Дар бораи Исмати Бухороӣ чӣ хонему чӣ донем?

Исмати Бухороӣ Хоҷа Фахруддин Исматуллоҳ фарзанди Хоҷа Масъуд тақрибан солҳои 1365 74 1437 ба дунё омадааст. Шоири форс-тоҷик. Таҳсилоти ибтидоиро дар Бухоро гирифтааст. Исмати Бухороӣ илмҳои риёзӣ, таърих, фанни шеър, арӯз ва муамморо фаро гирифта, аз ҷумлаи пешоҳангони ин улум эътироф гардида буд. Дар айёми салтанати Султон Халили Темурӣ ба дарбор ӯ роҳ ёфта, то ба мақоми надим ва устоди шоҳзода расид.

Баъди аз дасти амирон ва муқаррабони худ зиндонӣ шудани Султон Халил, Исмати Бухороӣ низ фирор карда, ду сол дар шаҳрҳои дигари Фарорӯд дар оворагӣ ба сар бурд. Вақте Шоҳрух Мирзо дар Самарқанд бар тахт нишаст, Султон Халилро аз зиндон озод кард ва Исмати Бухороӣ ба назди ӯ баргашт. Маҳз, дар аҳди Шоҳрух ашъори ошиқонаву орифонаи Исмати Бухороӣ миёни мардум интишор ёфта, ӯро дар қатори суханварони соҳибназари рӯзгор муаррифӣ намуданд.

Баъди фавти Султон Халил Исмати Бухороӣ муддате дар Бухоро узлатнишин шуд. Баробари ба сари қудрат омадани Мирзо Улуғбек аз Бухоро ба Самарқанд ба дарбори ӯ даъват шуд ва муддате дар шумори мамдӯҳонаш қарор гирифт, вале ҳузураш дар дарбори Мирзо Улуғбек дер давом накард. Дар Самарқанд дар манзилаш маҷлис ва маҳфилҳои шоирона барпо мекард, ки дар онҳо шоирони аҳди ӯ чун Хаёлии Бухороӣ, Бисотии Самарқандӣ, Хоҷа Рустами Хурёнӣ ва Тоҳири Абевардӣ ширкат менамуданд. Исмати Бухороӣ дар шеър устоди ин шоирон низ эътироф шудааст.

Аз Исмати Бухороӣ девон боқӣ мондааст, ки аз қасида, ғазал, рубоиёт, таркиббанд, мусаммат, абёти пароканда иборат буда, дар маҷмӯъ қариб 8000 байтро дар бар мегирад. Асаре бо номи “Ҳаллирумуз”-ро низ ба ӯ нисбат додаанд. Дар бархе аз нусхаҳои девони шоир маснавии ҳамосии ирфоние бо номи “Иброҳим Адҳам” низ мавҷуд аст, ки роҷеъ ба рӯзгори ин орифи маъруф нақл мекунад.

Исмати Бухороӣ дар қасидаҳои хеш, ки ба мадҳи Султон Халил бахшида шудаанд, “Насир” тахаллус кардааст. Дар асоси маълумоти маъхазҳо ин тахаллусро худи Султон Халил ба Исмати Бухороӣ додааст. Аз ҷумла, дар яке аз қасидаҳои худ бо ишорат ба матлаб фармуда:

Чу зеби назми  Насирӣ мадҳи туст, аз он

Ба ҳар диёр ҳадисаш ба тозагӣ самар аст.

Қасидаҳои Исмати Бухороӣ асосан дар мадҳи амирони хонадони темурӣ суруда шудаанд, аммо ӯ асосан ҳамчун ғазалсаро машҳур аст, ки бахши асосии девонашро фаро гирифтаанд. Исмати Бухороӣ дар ғазал асосан “Исмат” ё “Хоҷа Исмат” тахаллус кардааст. Асосан аз шеваи ғазалсароии Амир Хусрави Деҳлавӣ пайравӣ карда, маънӣ мазмунҳои шеъри ӯро такрор кардааст.

Мавзуи асосии ғазалиёти Исмати Бухороиро мазмунҳои ошиқона, ахлоқию иҷтимоӣ, шарҳу тафсири афкору аркони суфиёнае чун буридани алоқа аз дунёи фонӣ, сафои қалб, дурӣ аз ҳавасҳои дунёию шикастани тилисми нафс, фалсафаи гузаронии умр ва ғанимат шуморидани ҳар нафаси он, сабру таҳаммул, қаноатпешагӣ, интиқод аз мушкилот, муаммо ва ноадолатиҳои рӯзгор ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, дар ғазале мегӯяд:

Дар ҳама олам диле осуда аз ғам ёфт нест,

                           К-он чи дил мехоҳад андар ҳарду олам, ёфт нест.

