Дирӯз ва имрӯзи рангу ҷилои матоъ. Бознашри як мақолае, ки соли 1983 чоп шуда буд

atlasХудо биёмурзад Муҳаммадраҳим Сайдар-нависанда ва журналисти тавоноро. Ин мақоларо замоне навиштаву дар “Газетаи муаллимон” чоп карда буд, ки дар бахши адабӣ-драмавии Радиои Тоҷикистон муҳаррири калон буд. Ба эҳтимоли зиёд он аслан бар пояи кадом сенарияи гуфтори радиоӣ баъди таҳриру иловаҳои зиёд ба шакли мақола дароварда шуда буд. Ҳадаф нишон додани кору фаъолияти атласбофони “Тоҷикатлас”-и он солҳо буд.

Вале қисмати бештари мақола дар бораи ҳикматҳои ниёгон дар офариниши ашёст, ки мутассифона на ҳама аз он дарак доранд. Ин мақола имрӯз ҳам хонданист, ҷолиб ва муфид аст, ҳарчанд “Тоҷикатлас”-и имрӯз на он “Тоҷикатласест”, ки муаллиф дар бораи он нақл кардааст. Яқинан дар ин коргоҳ ҳоло дастгоҳҳои дигари пешрафта фаъоланд ва шояд корҳои дастиро ҳам дигар дастгоҳҳо анҷом медиҳанд. Вале арзиши мақола дар баёни фалсафаи ҳикмати ниёгон, дар баёни таърихи атласу атласбофӣ дар гузашта ва имрӯз аст.

ГУЛҲОИ АҶАМ

Инсон аз замоне, ки ба ҳаёти мутаммадин, қадам гузошт, ҳамвора дар андешаи ҳар чи хубтару беҳтар ва зеботару пурмазмунтар гардонидани зиндагии хеш буд. Ба ин мақсад ў қасрҳои бошукўҳ бунёд кард, шаҳрҳо сохт, ниҳол шинонд ва гул парварид. Дар ин ҳама ў ба табиат, ки модари кулли зебоиҳост пайравӣ кард ва аз вай ибрат гирифт ва ҳамчун адои қарзи пайвандӣ зебоиҳои онро афзун гардонид.

Аз ин ҷиҳат ҳар як ашёи рўзгори маишати одам зарфиёт, осори меъморӣ либос ҳамзод бо ҳаёти мутаммадин буда, дар таи таърих суфтаву нафис гашта, ба наслҳои пасин ба ёдгор мондаанд.

Дар рўзгори мардуми мо, ки дорои маданияти ғании қадимист, анъанаҳои неку шоистае вуҷуд доштанд ва имрўз идома доранд, ки аз диди бисёр нозуки онҳо аз тафаккур ва тарзи идроки олами атроф дарак медиҳанд.

Сўзаниҳои зебо, либосҳои пургулу хушнамуд, асбобу анҷоми рўзгори мардуми мо, ки бо нафосату зебоии бенадоза ороиш ёфтаанд, гўё ҳама дар пайравии табиат офарида шуда, порае аз манзараҳои зебои заминанд ва  осмон. Аз ҷумла ба дастурхони  мардуми тоҷик назар карда ба хулосае меоед, ки нонҳои пухтаи модарони мо дар пайравии осмон эҷод шудаанд, зеро қариб ҳамаи намуди нонҳои тоҷикӣ шакли мудаввари  моҳтоб, офтобу ситорагонро доранд.

Яке аз чунин эъҷозу эҷодҳои ниё            гонамон матои хушнамуд – атлас аст, ки зебу ороиши қомати зебои занону духтарон буда, халқи мо аз замонҳои куҳан дар истифода дорад.

Атлас дар қомати зебои духтарони тоҷик чӣ шукўҳе ва чӣ нафосате дорад! Ҳангоми аз дур мушоҳида кардани духтарони атласпўш гумон мекунед, ки дастагулҳо мехироманд.

