Дилафрӯз Икромӣ: “Падарам намехостанд дар Лучоб ба хок супурда шаванд” (Бахши ОХИР)
…Дар масъалаи гӯручӯби волидайн мо на васияти падарро иҷро карда тавонистем ва на васияти модарро. Ҳоло он ҷо, ки мебинед, танҳо санги ёдгорӣ ба модарам гузошта шудааст, онро ақалан иҷозат доданд, вале худашон дар зери он нестанд.
“УЛУҒЗОДАРО ДАР МУСИБАТ ПУШТИБОНӢ КАРДАНД, ҲАРЧАНД Ӯ ЗИДДАШОН НАВИШТА БУД…”
– Наздиктарин дӯстонашон киҳо буданд?
– Наздиктарин дӯсташон Сотим Улуғзода буданд, азбаски ҳамсол ҳам буданд, ҳамдигарро ҷӯра мегуфтанд. Зани Улуғзода рус буд ва чун ба хона меҳмонӣ меомаданд, мегуфтанд “Саодатхон як таоми лазизи тоҷикӣ пазед“.
Падарам бо Боқӣ Раҳимзода, Раҳим Ҷалил хеле дӯсти наздик буданд. Солҳои пеш бо Ҳаким Карим дӯстони қарин буданд. Зани Ҳаким Карим бо модарам дугонаҳои хеле наздик буданд. Бо Фотеҳ Ниёзӣ ҳамсоя ва дӯст буданд.
– Аз устод Улуғзода ёд кардед, мехостам пурсам, ки дар бораи мушкили равониву фишорҳо ба адиб баъди рафтани писараш Азиз ба Англия чӣ дар хотира доред?
– Медонед, ин як ҳодисаи хеле мудҳиш буд. Замона инро бардошт намекард, низом таҳаммул надошт, ки фарзанди шахсияте чун Улуғзода ба кишвари дигар фирор кунад. Аз ин рӯ, устодро сахт зери фишор қарор дода буданд. Вақте Азиз ба Англия рафту дигар барнагашт, як вазъи бисёр мушкили руҳӣ ба сари Улуғзода омад. Ёд дорам, ки он шабу рӯз падару модарам дар истироатгоҳи Переделкинои Маскав истироҳат мекарданд ва ман, ки дар аспирантура мехондам, ба аёдаташон мерафтам. Он вақт Улуғзода ва Турсунзода низ он ҷо буданд. Ва аввалин муҳокима миёни ҳамин се тан сурат гирифта буд. Турсунзода пешгӯӣ мекарданд, ки барои ин кор ҳаддиақал аз сафи ҳизб холӣ мекунанд ва ҳатто тавсия доданд, ки бояд шумо писаратонро оқ кунед, яъне аз ӯ безорӣ ҷуед. Вале Улуғзода ин корро накарданд. Вақте дар Иттифоқи нависандагон муҳокимаи рондан аз ҳизб пеш омад, падарам овоз надоданд. Он вақт се нафар дар Иттифоқ зидди ин пешниҳод овоз дода буданд: падарам, Баҳром Сирус ва Арнолд Одинсов (нависандаи русзабон). Он рӯз пешниҳод қабул нашуд ва баъд дар Кумитаи Марказии ҳизб қарор карданд аз партия хориҷ карда шавад. Улуғзода мегуфтанд, ки падар масъули фирор ё ҷинояти писар нест. Умуман он шабу рӯз ба сари Улуғзода фишорҳои зиёд оварданд, асарҳошонро чоп намекарданд, ба ҷаласаҳо даъват намешуданд. Тақрибан ҳамаи дӯстонашон аз тарс иртиботашонро аз адиб канданд. Вале падарам муносибаташонро тағйир надоданд. Мегуфтанд ӯро бояд дастгирӣ кунем, ин рӯзҳо мегузарад, боз рӯзҳои хуш меоянд. Ва ҷолиб он буд, ки шогирдони ҷавонашон аз он кас дур нашуданд, ҳамеша меомаданд, дилбардорӣ мекарданд, мадад мерасонданд.