                           Бӯи шодӣ аз дили ғамгини маҳрумон маҷӯй,

                           З-он ки ин сармоя дар таркиби одам ёфт нест.

Исмати Бухороӣ дар ҷаҳонбинӣ суфӣ ва дар ақидаи иҷтимоӣ адолатхоҳ буда, олами дарвешию фақириро аз олами подшоҳону золимон бартар донистаст:

                           Рояти фақр аз ливои подшоҳӣ бартар аст,

                           Мулки шоҳӣ дигару завқи гадоӣ дигар аст

Ғазалҳои саршор аз мазмунҳои ошиқона, самимият, меҳру муҳаббат ва шарҳу тафсири отифаҳои инсонӣ, низ дар девони Исмати Бухороӣ кам нест. Дар ин навъ ғазалҳо оҳангҳои ҷаззоб, шеваи хосси такрори калимаҳои ҳамрадиф, ки ҳама ба тақвияти мусиқияти ашъор сабаб шудаанд, нуфуз доранд:

 

Хоки пояш раҳгузори чашми пурхун баст, баст,

Оламе дарё шавад, чун пеши Ҷайҳун баст, баст.

То кунад  наззораи рӯяш гаҳи субҳ офтоб,

Пардаи лаъли шафақ бар рӯи гулгун баст, баст.

То барояд гарму дар пояш ниҳад хуршедрӯй,

Субҳдам девори хирман пеши гардун баст, баст.

Ҷуз хаёли сарви болояш ба сар фикре набуд,

Ақл ҳар нақше, ки баст аз табъ мавзун баст, баст.

Исмати хокӣ ба умри хеш ҳар нақше, ки баст,

Ҷуз санои хусрави толеъ ҳумоюн баст, баст.

Нусхаҳои хаттии девони Исмати Бухороӣ дар китобхонаҳои Институти шарқшиносии АИ Ӯзбекистон, ш. Санкт-Петербург, маҷлиси  Шӯрои Исломии ҶИЭ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфузанд.

Бори аввал девони ИсматиБухороӣ соли 1988 ба кӯшиши донишманди эронӣ Аҳмади Қамарӣ ба табъ расид, вале маснавии “Иброҳими Адҳам” ба он дохил нашудааст. Дар Тоҷикистон намунаҳои ашъори Исмати Бухороӣ дар ҷилди севвуми китоби “Намунаҳои назми  классикии тоҷик”, “Гулшани адаб” ва маҷмӯаи “Шоирони Мовароуннаҳр” ба нашр расидаанд.

Бозчоп: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2019. – Ҷ.8. – С. 533-534.

Муаллиф: Н.Нуров

АЗ ИСМАТИ БУХОРОӢ ВА ДАР БОРАИ Ӯ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ИН МАТЛАБРО ҲАМ МЕТАОВН ХОНД:

Осор

Мирсафоев, А. Намунаи ашъори Хоҷа Исмати Бухороӣ // Шарқи Сурх. – 1961. – № 9. – С. 120-126.

Мирсафоев, А. Хоҷа Исмати Бухороӣ: Мероси адабӣ // Маориф ва маданият. – 1961. – 5 октябр.

Намунаи ашъор: Аз ғазалиёт ва рубоиёт // Ҳақиқати Ӯзбекистон. – 1968. – 9 январ.

Дар борааш

Акрамов, А. Хоҷа Исмати Бухороӣ: Дар бораи гузаштагони шоир // Комсомоли Тоҷикистон. – 1961. – 22 сентябр.

Мирсафоев, А. Оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Хоҷа Исмати Бухороӣ: Адиби охири асри ХIУ ва нимаи аввали асри ХV // Тезисҳои маърӯзаҳо дар конференсияи илмии олимони ҷавон. – Душанбе, 1964. –  С. 131-133.

Мирсафоев, А. Маъхазҳои таърихӣ ва адабиёти илмӣ доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Хоҷа Исмати Бухороӣ // Назаре ба таърихи адабиёти тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 1966. – Ҷ.45. – С. 152-170.

Мирзозода, Х. Хоҷа Исмати Бухороӣ: Шоири асри ХV // Таърихи адабиёти тоҷик. – Душанбе, 1977. – Китоби 2. – С. 313-315.

Исмати Бухороӣ: Дар борааш // Гулшани адаб: Намунаи назм / муҳаррир Қ. Киром. – Душанбе: Ирфон, 1976. – Ҷ.3. – С. 53.

Мирсафоев, А. Исмати Бухороӣ:  Шоири форс – тоҷики асри ХV // ЭСТ. – Душанбе, 1981. – Ҷ.3. – С. 29.

Хоҷа Исмати Бухороӣ. Девон. Дастнависи китобхонаи миллӣ № 401.

Таҳияи Муҳаббат Киром
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