Дастхатҳои нодир. “Ахлоқи Носирӣ”
“Ахлоқи Носирӣ” яке аз муҳимтарин рисолаҳои ҳикмат ё фалсафаи илм мебошад, ки Абўҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳасани Тусӣ, ки маъруф ба Хоҷа Насируддини Тўсӣ аст, дар соли 633 ҳиҷрӣ/1235 милодӣ навиштани онро ба поён расонид. Асари мазкур ба ҳокими Қаҳистон – Абулфатҳ Абдураҳим ибни Абумансури Муҳташам бахшида шуда, масъалаҳои гуногуни ахлоқу одобро дарбар мегирад. Ахлоқи Носирӣ нахустин асари форсӣ-тоҷикӣ дар бораи ҳикмати илмӣ мебошад, ки дар асоси дидгоҳи фалсафӣ ва илмии Юнон дар бораи инсон, хонавода ва ҷомеа офарида шудааст.
Асар дорои муқаддима ва 3 боб мебошад. Боби аввал шомили ҳафт фасли асосӣ ва даҳ фасли мақосид буда, дар мавриди хикмати ахлоқӣ бахс мекунад; аст. Насируддини Тўсӣ дар нигриши он аз рисолаи мухтасари «Тадбири манзил»-и нависандаи гумноми юнонӣ пайрави кардааст; боби сеюм ҳашт фаслро дар бар мегирад. Муаллиф дар навиштани он аз китобҳои «Фусул-ул-маданӣ» ва «Орои аҳли-л-Мадинату-л-фозила»-и Форобӣ ва «Ас-сиёса»-и Ибни Сино, инчунин дар охири китоб аз васиятҳои Афлотун истифода намудааст.
Дастнавис мукаммал буда, тармим карда шудааст ва ба баъзе аз авроқаш об расидааст.
Соли китобати нусха 1074 ҳиҷрӣ баробар ба соли 1663 мелодӣ мебошад. Номи котиб ва ҷои китобат қайд нашудааст. Матнаш насрӣ буда, дар коғази нафису зардранг, бо навъи хати настаълиқи хоно навишта шудааст. Гирдогирди матн бо хати зарҳалӣ оро дода шудааст. Китоби мазкур таҳти рақами инвентарии 1048 дар шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ маҳфуз даст.
Таҳияи
Рамзӣ ҶУМЪАҚУЛОВ