Ва дар ин иртибот як рӯйдоди дигар ёдам омад: бегоҳии он рӯзе, ки муҳокимаи Улуғзода баргузор шуд ва пешниҳоди ихроҷ аз ҳизб овоз нагирифт, он кас ба хонаи мо омаданд ва ба падарам барои дастгириашон изҳори миннатдорӣ карданд. Модарам гуфтанд, ки Икромӣ шуморо дар рӯзи бадатон дастгирӣ карданд, вале шумо соли 1937 аз болои Икромии 23-сола мақола навиштед ва он кас 11 моҳ зидонӣ шуданду мову фарзандонамон дар ба дар шудем. Улуғзода гунаҳгорона гуфтанд, ки “Саодатхон, агар ман он вақт он мақоларо наменавиштам, худамро зиндон мекарданд“. Модарам дигар гап назаданд, вале талх гиристанд, ба назарам он рӯзҳои мудҳиш, ки ҳатто боварӣ ба раҳоии падарро ҳам аз даст дода буданд, пеши назарашон омад. Падарам ҳам басо оромона модарамро тасаллӣ доданд, ки гузаштаро ба ёд наёр.
– Ба рӯйдодҳои солҳои 37 ишора кардед. Магар устодро ҳам ҳабс карда буданд? Ба чӣ далеле?
– Бале, душманонашон навишта буданд, ки Икромӣ аз авлоди қозикалон ва шогирди Айнӣ аст. Чуноне болотар ҳам гуфтам, бобоям қозигӣ кардаанд ва амалдорони замони амир ба ҳисоб мерафтанд. Он замон Садриддин Айнӣ низ зери хатари ҳабс шудан қарор доштанд. Ва баъди ҳамин навиштанҳову гуфтанҳо падарамро зиндон карданд. Яке аз ин касон дӯсташон Улуғзода ва ҳамсараш Клавдия буд. Клавдия ҳатто баъди баромадани падарам аз зиндон ҳам идора ба идора гашта, хабаркашӣ мекард, на танҳо аз болои падари ман маълумотҳои бардурӯғ медод, балки бисёриҳоро сиёҳ мекард.
- ДИЛАФРӮЗ ИКРОМӢ: “ПАДАРАМ НАМЕХОСТАНД ДАР ЛУЧОБ БА ХОК СУПУРДА ШАВАНД” (БАХШИ АВВАЛ)
Аммо падарам шахси донишманд, ки буданд, тавонистанд бегуноҳии худро исбот кунанд ва аз зиндон берун шаванд. Мегуфтанд ба зиндониён аз қиссаҳои гузашта, бахусус “Ҳазору як шаб” нақл мекарданд, шеър мехонданд, ҳикояҳои ҷолиб мегуфтанд. Ва Бобо Ҳамдам, ки низ зиндонӣ буданд, мегуфтанд шумо нақл кунед мо гӯш кунем. Ва яке аз инсонҳое, ки ба бегуноҳии падари ман дар зиндон шоҳидӣ медиҳад, ин Бобо Ҳамдам буд.
Ва аламовартар аз ҳама он буд, ки баъди ин рӯйдоди соли 37 ҳеч кас падари маро ба кор намегирифт. Танҳо Ефим Исаевич Мителман-саррежесёри театри ба номи Лоҳутӣ падарамро бо ҷойи кор таъмин кард. Натарсид, ки худашро аз вазифа барканор мекунанд. Бар замми ин падарам аз ранҷи зиндон бемор ҳам шуда буданд ва аз ночориву муҳтоҷӣ кор мекарданд, то хонаводаро бо як бурда нон таъмин кунанд. Ва дар ҳамин асно Бобоҷон Ғафуров пайдо мешаванд ва наздашон даъват карда, дилбардорӣ мекунанд ва дар Иттифоқи нависандагон ба кор таъин менамоянд. Барои табобаташон мадад мекунанд. Ва модарам то охири умр ба руҳи Бобоҷон Ғафуров дуо мекарданд.
– Икромӣ бештар ба дӯстонашон чӣ тӯҳфа мекарданд ва худашон чӣ гуна туҳфаҳоро хуш доштанд?
– Падарам бештар ба китоб меҳр доштанд, дӯст медоштанд, ки касе масалан дар мавлудашон китоб туҳфа кунад. Зеро мутолиаи зиёд доштанд. Ба дӯстони наздикашон силсилакитобҳои адибони машҳури оламро туҳфа мекарданд. Китобҳои нодирро бо нархи гарон мехариданд, ки туҳфаи арзанда бошад. Баъзан модарам эътироз мекарданд, ки охир ин хеле қиммат аст. Лекин падарам мегуфтанд ин одам сазовор аст ин гуна туҳфа дошта бошад.
– Аз таомҳо чиро дӯст медоштанд?