Дар саҳна ҳангоми рақс чӣ? Як боғи гул, як пораи чамани пургули шукуфта, гўё аз таъсири насими гуворо ба ҷилва омадааст.

Оё мо боре ҳам андеша кардаем, ки ин либоси пургулу шинам, ин матои хушҷило, ки аз назорааш дида нуру зиё мегирад, маҳсули хаёли рангини кист?

Кадом инсони борикбин ин қадар рангҳои зеборо ба матоъ сабт кардааст ва ин ҳама эъҷозро аз куҷо гирифтааст? Сарчашмаи илҳоми ў чӣ буд?

Мутаъсифона, номи рассоми нозукхаёл, ки ин ҳама эъҷозро ба мо мерос гузоштааст, маълум нест. Ин матои зебо чун даҳҳо шоҳкорҳои дигар ба номи халқ мансуб аст.

Халқи тоҷик, ки соҳиби тамаддуни ғании бостонӣ, шоҳкориҳои илмию адабӣ ва меъморӣ аст, баробари дигар эҷодкориҳо дар аҳди қадим ба ороиши зодгоҳ, манзил, ашёи рўзгор ва сару либос эътибори махсус медод.

Бозёфтҳои бостоншиносон, боқимондаҳои порчаҳои матоъҳо нигоришоти китобҳо, ҳайкалҳо, зарфиёт собит кардаанд, ки дар ҳаёти мардуми мо дар аҳди қадим ҳунари рассомӣ мавқеи хосе дошт ва нахустин падидҳои тафаккури бадеии мардум вобастаи этиқоди онҳо ба ҳодисаҳои табиат зуҳур кардааст.

Агар аз ҳамин дидгоҳ ба ҳунари рассомии ниёгонамон рў биёрем, ҳақиқат будани ин маъниро бебаҳс қабул мекунем.

Дар ороиши атлас ҳафт ранг истифода мешавад ва ин ҳафт ранг аз маъмултарин рангҳои нигоришоти ниёгони мост.

Вобаста ба ин қайд кардан, зарур аст, ки назар ба тасаввуроти нуҷумшиносони пешинаи мо коинот иборат аз  7 сайёра Кайвон, Офтоб, Моҳ, Миррих, Уторид, Муштарӣ ва Зўҳра буда, ҳафт рўзи ҳафта низ дар асоси ҳамин эътиқод муайян карда шудааст ва ҳар як рўз ранги алоҳида дошта, дорои хосияти гуногунанд. Ҷумъа – сафед, шанбе – сиёҳ, якшанбе – зард, душанбе – сабз, сешанбе – сурх, чоршанбе – кабуд, панҷшанбе – сандалӣ.

Низомии Ганҷавӣ дар асосӣ ҳамин эътиқод қасри Баҳроми Гўрро, ки барои ҳафт иқлим бино карда буд, вобаста ба 7 гунбад ва ҳафт рўз бо ҳафт ранг тасвир кардааст.

Хони наврўзии мардуми мо аз ҳафт анвоъ мева ороста мешуд, ки ҳар кадоми он хосияти шифоӣ дошт ва муқаддас шуморида мешуд.

Гулӣ наврўзӣ ё сияҳгўш ҳам, ки мо онро оғози Соли нав – наврўз медонем, ҳафт ранг дорад ва ҳамаи рангҳои онро дар атлас мушоҳида мекунем.

Гули сияҳгўш ҳафтранг аст,

     Хўроки кабки дилтанг аст.

     Бе рўяш доимо ҷанг аст,

     Баҳори нав муборак бод!

Инчунин як гули зебои дигар вуҷуд дорад, ки мардуми мо онро атласӣ, мардуми Афғонистон гули патунӣ мегўянд.

