«Доробнома» – намунаи волои насри ривоятӣ

ДоробномаАдабиёти тоҷик аз қадимтарин адабиётҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки бо осори пурарзиш ва шоҳасарҳои беназири худ дар ганҷинаи тамаддуни башарӣ мақоми арҷмандеро касб намудааст. Ин адабиёт баробари назми пуртаровату дилангези оламгир, дорои қисмати дигари бисёр муҳиме мебошад, ки онро осори мансури форсии тоҷикӣ муаррифӣ кардаанд.

Насри адабиёти тоҷику форс аз ҷиҳати арзиши адабию бадеӣ таҷассумгари масъалаҳои иҷтимоию фалсафӣ, тарбиявию ахлоқӣ, динию мазҳабӣ буда, ҳамзамон оинаи андешаву омол ва руҳияву тафаккури ҷомеа маҳсуб мешавад. Аз ин нигоҳ, адабиёти классикии тоҷикии форсӣ бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти бағоят бузургу беназири хеш омӯзиш ва тадқиқу таҳқиқи пайвастаро дар заминаҳои мухталиф тақозо менамояд. Бузугтарини онҳоро метавон зимни силсилаи таърихнома, сафарнома, насиҳатнома, саёҳатнома, сиёсатнома, зафарнома ва фатҳномаҳо баршумурд, ки «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус ва дигарон аз зумраи чунин шоҳкориҳо мебошанд. Ин қабил асарҳо аз ҷониби нависандагони мушаххаси асрҳои миёна офарида шудаанд.

Ҳамзамон, як силсила осори дигари мансури адабии асрҳои миёна, амсоли китобҳои «Самаки айёр» – у «Доробнома» – ҳо, «Амир Ҳамза» – ву «Искандарнома» – ҳо, «Амир Арслон», «Чаҳор дарвеш», «Саругзашти Ҳотам», «Нӯҳ манзар», «Бахтёрнома», «Ҳабашнома», «Қаҳрамони қотил» ва қиссаҳои сершумори «Сайфулмулук», «Баҳрому Гуландом», «Солеҳи хиштрез» ва дигар номаҳоро метавон баршуморид, ки ба намунаҳои насри ривоятӣ тааллуқ доранд.

Даҳсолаҳои охир омӯзиши насри классикии тоҷику форс ва махсусан насри ривоятии он вусъати тозае касб кардааст. Омӯзиши насри ривоятӣ, аз як тараф, бо роҳи табъу нашри асарҳо сурат гирифта, аз тарафи дигар тавассути таҳқиқи ҷанбаҳои мухталифи таҳаввули насри ривоятии тоҷику форс ҷараён ёфтааст.

Дар натиҷаи таҳқиқи насри ривоятӣ чун қисмати муҳими адабиёти тоҷику форс ва омӯзиши мавзуъ, мундариҷа, жанру шакл ва дигар хусусиятҳои он муҳаққиқон ба бисёр муаммоҳои таърихи адабиёт равшанӣ андохтанд. Муайян шудааст, ки омӯзиши насри ривоятӣ дар ҳалли масъалаҳои ахлоқӣ ва эстетикию иҷтимоии давраҳои муайяни таърихи адабиёти тоҷику форс муфиду муассир хоҳад буд.

«Доробнома» яке аз достонҳои маъруфу пурҳаводиси паҳлавонӣ мебошад. Дар таърихи адабиёти форсӣ ду «Доробнома» мавҷуд аст. Яке аз ин асарҳо ба Абутоҳири Тарсусӣ (асрми XI – XII) ва дигаре ба қалами Муҳаммади Беғамӣ нисбат дода мешаванд.

«Доробнома»-и Абутоҳири Тарсусӣ, ки аз куҳантарин достонҳои омиёнаи тоҷикии форсӣ маҳсуб меёбад, мисли дигар достонҳои паҳлавонӣ, бешубҳа, даҳон ба даҳон мегашт, то дар қарни VI ҳиҷрӣ (XII мелодӣ) ба дасти ин нависанда ба риштаи таҳрир даромад.  «Доробнома» дар адабиёти форсии тоҷикӣ ва махсусан насри бадеӣ нуфузи баланд касб карда, корнамоиҳои подшоҳони Ҳахоманиширо фаро мегирад.