– Бештар оши палавро меписандиданд. Ҳатто гуфтан мумкин, ки палавро беш аз ҳар таоми дигар хуш доштанд. Манту ва тушбераро дӯст медоштанд. Баъзан завқашон меомад, ба пӯхтупази модарам ёрӣ мерасонданд. Мефаромаданд, ки модарам тушбера мепечонанд, ба ваҷд меомаданд ва мегуфтанд: “Ваҳ, Саодат, имрӯз тушбера-мӣ?” Ва мунтазири посух нашуда, зуд остинашонро боло карда, ба тушберапечонӣ сар мекарданд.
– Киҳо шогирдони устод Икромӣ буданд?
– Фазлиддин Муҳаммадиев доим мегуфтанд, ки ман шогирди устод Икромӣ ҳастам, гарчи худашон нависандаи баркамол буданд. Абдулҳамид Самад ҳам худро шогирди Икромӣ меноманд. Аммо падарам Абдулҳамидро чун нависандаи соҳибқаламу ҷӯянда хеле дӯст медоштанд ва китобҳояшро мехонданду таъриф мекарданд. Урун Куҳзод шогирдашон ҳастанд ва устод ҳам повестҳои Куҳзодро хеле баланд арзёбӣ мекарданд. Дар бораи повесту ҳикояҳои аввалини Кароматулло Мирзо, Маъруф Бобоҷон сухан меронданд. Аз шоирон шеърҳои Лоиқу Гулрухсор ва Гулназарро мехонданд ва ситоиш мекарданд. Гулрухсорро чун духтарашон дӯст медоштанд ва дар ҳама маҳфилҳои шеъраш ширкат мекарданд.
Лоиқ доим меомад наздашон, падарам шеърҳои Лоиқро хеле дӯст медоштанд. Бозор Собир ҳам замоне эҳтиром дошт ва як шеър ҳам дар ситоиши устод навишта буд, вале солҳои охир аз баҳри он шеър гузашт ва қатори даҳҳо шеъри дигараш онро ҳам аз маҷмуъаи охиринаш берун кард. Аслан падарам ин хел одат надоштанд, ки касеро шогирди ман гуфта худашонро таъриф карда бошанд, вале ҳар адиби ҷавон, ки меомаду маслиҳат мепурсид, мадад мекарданд.
“МОДАРАМРО ДАР ПАҲЛУИ ПАДАРАМ РОҲ НАДОДАНД…”
Зи бас буданд ҳамдӯшу ҳамоғӯш,
Ба сар бурданд умре бо дили пок.
Саодатбонуву Икромӣ дар ин ҷо,
Ҳамоғӯшанд андар дили хок.
Дуое, саҷдае, зикре Худоро,
Ба ин ду қуббаи хоки Бухоро.
Катибаи устод Лоиқ бар санги мазори Икромӣ
– Дар оғози солҳои 90-и асри гузашта, ки вазъи сиёсии кишвар муташанниҷ гашт ва оқибат кашмакашҳои гуруҳӣ ба ҷанг кашида шуд, қатори даҳҳо аҳли зиё устод Икромӣ низ руҳан ранҷ кашиданд.
– Аслан падарам шомили ягон гуруҳи сиёсӣ нашуданд, чун синну солашон ҳам иҷоза намедод, ки саргарми сиёсат шаванд. Аз сӯи дигар падарам умре адиб буданд ва ҳарчанд узвияти ҳизби коммунист доштанд, вале ягон бор талош накарданд, ки вазифаи роҳбарикунанда дошта бошанд. Ин бегона ба хую хислати худашон буд. Вале аз он ки зидди Набиев шӯриданд, чандон хуш напазируфтанд ва ҳатто номаеро, ки гуруҳе барои сабукдӯш кардани Раҳмон Набиев оварданд, падарам имзо накарданд.
– Вақти беморӣ ва рӯзҳои охири умрашон кӣ сари болинашон буд?
