исмоили Сомонӣ-яке аз маъруфтарин чеҳраҳои сиёсии таърихӣ ва бунёдгузори аввалин давлати тоҷикон қомат афрохт.
20-уми марти с оли 2012 дар ҷараёни мулоқоти анъанавии Президенти Тоҷикистон бо аҳли зиё бинои нави Китобхонаи миллӣ дар як вазъи ботантана бо ҳузури садҳо нафар зиёиёну рушанфикрон, чеҳраҳои маъруфи илму адаб, устодони донишгоҳҳо, муҳассилини макотиби оливу миёна ифтитоҳ шуд. Аввалин нафаре, ки аъзои китобхона шуд, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд ва корти аввалини хонанда таҳти рақами 00000001 ба сарвари давлати тоҷикон тааллуқ гирифт. Бо гузашти даҳ сол мебинем, ки ин рақам ба 239520 расидааст, яъне шумори хонандагони Китобхонаи миллӣ зарфи ин даҳ сол ба 239 ҳазору 520 нафар расидааст.
Рӯйдодҳои хотирмони рӯзи аввали ифтитоҳ зиёданд ва наметавон дар як мақолаи кутоҳ аз ҳамаи онҳо батафсил ёдоварӣ кард. Аммо муҳимтарини ин рӯйдодҳоро дар шакли мухтасар метавон овард.
Аввалин касе, ки китоб фармоиш дод ва дар бинои наву толори нави хониш онро ба даст гирифту мутолиа кард, профессор Ҳасани Муҳаммадӣ буд. Мавсуф китоби “Ёддоштҳо”-и сардафтари адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айниро дархост намуд. Вай гуфт, ки ҳарчанд “Ёддоштҳо”-ро борҳо хондааст, вале хост дар аввалин иқдом дар бинои нав маҳз саргарми мутолиаи ин шаҳкори адабиёти тоҷик шавад.
Аз аввалин дақиқаҳои ифтитоҳи ин Кохи боҳашамат кулли ниҳодҳои он ба фаъолият оғоз карданд ва интизори қабули дархости аввалин хонандагони худ шуданд. Дар шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён, ки бахши сабти номи хонандагон ва кортҳои хонандагӣ ба зиммаи он аст, аввалин маротиба сатби номи электронӣ фаъол шуд ва нахустхонандагон ба узвият пазируфтаву фаврӣ ба ҳар кадом кортҳои пластикӣ бо расми хонанда дода шуданд. Ин низоми қабул то кунун побарҷост, танҳо ин ки комилтару беҳтар аз рӯзҳои аввал шудааст. Имрӯз ҳам ин шуъба аз ҷумлаи фаъолтарин бахшҳои Китобхонаи миллӣ аст. Ҳамарӯза даҳҳо нафар хонандагон ба узвияти китобхона пазируфта мешаванд.
Дар рӯзи аввали ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ хонандагони зиёд ба фонди ёрирасони шуъба муроҷиат карданд. Ҳамоно кормандони собиқадори шуъба дар хотиир доранд, ки хонандаҳои аввалини толори хониш бештар китобҳои классикони адабиёти тоҷик, повесту романҳо, достонҳои ҷолиб, асарҳои чеҳраҳои адабии олам ва классикони адабиёти ҷаҳон, китобҳои бачагонаро дархост карда буданд.
Аз ҷумла аз Ҷалол Икроӣ романи “Духтари оташ”, аз устод Айнӣ повести “Марги судхур” ва романи “Ғуломон”, аз устод Турсунзода китоби “Шеърҳо ва достонҳо”, аз устод Рӯдакӣ “Девон”, аз устод Лоиқ “Куллиёт”, аз Саъдӣ “Гулистон” ва “Бӯстон”, аз Толстой “Ҷанг ва сулҳ”, аз Достоевский “Ҷиноят ва ҷазо”, аз Мирсаид Миршакар китоби ашъори бачагонаи ӯ ва ғайра аз ҷумлаи аввалин китобҳое буданд, ки аз ҷониби хонандагони рӯзи аввал дархост карда шуданд.
Ин як пора аз таърихи як рӯз-нахустин рӯзи ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ буд. Аммо ҳар рӯзи он як таърих аст, ҳар рӯзи он як рӯйдоди фаромӯшношуданист. Ҳамарӯза илова ба он ки ба хонадагони сершумор хидмат расонда мешавад, боз дар толорҳои гуногуни он чорабиниҳои дигари фарҳангиву маърифатӣ, мулоқот бо адибону олимон, ҷаласаҳои зиёди идораву муассиаҳо аз хориҷи китобхона мегузаранд.
10 соли фаъолияти Китобхонаи миллӣ ба сони даҳ китоби хоност, ки ҳар кадоми он баробар ба рӯзҳои сол саҳифа доранд, чун ҳар рӯзи он як саҳифаи хоно барои касонест, ки мехоҳанд бо таърихи тамаддуни кишвар ошно шаванд.
Маҳсуддин Сатторов, муовини сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён.