Донистан  хуб  аст…

Донишманди бузург Абўрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунӣ (соли таваллуд 973, шаҳри Кот-маркази қадимаи Хоразм-вафоташ соли 1048, Ғазна) оиди илмҳои табиатшиносӣ, тиб ва ғайра аз 150 асар таълиф кардааст, ки аз ҷумла 70 асараш ба илми ситорашиносӣ бахшида шудааст. Дар офаридани китоби тиббиаш «Китоб-ус- Сайдана» адабиёти зиёда аз якуним ҳазор сол таърих доштаро истифода бурдааст. Дар асар 250 нафар муаллифон номбар ва 4500 номгўй набототу ҳайвонот, маъдан ва хосияти онҳо тасвир шудаанд, ки 1100-тои онҳо дорои номҳои тоҷикӣ мебошанд. Дастнависи бо забони форсӣ тарҷумашудаи «Китоб-ус-Сайдана»-и ў дар осорхонаи Боитанияи Кабир (Лондон) таҳти рақами ОЧ 5849 нигоҳ дошта мешавад.

****   ****   ****

Ибни Хайён Ҷобир (соли таваллудаш тақрибан 721, Тўс – соли вафоташ тақрибан 815, Хуф) олим, қомусшиноси асримиёнагии форсу тоҷик. Ӯ  оид ба химия, тиб, ситорашиносӣ, математика, оптика ва фалсафа беш аз 500 асар таълиф кардааст. Аз асарҳои Ибни Хайён бахусус асарҳои кимиёвии ў «Китоб-ус-сабъин» («ҳафтод китоб»). «Китоб – ул-мизон” («Китоби тарозу»), «Китоб-ур-раҳма» («Китоби шавқат») дар Шарқ ва Ғарб машҳур буданд.

***   ***   ***

                Абумуашшар Ҷаъфар ибни Муҳаммад Балосӣ қариб 100 сол умр дида, соли 886 фавтидааст. Ӯ  аз маъруфтарин мунаҷҷимон, олими қарни 1Х ба шумор мерафт. Баъдан ў барои аз худ кардани донишҳои илмӣ нуҷум мепардозад ва дар ин соҳа қариб чил асар эҷод менамояд.

         ***   ***   ***

      Абўзайди Балхӣ (850-934) ҷуғрофияшинос, ситорашинос, табиб ва забоншиноси форсу тоҷик муаллифи 60 асари илмӣ мебошад. Аз ҷумла ў «Китоб оид ба фазилати илми риёзиёт», «Китоби сарфу наҳв», “Ҳудуди фалсафа», «Китоби салоҳии бандаҳо ва ҷонҳо», «Китоб оид ба он чӣ саҳеҳ аст аз аҳкоми нуҷум», «Китоби нодир дар бораи як қатор фаннҳо»-ро таълиф кардааст.

               ***   ***   ***

  Хонандагон ба асарҳои нависандагони барҷастаи Фаронса Александр Дюма ва Оноре де Бальзак шиносанд. Оё медонед, ки ин бузургон чанд асар таълиф кардаанд?

            Александр Дюма 68 солу 4 моҳу 12 рўз умр дидааст. Аз ин 8 моҳу 19 рўз дар Русия  буд. Александр Дюма 477 асар таълиф кардааст. Яке аз  асарҳои  ў «Хотираҳои  ман» ном дорад, ки вай аз 22 ҷилд ва ҳар ҷилд аз 300 саҳифаи чопӣ иборат мебошад. Оноре де Бальзак бошад, қариб 100 раман ва новеллаҳои зиёдтаълиф карда буд.

             ***   ***   ***

 Ҳукуматдорони подшоҳии Русия бо ҳар баҳона пеши роҳи нависандаи бузург Л.Н. Толстойро мегирифтанд. Ӯро доим таъқиб мекарданд. Ҳоло дар архивҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ 1180 ҷузвгирҳои муҳрдори вазоратҳо, идораҳои ҷудогона маҳфузанд. Дар ин ҷузвгирҳо барои манъи асарҳои Л.Н. Толстой ҳар гуна фармонҳо, амру дастурҳо, маълумотҳои дорои муҳри махфӣ дўхта шудаанд.

          …Баъди фавти Л.Н.Толстой (7 ноябри соли 1910) дар осорхонаи шахсии ў қариб 50 ҳазор мактуб ёфт шудаст. Мактубҳои нависанда 30 ҷилдро ташкил додаанд ва ба мунтахоботи 90 ҷилдаи ў дохил гардиданд.