– Падарам аз ин пеш ду сактаи дилро аз сар гузаронида буданд ва сактаи сеюм барояшон сахт ва марговар ва барои мо талху ҷонгудоз омад. Ва аламовар аз ҳама он буд, ки он шабу рӯз духтурон ба касе аз пайвандон иҷозат надоданд, ки дар сари болинашон ҳузур дошта бошанд. 11-уми апрели соли 1993, баъди даргузашташон бародарам сахт эътироз карданд, ки мо фарзандон дами охирин нафаси падар дар сари болинашон набудем, моро нагузоштанд бошем. Вақте шавҳарам дар ҳамон бемористон бистарӣ шуданд, ман аз сари болинашон дур нашудам. Ва чун мехостанд ба шуъбаи эҳёгарӣ интиқол диҳанд, ман нагузоштам, ки танҳо баранд. Ба ёдам ҳамон соли ҷудоӣ аз падар расид, ки ба он шуъба бурданду мо аз дидори азизи диламон якбора маҳрум шудем. Ва инро бояд гуфт, масалан дар кишварҳои хориҷа чунин нест. Дар ҳолатҳои назъи ҷон наздиконашонро канори бемор иҷоза медиҳанд, ки бошанд, аммо дар мо хабари фавтро мерасонанд. Кӣ медонад дар охирин нафасҳо бемор чӣ мехоҳаду онҳо чӣ мекунанд.
– Маросими дафнашон чӣ гуна сурат гирифт?
– Аслан падарам намехостанд дар Лучоб ба хок супурда шаванд. Васият карда буданд, ки он касро дар қабристони Сари Осиё гур кунанд. Мегуфтанд мехоҳам дар ҷойе хок шавам, ки мардуме ба фотеҳахонӣ меоянд, савоби дуояшон ба ман ҳам расад. Ба Лучоб кӣ меравад, ба ҷуз рӯзҳои хос дагар он ҷо ҳамеша холист. Аммо ин ҷо дастури Президент буд, ки дар Лучоб гур кунанд ва ҳамин тавр шуд. Ҳарчанд васияти ишонро гуфтем, президент қабул накарданд, гуфтанд “зиндаи ин кас аз шумо буд, ҳоло мурдаашон аз мост. Мо дар Лучоб мегуронем“. Аммо модарам гуфтанд, ки агар Икромиро дар Лучоб гӯр мекунед, пас баъди даргузаштан ман низ бояд канорашон бошам, мехоҳам дар ду олам бо ӯ бошам. Ҳарчанд он вақт розӣ шуданд, вале баъде, ки модарам аз олам гузаштанд, иҷозат надоданд. Ҳатто як мошин милисаҳоро оварда давродаври қабристони Лучоб монданд, то нагузоранд, ки мо модарамонро дар паҳлуи падарамон гӯронем. Кашмакаш то соати яки рӯз давом кард ва ночор илоҷи дигар наёфтем ва ӯро ба қабристони Сариосиё гӯронидем. Яъне, дар масъалаи гӯручӯби волидайн мо на васияти падарро иҷро карда тавонистем ва на васияти модарро. Ҳоло он ҷо, ки мебинед, танҳо санги ёдгорӣ ба модарам гузошта шудааст, онро ақалан иҷозат доданд, вале худашон дар зери он нестанд. Ҳукумати шаҳр баҳона мекард, ки агар ба Саодат Икромӣ иҷозат диҳем, ки дар паҳлуи шавҳараш хок шавад, пас дигар адибон ва ҳамсаронашон ин гуна даъво мекунанд.
– Модаратон марги Икромиро чӣ хел қабул карданд?
– Бисёр сахт. Андуҳашонро тасвир карда наметавонам. Ҳаддиақал як сол мо ҳатто наметавонистем ғамашонро аз дилашон барорем. Мегуфтем падарамон рафтанд, мо ҳастем, аммо он кас мегуфтанд, ки ҳеч кадоми шумо ҷойи падаратонро гирифта наметавонед. Метарсидем аз ҳолати модар. Вале шукри Худованд, ки модарам шахси қавиирода буданд, батадриҷ ба набудани падар одат карданд. Аммо ҳамин ғам он касро зудтар аз вақт пир кард. Ғами набудани падарам қалбашонро абгор намуд ва се сол баъдашон олами моро тарк карданд. Рафтани ҳам падар ва ҳам модар моро якбора дар кӯчаи бекасӣ партоб кард. Инсон ҳар қадар солманд ҳам бошад, бепадар ва бемодар худро танҳову ятим эҳсос мекунад.
ОХИРИН АСАРИ УСТОД, БОЙГОНӢ…
– Аз устод ягон асаре боқӣ мондааст, ки нотамом бошад?
