«Дахмаи шоҳон”. Шарҳи мухтасари чанд “Дахмаи шоҳон” дар як мақола
“Дахмаи шоҳон”, асари таърихии манзум, ки ба сулолаҳои Аштархониён ва Манғитиён бахшида шудааст. Аз ду бахш иборат аст: муаллифи бахши аввал муншии дарбори амир Шоҳмурод (1785–1800) ва Ҳайдар (1800–26) – Мирзо Муҳаммадсодиқ Муншии Ҷандарӣ ва муаллифи бахши дуввум таърихнигори дарбори амир Музаффар (1860–85) ва Абдулаҳад (1885– 1910) Мирзо Азимуддини Сомӣ.
Дар бахши аввали «Дахмаи шоҳон» мақбараи Баҳоуддини Нақшбанд тавсиф ёфт, ривоятҳои зиёде дар бораи Аштархониён, аз давраи ҳукмронии Субҳонқулихон (1680–1702) то давраи Абдулфайзхон (1747) гирдоварӣ шудаанд. Бино ба навиштаи муаллифи бахши якуми «Дахмаи шоҳон» садои онҳо ҳангоми гузар кардани ӯ аз назди мақбараи хонҳои аштархонӣ ба гӯшаш расидааст. Ҳар кадоми онҳо гуфтаанд, ки чӣ кор кардаанд ва бо худ чӣ бурдаанд.
Муаллифи бахши дуввум воқеаҳои сиёсии аҳди манғитиёнро аз давраи ҳукмронии Раҳимбий атолиқ то аҳди амир Насруллоҳ (1827–60) аз рӯи маъхазҳои таърихӣ ва воқеаҳои таърихии аҳди амир Музаффарро аз рӯи мушоҳидаҳояш ба таври муфассал ба асар изофа намудааст.
Бахши якуми асар соли 1786 ва бахши дуввум соли 1902 таълиф шудааст. Дастхатти «Дахмаи шоҳон» дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А. Мирзоеви АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 971/1 маҳфуз аст.
Муаллиф: Қ. Чилаев
«Дахмаи шоҳон»
«Даҳмаи шоҳон» асари насри омиёна, ки бар ривояти расидани Искандари Мақдунӣ ба дахмаи шоҳони достонии Эрон ва дудмони Рустам асос ёфтааст.
Ин асар асосан мансур аст, аммо дар он порчаҳои калони манзум низ дар баҳри мутақориб (вазни «Шоҳнома» ва дигар достонҳои қаҳрамонӣ) ҷой доранд, ки зоҳиран аз ягон ривояти номаълуми манзуми «Даҳмаи шоҳон» оварда шудаанд.
Дар офаридани достон муаллиф инчунин аз «Таърихи Таъбарӣ» истифода кардааст. Чунонки дар ин достон омадааст, Искандар Эронро забт намуда, назди ин дахма расид ва дар хоб дид, ки хуфтагони он ӯро пеши худ мехонанд. Роҳи кушодани тилисми дахмаро Хизр, ки доиман бо Искандар ҳамроҳ буд, дар хоб пайдо кард ва ба Искандар расонд. Искандар тилисмро шикаста, ба дахма даромад ва Барзуву Суҳроб, Рустаму Исфандиёр, Сому Наримон, Манучеҳру Фаридун ва Ҷамшедро, ки дар дахма хуфта буданд, дид.
Муаллифи достон ҳар як шоҳу паҳлавонро бо нишонҳои хосси чеҳраву пайкари онҳо тасвир кардааст. Болои сари ҳар яке аз хуфтагони дахма лавҳе гузоштаву бар он лавҳ омоли мухтасари дунявии ў ва муроҷиат ба ояндагон нигошта шудааст. Ҳар яке аз ин лавҳҳо андарзномаест, ки дар он шикояти инсон аз нопойдории чаҳон, дареғ аз умри кўтоҳ, даъвати ояндагон ба сўи накукориву худошиносӣ, одамигариву саховат, парҳез аз бадкирдориву ситам навишта шудааст. Ҳар яке аз хуфтагон аз кирдорҳои ношоистаи худ ва ҷаҳонҷўиҳояшон изҳори пушаймонӣ кардааст.
Искандар аз ин дидаҳо мутаассир гардида, устухонҳои дахмагиёнро дар сандуқҳои пўлоди ниҳоду роҳи оби дарёро боз кард ва дахма дар зери об ниҳон гардид.
Муаллиф: Қ. Чилаев
«Дахмаи шоҳон»
«Дахмаи шоҳон», мақбара, ёдгории меъморӣ дар Хўқанд, ки солҳои 20 асри 19 бо супориши Умархон (1809–22) бунёд гардидааст. Дар Дахмаи шоҳон хонҳо ва шахсони наздики онҳо дафн шудаанд. Дахмаи шоҳон аз 3 қисми асосӣ: иморати гунбаздор бо пештоқ, масҷид – айвон бо ду сутун ва гӯристони авлодӣ иборат мебошад.
Кунҷҳои ғарбиаш бурҷ доранд, пештоқаш – кошикорӣ. Ду бурҷи пештоқ 9,7х11,7м)-ро нақшҳои фирӯзаранг оро медиҳанд. Кошинҳои мобайни пештоқро бо усули «гиреҳи ҳашти тез» (ситораҳои ҳаштгӯша) чидаанд. Қисмати болоии равоқро бо нақшҳои шашкунҷа, чоркунҷа зинат додаанд. Дахмаи шоҳон як дар ва як дарвоза дорад. Дарвозаи мақбара бо нақши ислимӣ ва катиба кандакорӣ шуда, дар он номи усто Муҳаммад Ғиёсхон сабт гардидааст.
Мақбараи ашрофзанони дарборӣ ва феодалӣ, ки соли 1825 сохта шудааст, ороиши бештар дорад. Он бо номи Мақбараи Модари Хон машҳур аст. Бунёди он бо номи шоира Нодира – ҳамсари Умархон алоқаи зич доранд. Дар паҳлуи мақбара масҷиди айвондори дусутуна (андозааш 7,0х6,8 м) воқеъ аст, ки шифташ ба чор фосили тақсим ва бо нақшҳои зебо кошикорӣ шудааст.
Муаллиф: Р. Муқимов
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2017. – Ҷ.5. – С. 381-382.
Таҳияи Маҳина Раҳмонова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.