Роҳандозии омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи таъкидҳои Пешвои миллат дар Китобхонаи миллӣ
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм ва маориф яке аз самтҳои калидӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, таҳти сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд. Сарвари давлат асоси рушди хоҷагии халқи мамлакатро ба густариши соҳаи илму маориф ва фаъолияти босамари кадрҳои баландихтисос вобаста медонанд.
Ду масъалае, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ барои тавсеа ва омӯзиши амиқи он таваҷҷуҳи махсус зоҳир месозанд, ин аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши илмҳои дақиқ ба шумор меравад.
Воқеан, дар замони густариши равобит миёни давлатҳои дунё забондонӣ нақши бориз дошта, моро ба фарҳангу тамаддуни онҳо мепайвандад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон ҳамеша омӯзиши забонҳои хориҷиро таъкид намуда, онҳоро дар ин самт дастгирӣ мекунанд.
Роҳбари давлат пайваста таъкид мекунанд, ки аз худ кардани забонҳои хориҷӣ роҳи моро ба тамоми дунё боз мекунад. Дар заминаи зобонҳои азхудкардаамон метавонем ба давлатҳои мухталиф сафар кунем, таҳсил намоем ва мутахассиси варзидаи соҳаи хеш гардем. Ҳамчунин, вақте мо як забонро аз худ мекунем, ба ин восита таъриху фарҳанги миллатамонро ба дигарон муаррифӣ менамоем.
Ҳамчунин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушд ва омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ карда, дар ин самт чораҳои муҳимро амалӣ намуда истодаанд. Дар маҷмуъ, тадбирҳои Пешвои миллат ба хотири тақвияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки марҳила ба марҳила амалӣ гашта истодаанд, тафаккури забондонию технологиро ба ниёзҳои даврони муосир баробар намуда, ба рушди кишвари азизамон заминаи воқеӣ мегузоранд.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо бо талоши шуъбаи менеҷмент ва маркетинги Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омӯзишии забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқ фаъолияти пурсамари худро ба роҳ мондааст.
Дар курсҳои омӯзишӣ барои кормандон ва хонандагони Китобхонаи миллӣ забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, куриёӣ ва фанҳои дақиқ аз ҷониби мутахассисони варзида омӯзонида мешавад.
Бо дастгирии роҳбарияти Китобхона барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқ тамоми шароитҳо муҳайё гардида, дарсҳо бо усулҳои муосир бо истифода аз технологияи навин ба роҳ монда шудааст.
Моро зарур аст, ки бо истифода аз ин шароитҳо барои мутахассиси хуб ва ҷавобгӯ ба сатҳи ҷаҳонӣ шудан, забонҳои хориҷиро аз худ кунем ва фанҳои дақиқро низ амиқ омӯзем.
Шаҳодат ДАВЛАТОВА,
корманди шуъбаи
менеҷмент ва
маркетинги КМ.