– На, асари нотамом надоштанд, аммо ёддошҳояшонро то охир натавонистанд нависанд. Танҳо як ҷилди онро хатм карданд, ки то соли 1937-ро дар бар мегирифт. Шавҳарам доим мегуфтанд, ки амакҷон, шумо дигар роману повест нанависед, ёддошт нависед, ин хеле муҳим аст. Дар зиндагӣ чизҳое ҳастанд, ки онро шумо бояд нависед, то дигарон донанд. Аммо мутаассифона, ин корро то охир анҷом дода натавонистанд. Худи падарам ҳам талош доштанд онро тамом кунанд, ҳатто мегуфтанд дуо кунед умр вафо кунад, ки ман онро ба анҷом расонам, вале умр вафо накард, қалам болои саҳифаҳои нотамом лол монд.
– Бойгонии устод ҳоло дар дасти кист?
– Аслан дар хонаи падар бародарам Ҷонон Икромӣ зиндагонӣ мекарданд, баъди марги падарам Ҷонон чандин навиштаҳои чопношудаи падарро чоп карданд. Вале шахсан ман намедонам, ки осори боқимондаву дастнависҳову номаҳову умуман ҳар чизе ба падарам иртибот дошту назди бародарам монда буд, ҳоло дар чӣ ҳолат аст. Мо шоҳид будем, ки ҳар рӯз аз хонандагонашон даста-даста нома мегирифтанд, аз адибон мактубҳо мерасиданд, худашон посух менавиштанд ва нусхаи дастнависи номаҳояшон мавҷуд буд. Ба чоп ҳозир кардани ин мактубҳо хеле муҳим аст. Ин бойгонӣ дар дасти зани бародарам ва ҷиянам мебошад. Ва бовар дорам, ки онҳо аз пайи ин кор мешаванд.
Ёд дорам, ки китоби “Гули бодом“, ки худораҳматии падарам дар бораи Туҳфа Фозилова навишта буданд, дар замони зиндагиашон чоп нашуд ва он бо кӯшиши бародарам баъди ду соли фавташон аз чоп баромад. Ин китобро бо хоҳиши худи Туҳфа Фозилова навишта буданд. Вай мегуфт касе мисли шумо дар бораи зан наметавонад навиштан, аз ин рӯ ба шумо бовар кардам ва аз шумо хоҳиш намудам. Падарам барои навиштани “Гули бодом” тамоми маводҳои марбут ба онро дар осорхонаи Конибодом омӯхтанд, чун одаташон ҳамин буд, ки аввал хуб меомӯхтанд, баъд менавиштанд.
Китоби “Духтари оташ” бо номи “Фирӯза” дар Эрон чоп шуд, вале боз ҳам баъди вафоташон, ки надиданд. Бародарам ва шавҳарам пайи ҳам аз олам гузаштанд. Ва ин ду ҳодиса маро сахт мутаассир кард ва ман ҳам сактаи дил гирифтам. Духтарам ноилоҷ наздаш ба Амрико бурд ва муддати зиёд он ҷо мондам ва табобат гирифтам.
– Дар Бухоро, дар зодгоҳи устод хонае, ки зиндагонӣ мекарданд, вуҷуд дорад?
– Дар замони Шароф Рашидов дар Бухоро ба падарам хона дода буданд ва мо соле ду маротиба рафта меомадем. Бо қатор мерафтему бо ҳавопаймо бармегаштем. Баъди чил рӯзи даргузашти падарам ҳукумати шаҳри Бухоро бо баргузории як маросими ёдбуди Икромӣ, кӯчаи Богдан Хмелнитскийро, ки хонаи мо он ҷо воқеъ буд, ба номи Ҷалол Икромӣ гузошт ва дар назди манзили падар нимпайкараи ӯро гузоштанд. Дар шаҳри Душанбе, ки умрашонро сипарӣ карданд, хотираашонро танҳо дар маросими садсолагии таваллудашон пос доштанд ва як кӯча ба номашон гузоштанд. Ба ҳаминаш ҳам шукр. Дар Бухоро бошад ғайр аз кӯча боз ду омӯзишгоҳ, як мактаби миёна ва факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳ номи Икромиро доранд.
– Кай охирин бор Бухоро рафта будед?
– Афсӯс Бухоро кам меравем, чун сабаб ҳамон монеъаҳои марзиву иртиботҳо миёни Тоҷикистон ва Узбакистон аст. Бори охир соли 1996 Бухоро рафта будам. Як амма доштем, ки муддате дар хонаи он кас мондем. Ҳоло дар Бухоро танҳо як ҷияни падарам бо номи Сурайё бо писараш мондаанд, дигар касе аз пайвандони падарро намедонем. Ҳастанд наберагону аберагону хешовандони наздикашон, вале мо иртибот надорем…
Мусоҳиб Бобоҷон ШАФЕЪ