           Романи «Ҷанг ва сулҳ»-и Л.Н.Толстой 559 персонаж дорад. Ҳар кадоме аз ин персонажҳо бо хислату рафтори хоси худ ба якдигар монанд нестанд. Прототипи қаҳрамони роман Василий Денисовро нависанда дар романаш ба номи Денис Давидов ҷой додаст. Денис Давидов шоир, нависандаи ҳарбӣ иштирокчии фаъоли ҷангҳои партизании муқобили лашкари Наполеон буд.

        ***   ***   ***

  Тарас Григорьевич Шевченко (соли таваллудаш 1814, фавташ 1861) 47 сол умр дид. Фаъолияти адабии ў хеле пурмаҳсулу бобаракат буд Тарас Григорьевич Шевченко 1100 номгўй асар таълиф кардаст.

        ***   ***   ***

    Владимир  Иванович Дал тартибдиҳандаи луғати тафсирист. Ғайр аз ин ў 145 повест, мачмўаи ҳикояҳо, 160 маводи таърихӣ барои ҳамин маҷмўа шеърҳои зиёд навишта ва беш аз ҳазор афсонаро ба субут расондааст.

         ***   ***   ***

  Нависанда Жорж Сименон 1903 дар шаҳри  Лже (Белгия)таваллуд ёфтааст. Соли 1090 дар Лозани (Шветсария) фавтид. Жорж Сименон бо номи шахсияш 218 роман, бо номҳои мустаори адабиаш (17 ном) роман ва 1500 повест, ҳикояҳои ҷолиб таълиф дошт. Ӯ  дар   зарфи 7-15 рўз ва ё то як моҳ романи саркардаашро анҷом медод.

            Асарҳои Жорж Сименон ба забонҳои 55 миллати 39 мамлакати олам, бо теъдоди 500 миллион нусха интишор гардидаанд. Нависанда дар бораи комиссари полис – Мегрэ 80 роман навиштааст. Романҳои Жорж Семенон хонданибоб буда, аз рўи онҳо 52 кинофилм, 211 филми телевизионӣ ба навор гирифта шудаанд. Дар ин филмҳо 22 нафар актёрон нақши қаҳрамонони романҳо-Мегреро иҷро намудаанд.

       ***   ***   ***

   Англисзан Урусу Блюм дар сини 91 солагӣ фавтид. Урусу Блюм 560  роман навиштааст. Асари нахустини ў роман-афсона «Паланг» ном дошт ва онро нависанда соли 1990-ум дар синни  ҳафтодсолагиаш нашр карда буд.

         ***   ***   ***

  Романнавис ва ношир Никола Ретиф де Ля Бретони (1743-1806) муаллифи 203 роман буд. Нависанда 152-тои ин романҳоро ҳеҷ гоҳ таълиф накардааст. Лекин аз ҷониби вай ба вуҷуд овардани ҳамаи романҳояш аз ҳақиқат холӣ нест. Зеро Никола Релиф аксари романҳояшро дар матбаа тайёр мекард. Ӯ  романҳояшро рўи коғаз дар як вақт нонавишта, эҳсосоту андешаҳояшро дар  матбаа бо ҳуруф мечинд.

            ***   ***   ***

 Нависандаи Ҷопон Кунинг-те-Бакин ба таълифи романи бисёрҷилдааш соли 1852 шурўъ карда буд. Ӯ  романро соли 1892 анҷом дод. Роман 106 ҷилдро дар бар мегирифт. Ҳар ҷилди роман ҳазор саҳифа дошт. Дар ҳар саҳифа 30 қатор сатр ва ҷамъи ҷилдҳо 3 миллиону 180 ҳазор сатр доштанд. Ҳамаи ҷилдҳои роман 32 миллион калимаро ташкил медод. Андозаи вазни роман ба 60 киллограм мерасад.

            ***   ***   ***

Ақико ном япондухтар дар синни 16-солагиаш нобино шуд. Ӯ  баъди заҳмати зиёд дар зарфи 16 сол барои қориён бо ҳуруфоти Брайлӣ (ҳуруфе, ки нобиноён бо ангушт мутолиа мекунанд) луғати англисию ҷоониро тартиб дод. Луғати Ақиқо 71 ҷилд ва ҳамаи ҷилдҳо 13 ҳазор сафҳаро ташкил намуд.

 

            Бознашр аз китоби Б.Аҳмадов ва Ҷ.Раҷабов “Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик”, Душанбе, 2016.