Гулӣ патунӣ ё ки атласӣ рангҳои сафед, гулобӣ, сурх, арғувонӣ ва бунафш дорад.

atlam-mamadrahimРангинкамонро ба хотир биёрем, ки он ҳам дорои ҳафт ранг буда ва мардуми мо онро аз муқаддасоти табиат дониста мегўянд, ки ҳар ҷое, ки рангинкамон бархоста бошад, дар он манзил дурру гуҳар мерезад.

Ва шояд аз ҳамин ваҷҳ бошад, ки дар ороиши матоъ китоб биноҳо ин рангҳо бештар маъмул аст.

Махсусан, дар матоъҳои абрешимин, алалхусус дар атлас, ки аз марғубтарин либосҳои занонаи мардуми мо, ки рангҳо бо ҷилои хосаи наққошӣ карда шудаанд.

Агар дар боби истеҳсоли абрешим сухан равад, пас аз рўи шаҳодати таърих мардуми мо ба истеҳсоли абрешим ҳанўз 4000 сол муққаддам оғоз карда будаанд.

Дар асри 1 – то мелод портҳо ё паҳлавиҳо ки аз ниёгони халқи тоҷиканд, парчами худро аз абрешим мебофтаанд.

Аз Хатлонзамин ба дигар кишварҳо матои абрешимини мунаққаш ба тиҷорат мебурданд. Бо номи абрешим роҳи корвоние мансуб аст, ки аксари бораш аз сарзамини мардуми Аҷам буд ва Машриқу Мағриб василаи он равобити тиҷоратӣ доштанд.

Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносон аз кўҳи Муғ 150 намуди матоъ пайдо карданд, 44- тои онҳо аз абрешим бофта шудааст.

Дар музейҳои Аврупои Ғарбӣ матоъҳои абрешимие, ки нигаҳдорӣ мешавад, ки нишонаи ҳунари бофандагонӣ Бохтару Суғданд.

Аз рўи матоъҳои абрешимие, ки дар музеи Белград ва дигар музейҳои Аврупо маҳфузанд, матоъшиноси маъруф Шепард хусусиятҳои хоси онҳоро тадқиқ карда, ҳиссаи мардуми Бохтару Суғдро аз мардуми Чин ҷудо кардааст.

Муқаррар шудааст, ки рангҳои аввалаи ин матоъҳои абрешимин – сабзи равшан, нилобӣ, гулобӣ, зард ва сафед будаанд.

Дар асрҳои миёна дар шаҳрҳои тоҷикнишини бостонии Мавороуннаҳр – Самарқанд Бухоро ва Хуҷанд, ки косибон бештар буданд, ин ҳунари олӣ ривоҷу равнақи тамом дошт. Атласи аълосифат ва хушрангро хонатлас меномиданд. Нусхаҳои зеботаринаш –Шоҳсабз, Барги Карам, Меҳроб ва атласи Сиёҳ ном доштанд. Таърихшиноси маъруфи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров дар асари безаволи худ  «Тоҷикон» ин далелҳоро ба асос гирифта, ба хулосае омадааст, ки «аз рўи нақшҳо ва порчаҳои боқимонда ин намуди матоъҳоро бо тамоми нафосот эҳё кардан мумкин аст».

Вале вазифаи муқаддаси аз нав эҳё кардани он ҳама рангҳои зеборо, ки гузаштагонамон дар матоъ бо он қадар маҳорату эъҷоз сабт карда буданд, кӣ ба ўҳда гирад ?

Ба эҳёи ин ҳунари аҷдодӣ – мо рассомони иттиҳодяи «Тоҷикатлас» машғулем – мегўяд рассом Ўктам Аҳроров. Ягона мақсади гурўҳи рассомии мо асосан эҳъёи гулҳои ҳамон навъҳои атласҳои қадимӣ аст, ки падару бобои мо ба матоъ нақш кардаанд. Ин ҳунарро ба мо дар ягон мактаб намеомўзанд. Вайро мо аз онҳое омўхтаем, ки барояшон ин ҳунар меросӣ будааст. Масалан, ман гулпартоӣ кардани атласро аз устодам Музаффар Зуҳриддинови ўротеппагӣ омўхта будам. Тавассути ҳамон кас ҳоло атласҳои «Шому Саҳар»-ки номи қадимиаш дар «Ғиёс ул –луғот» «Шаб андар рўз» зикр шудааст. Барги Карам, Меҳроб, Шоҳсабз, Шоҳкаппа имрўз эҳъё шудаанд.

