Дастури илмӣ дар бораи ташаккули салоҳиятмандии когнитивӣ-маърифатии донишҷӯён

tashakkuli-salohiyatmandiМуаллифи ин дастури илмӣ, ки бо номи “Ташаккули салоҳиятмандии когнитивӣ-маърифатии донишҷӯён ҷиҳати омодагии касбии омӯзгорони ояндаи математика” чоп шудааст, Сайфуллоева Замира Хайруллоевна мебошад. Китоб бо тавсияи Шӯрои илмӣ-методии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба чоп пешниҳод шудааст.

Муаллиф дар пешгуфтори китоб аз ҷумла менависад, ки “тағйироти куллие, ки дар ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рух медиҳанд, дар назди мактаби олӣ масъалаи омодагардонии кадрҳоеро гузошт, ки дараҷаи баланди фарҳанг, саводнокӣ, маърифатнокӣ салоҳиятмандии касбиро фаро гирифта, барои худтатбиқсозӣ ва кор дар шароитҳои нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ қобилият доранд. Рақобатпазирии мутахассиси асри 21 ҳам ба ихтисоси ояндаро азхуд кардани донишў, ҳам ба фарҳанги гуманитарӣ, тафаккури инкишофёфта, тарбиятнокии ў вобаста мебошад. Докторинаи миллии таҳсили педагогӣ ба сифати яке аз принсипҳои ташаккули талабот ба фаолияти омузгории мутахассиси оянда, инчунин мундариҷаи таҳсилоти педагогӣ тамоюли ахлоқӣ-гуманитариеро мепазирад, ки он таваҷҷўҳи хосаро ба мушкилоти дорои ахамияти умумиинсонӣ, иҷтимоӣ-фархангӣ, ба тахлили масъулияти ахлокӣ ва иҷтимоии мутахассисони ояндаи педагогӣ барои паёмадҳои фаъолияти касбӣ пешбинӣ мекунад”.

Китоби “Ташаккули салоҳиятмандии когнитивӣ-маърифатии донишҷӯён ҷиҳати омодагии касбии омӯзгорони ояндаи математика”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Гулистон ЛУНДИШОЕВА,
сармутахассиси
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.