Рӯнамоии китоби “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар Китобхонаи Миллӣ

bibliografii-ruznomai-jumhuriyatБаъд аз зуҳри  имрӯз, 10-уми марти  соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Тоҷикистон нишасти хотирмони  рӯнамоии китоби  “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” баргузор шуд. Ин чорабинии хеле муҳим бо ширкати гарми зумрае аз донишмандон, пажӯҳишгарон, рӯзноманигорон ва аҳли қалами рӯзномаи “Ҷумҳурият” доир шуд.

Маҳфил бо сухани муқаддамотии Директори Китобхонаи миллӣ  доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода оғоз шуд. Профессор Файзализода нашри китоби “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (солҳои 2019- 2022)-ро дар арафаи 111- солагии Рӯзи матбуоти тоҷик фоли накӯ номид. Вай ба ҳозирин ҳадафи нашри ин китобро шарҳ дод ва онҳоро бо муҳтавои он ошно намуд.

Сарвари Китобхонаи миллӣ дар суханронии худ афзуд, ки “Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон барои гирдоварӣ, мураттабсозӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, коркарди илмӣ ва нигаҳдории мавод, ҳамчунин таҳия ва нашри дастурҳои библиографии мавзӯӣ дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.

Сармуҳаррири нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода аз нашри китоб ва инъикоси фаъолияти Президенти Тоҷикистон дар “Ҷумҳурият” ва зарурати ҳамчунин як дастури библиографӣ сухан кард. Вай иброз дошт, ки дар ин дастур маводи солҳои 2019-2021 пурра гирдоварӣ шудааст. Вай давраи солҳои 2019-2021-ро  давраи пурмаҳсултарини нашрия оид ба инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номид, аз ин рӯ, танҳо маводҳои ҳамин давра дар ин китобнома гирдоварӣ шудаанд.

Раҳмоналӣ Шералиев – сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ низ аз ин падидаи нек ва маводи хубе барои пажӯҳишгарони сиёсӣ ва илмӣ будани он андешаҳои хешро иброз намуд.

bibliografii-ruznomai-jumhuriyatРаиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Ҳуриннисо Ализода аз нақши матбуоти тоҷик дар рушди тафаккури ҷомеа ва зарурати созандагии ҳарфи журналистон дар ин даврони хабарпароканиҳои сарчашмаҳои ғайрирасмӣ ҳарф зад.

Мавсуф низ аз он ки замоне муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон буду, давроне корманди нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз нашри бибилиографии ин китоб ва дар таҳияи медиатекаи Президенти кишвар саҳм доштани худ ва кормандони Китобхона ёдовар гашта, ба дастандаркорони таҳияи он он изҳори сипос намуд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин сармуҳаррирони нашрияҳои “СССР” ва “Минбари халқ” Сайёфи Мизроб ва Сӯҳроб Рауфзода мухан гуфтанд ва аз заҳмати кормандони китобхона дар таҳияи ин китоби арзишманд ҳарф заданд. Аз ҷумла Сайёфи Мизроб  аз зарурати такмили хазинаи Китобхонаи миллӣ ва дарёфти нусхаҳои ҳама нашрияҳои даврӣ масъала дар миён гузошт.

Журналист ва корманди собиқадори “Ҷумҳурият”  Абдуқодири Раҳим хостори он шуд, ки ин гуна китобҳои муфид бояд ба теъдоди бештар чоп шаванд.

Дар ин ҳамоиш мушовири калони Президенти Тоҷикистон О. Оқилов   ин иқдоми китобдорони тоҷикро дар арафаи рӯзи матбуоти тоҷик муборакбод намуда, ба роҳбарият и Китобхонаи миллӣ дар идома додани ин амали илмӣ- фарҳангӣ барору комёбиҳо таманно намуд.

Гуфтанист, ки китоби “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз ҷониби корманди Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оинамо Имомназарова мураттаб шуда, зеро назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода омода гаштааст. Муҳаррирон Гадобег Маҳмудов ва Нуқра Аҳмадова.

Шакли электронии кит оби мазкур хеле ба зудӣ аз тариқи сомонаи Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт хоҳад шуд.