Ҳунари рассомии мо аз мафҳуми рассомии имрўза фарқи калон дорад. Дар ин ҷо вазифаи рассом аз омезиш додани бофтаи тору пуд иборат аст. Нақши наверо, ки дар хаёл пайдо мешавад, пешаки ба рўи қоғаз намекашем, балки вақти бо ҳам омўхтани рангҳои амалӣ мекунем. Ва ин эҷоди мо тавассути абрбанд, рангуборчӣ, қаткушо ва оҳаргар амалӣ мегардад.

Дар айни замон дар иттиҳодияи «Тоҷикатлас», ду филиалли дар Шаҳринав ва Қурғонтеппа будаи он ва иттиҳодияи «Хуҷандатлас» даҳ намуди атлас истеҳсол мешавад. Ва ҳамаи гулҳои он атласҳо дар заминаи атласҳои қадима эҳъё шуда, такмил ёфтаанд.

Атласҳои «Рангинкамон», «Шому саҳар», «Тўҳфа», «Тўёна», «Дилором»-ро рассомон Назрулло Аҳмадов, Сайфиддин Зуҳуров, Саидаҳмад Худойдодов ва дигарон дар асоси нақшҳои пешина дар истеҳсолот ҷорӣ кардаанд.

Ин ҳунарӣ бостони то кунун идома дорад ва тавассути пешрафти иқтисодиёт ва комёбиҳои санъатӣ бофандагӣ ривоҷи тоза ёфтааст, вале як қисми истеҳсоли атлас то ҳол ба тарзи қадима сурат мегирад.

Одами имрўза, ки дар муҳити пешқадам ба воя расида, ба техникаи саноатии замонави одат кардааст, ба устохонаи абрбандии иттиҳодияи «Тоҷикатлас» ворид гардида, худро, дар олами афсона мепиндорад. Бовараш намеояд, ки ба яке аз корхонаҳои замонавии бофандагӣ омадааст.

Дар як устохонаи васею калон 30-40 нафар мардон рўи кўрпачаҳои соф ба соф зону зада нишастаанд. Дастҳо бо чолокии ҳайратоваре калобаҳои нахҳои рангорангро дар пояҳои махсус баста барои ба ихтиёри дастгоҳ супоридан омода мекунад.

Устохонаи рангуборкунӣ низ ба ҳамон дастурест, ки аз афсонаҳо хондаем.

Абрбанд, нусхапарто, рангуборчӣ, қаткушо, оҳаргар, вобастаи ҳамдигар буда, бе мадади якдигар як сари риштаро ба ҳам оварда наметавонанд.

Пас ба хулосае меоед, ки таърихи меҳнати коллективонаи сехӣ дар истеҳсолоти косибии халқи мо таърихи дуру дарозе дорад, зеро ҳеҷ кадом яккадаст қодири иҷрои ин раванди мураккаби меҳнат нест.

Ин фикрро он дастгоҳҳои бофандагие, ки тавасссути ковтуковҳои бостоншиносӣ аз кўҳи Муғ ва дигар мавзеъҳои сарзамини Аҷам пайдо шудаанд, собит мекунанд

М. Сайдаров

Бознашр аз “Газетаи муаллимон”, соли 1983, моҳи март..

Таҳияи Зебонисо ДАВЛАТОВА,

мутахассиси шуъбаи маркетинг ва

менечменти фаъолиятӣ китобдорӣ.