Доъиҳои донишвар
Дар илму адаби форсӣ-тоҷикӣ чандин нафар бо ном ё тахаллуси Доъӣ эҷод кардаанд. Ин Доъиҳо дар гӯшаву канори қаламрави форснишин ҳаёт ба сар бурдаву асарҳои мондагори худро навиштаанд. Дар матлаби зер бо истифода аз Энсиклопедияи миллии тоҷик чанде аз ин Доъиҳоро бароятон ошно мекунем.
Доъии Андиҷонӣ
Доъии Андиҷонӣ шоири тоҷики асри 16. Аз зодгоҳаш Андиҷон барои таҳсил ба Бухоро омада, дар мадрасаи Мири Араб таҳсил мекард. Дар сини камол оиладор шуд, вале зиндагии оилавиаш хуб набуд. Ба ҳамин сабаб ба Ҳиндустон рўй оварду дар Гуҷарот сокин шуд. Дар тазкираҳои «Тазкирату-ул шуарои Ҷаҳонгирӣ», «Тазкирату-ш-шуаро» (ҳар ду аз Мутрибии Самарқандӣ), «Табақоти Акбарӣ», «Туҳфату-л-аҳбоб», «Маҷмау-ш-шуарои Ҷаҳонгиршоҳӣ» аз эҷодиёташ намунаҳо овардаанд. Дар анвои гуногуни адабӣ – қасида, ғазал, рубоӣ шеър мегуфтааст. Ин байт аз ўст:
Доъӣ ба хидмат омаду иқбол дарнаёфт,
Бўсид остону дуо гуфту бозгашт.
Муаллиф: М. Диловаров.
Доъии Дарвозӣ
Мирзогулобхоҷа (1833, деҳаи Хури Вахёи Дарвоз – 1896, деҳаи Чоҳоби Дарвози Бадахшони Афғонистон), шоири тоҷик. Падараш шоир Бузургхоҷа Мазлуми Дарвозӣ. Доъии Дарвозӣ таълими ибтидоиро дар хонадон гирифта, сипас дар Дарвоз илмҳои роиҷи замонашро омўхтааст. Ба улуми адабӣ майлу рағбати бисёре дошт ва чун шоири тавоно шуҳратманд гардид. Тазкиранигорон ўро чун шахси ҳалиму хоксор ва хушхулқу хушсуҳбат тавсиф кардаанд. Девони ашъораш дастрас нагардидааст, вале дар тазкираҳову баёзҳо ғазалҳо, рубоиҳо, мухаммасҳояш (бар ашъори Соиб Надими Кобулӣ ва дигарон) сабт гардидаанд. Абёти зер аз як ғазали ўянд:
Ин нидо аз ғайб меояд ба гўш,
Гўшаи хилват гузину кун хамўш,
Бўстони дил хазон шуд, дўстон,
Булбули табъам парид аз шохи ҳуш…
Намуна аз рубоиёти ў:
Бо об бигуфтам: «Аз куҷо меоӣ»?
Ё ин ки худ аз вилои мо меоӣ?
Дидӣ магар он нигори маҳруми маро?
З-он раҳ, ки пур аз бўи вафо меоӣ?
*****
Гуфт об, ки: «Бо амри Худо меоям,
Аз айни макони дилрабо меоям.
Рухсораи худ ба ман бишуст он ёрат,
Он обаму бар пеши шумо меоям».
Муаллиф: С. Ализода.
Доъии Шерозӣ.
Сайид Низомуддини Маҳмуд ибни Ҳасани Ҳусайнӣ (1407, Шероз-1467, ҳамон ҷо), шоир ва орифи форс-тоҷик, мулаққаб «Доъиюллоҳ» ва машҳур ба «Шоҳ Доии Шерозӣ». Аз наводагон (наберагон)-и Доъии Сағир-Абумуҳаммад Қосим ибни Ҳасан (асри 10)-волии Табаристону Рўёну Гургон буд ва бад-ин сабаб барои худ тахаллуси Доъиро пазируфтааст.
Аз кўдакӣ ба касби илму дониш пардохта, дар ибтидо ба хидмати Шайх Муршидуддин Абуисҳоқи Биҳронӣ (фавт 1447) – яке аз муридони Шоҳ Неъматуллои Валӣ (фавт 1441) расидааст. Баъди муддате, бо тавсияи шайхи мавсуф ҳамроҳи бародараш Сироҷуддини Яқуб ва яке аз содоти Инҷу – Шуҷоуддини Азиз барои касби иродат ба хидмати Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ ҳозир шуда, дар нахустин дидор шарафёби хирқаву салла гардидааст. Пас аз он ба Шероз, ба хидмати устодаш Биҳронӣ баргашта, баъди даргузашти эшон аз акобири хулафои Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ дар Шероз будааст.
Доъии Шерозӣ сӣ сол воизӣ карда, дар анвои гуногуни назму насри суннатӣ таълифоти мутааддиде боқӣ гузоштааст, ки бо забонҳои форсиву арабӣ нигошта шудаанд. Қуллиёти ашъори ў фарогири маснавиёт, ғазалиёт, муқаттаот, қасоид, тарҷеъбанд, рубоиёт, муфрадот ва муламмаот муштамил аз бахшҳои «Маснавиёти сита», «Девони воридот», «Девони содирот», «Сухани тоза» ва «Файзи муҷаддад» аст.
Маснавиҳои Доъии Шерозӣ дар сабки Низомиву Хусрави Деҳлавӣ офарида шуда, дар шаш дафтар фароҳам омадаанд ва ба номҳои «Ситтаи Доъӣ»-ву «Маснавиёти сита» машҳуранд; дар шарҳи мазмунҳои ирфонӣ баҳс мекунанд: 1. «Мушоҳид» (1433);2. «Ганҷи равон» (1438);3. «Чаҳор чаман» (1439); 4. «Чиҳил сабоҳ» (1440); 5. «Чашмаи зиндагонӣ» (1452); 6. «Ишқнома» (1452). «Девони қудсиёт» аз ҳамду наъту муноҷот таркиб ёфтааст, ки дар қолаби ғазалу тарҷеот рехта шудаанд.
«Девони воридот» аз ҳамду мадҳ иборат аст, ки дар ғазалу қасидаву қитъа ва тарҷеъбанду маснавӣ нигошта шудаанд. «Девони содирот» рубоиёти ўро дар бар мегирад.
Девони «Кони малоҳат» ва маснавии «Се гуфтор»-ро бо лаҳҷаи маҳаллии Шероз навиштааст. Асарҳои «Тароиқу-л-ҳақоиқ», «Лайливу Маҷнун», «Хайру-з-зод», «Маҳозиру-с-сияр фи аҳволи хайрулбашар» (назму наср), «Баёну аён», «Ҷавоҳиру-л-кунуз» (дар шаҳри рубоиёти Саъдуддини Ҳамавӣ), «Низому саранҷом»-и Доъии Шерозӣ бо забонҳои форсиву арабӣ таълиф гардидаанд.
Муаллифон: А. Афсаҳзод, А. Раҳмонфар.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 186.
Шуъбаи библиографияи миллӣ.