Дар нусхаҳои мухталифи асар номи муаллиф Абутоҳири Тарсусӣ ё Абутоҳири Тартутӣ зикр ёфтааст ва одатан, бо унвони «устоди фозили комил» ва «муаллифи ахбору гузорандаи асрор» ёд карда мешавад. Ном ва насаби пурраи ӯ дар ибтидои «Доробнома» Абутоҳир ибни Ҳасан бинни Алӣ бинни Мусо ал – Тарсусӣ қайд гардидааст. Аз рӯи маъхазҳо Абутоҳири Тарсусӣ дар асри XI – XII зистааст ва достонҳои ӯ низ дар ин аср таҳия гаштаанд. Достонҳое чун «Абумуслимнома», ривояте аз «Искандарнома», «Қаҳрамоннома», «Мусайибнома» ва чанд достони дигар низ ба номи ӯ хонда мешаванд, ки дар миёни онҳо китоби «Доробнома» мақоми ба худ хосеро ишғол менамояд. Рӯзгору зиндагии Абутоҳири Тарсусӣ ва пайдоишии «Доробнома» дуруст маълум нест. Ақидае вуҷуд дорад, ки гӯё Абутоҳири Тарсусӣ аслан аз Тарсуси Осиёи Хурд, ё худ аз Тарсус ном маҳалле аз Сурия будааст. Мувофиқи гуфти Забеҳулло Сафо шояд вай бо баромади худ ба Тарсус тааллуқ дошта, ҳангоми заъфи хилофати ислом дар он диёр худи ӯ ё яке аз ниёгони вай аз он ҷо ба Эрон омада бошад. Дар нусхаҳои дастнависи ривояти туркии «Абумуслимнома» гуфта мешавад, ки Абутоҳири Тарсусӣ ин достонро дар ҳузури султон Маҳмуди Ғазнавӣ (ҳукм.998 – 1030) ривоят кардааст. Дар баъзе дастнависҳои достонҳои Абутоҳири Тарсусӣ султон Маҳмуди Ғазнавӣ чун «Султони мозӣ» ёд шудааст, ки ишора ба замони наздики баъди ин султон мекунад. Вале қатъи назар аз ин дар асоси нусхаҳои сершумори асарҳои ривоятие, ки ба риштаи таҳрир кашида шудани онҳо ба Абутоҳири Тарсусӣ нисбат дода мешавад, метавон гуфт, ки ӯ яке аз боистеъдодтарин ва пурмаҳсултарин ровиён ва нигорандагони қиссаҳои достонҳои қадимаи тоҷику форс дар асри XI – XII будааст. Дар бунёди «Доробнома» ёди наслҳои гуногуни эронӣ ва юнонӣ аз руйдодҳои рӯзгори шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён (асрҳои VIIV мелодӣ) ниҳода шудааст. Аммо ин ёд бо гузашти солиёни дароз ба пиндорҳои достониву ангораҳои афсонавор чунон омезиш ёфтааст, ки аз тасаввуроти ба ҳақиқат наздики пешиниён ҷуз порчаҳои ҷудогонаи хаттӣ ва сюжети воқеаҳои таърихӣ чизе боқӣ намондааст.

«Доробнома» – и Абутоҳири Тарсусӣ аз ду ҷилд иборат буда, бо саъй ва кӯшиши олими эронӣ Забеҳуллоҳ Сафо рӯи чоп омадааст. Устод Сафо онро аз рӯи се нусхаи дастнависи он дар Эрон таҳия намудааст.

Воқеан «Доробнома» асари насри ривоятии қадимаи тоҷику форс буда, дорои персанажҳои хеле зиёд аст, ки амалиёти онҳо низ вусъатнок мебошад. Ин асар ҳаҷман бузург буда, саргузашти муфассали корнамоиҳои подшоҳони Каён – фарзанди Баҳман ва Ҳумои Чеҳразод – Доробро дар бар мегирад. Дар романи мазкур ҷабҳаҳои гуногуни зиндагӣ тасвир ёфтаанд. Қаҳрамонҳои «Доробнома» бо қувваю бозуи худ душманонро мағлуб месозанд. Мундариҷаи «Доробнома» дар шакли қиссаҳои ҷудогона ва ривоятҳои нимтаърихӣ дар адабиёти пеш аз ислом мавҷуд будаанд. Асоси воқеии асари мазкур ба ашхоси таърихӣ ва ривоятии Доро, Дороб, Ҳумой ва ғайра бастагӣ дорад. «Доробнома» – и Абутоҳири Тарсусӣ бештар ба ҳаёти воқеӣ алоқаманд мебошад. Гуфтан мумкин аст, ки асоси романро воқеаҳои таърихӣ ё шахсони реалӣ ташкил кардаанд.

«Доробнома» достони паҳлавонӣ мебошад ва мавзуи он асосан аз набардҳои паҳлавонону кишваркушоиҳо фароҳам омадааст. Мундариҷаи асарро воқеаҳои давраи шоҳаншоҳии Дороб ва инчунин таърихи забту ғорат карда шудани баъзе кишварҳои шарқӣ аз тарафи Искандари Румӣ ташкил медиҳад, яъне ба ғайр аз саргузашти Дороб дар китоби «Доробнома» боз достони мухтасари Искандар (аз оғози ҳаёт то вақти расидан ба салтанат) ва достони нисбатан батафсили Бӯрондухту Искандар оварда шудааст. Муаллифи ривоят аз пайи тасвири ҳақиқати таърихии Искандар нашуда, ба тарзи бадеӣ ҷангномаеро офаридааст. Дар ин асар пеш аз ҳама ғояи ватандӯстии мардуми тоҷику форс тараннум меёбад. Мавзуи асосии асарро муборизаҳои шадиде, ки мардуми ин сарзамин ба муқобили яғмогарони румӣ бурдаанду даме бар душман осоиштагию оромӣ надодаанд, ташкил медиҳад. Дар ин бобат махсусан образи Дороб ва духтараш Бӯрондухт қобили таваҷҷуҳ аст. Ба Абутоҳири Тарсусӣ муяссар гардидааст, ки ба воситаи образи ин духтари ҷасур руҳияи халқи ситамдидаи он давраро хеле дуруст ифода кунад.

Дар ҳақиқат, таърихи таълиф ва таснифи романҳои паҳлавонӣ аз масъалаҳои мураккаби ин жанр мебошад. Аз як тараф, оид ба офаринандагони осори насри ривоятӣ дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабиётшиносӣ ягон маълумот дода нашудааст, аз тарафи дигар, мундариҷаи романҳои паҳлавонӣ то он ки дар шакли ягон китоб тасниф шавад, чун қиссаву ҳикоятҳои пароканда асрҳо дар байни мардум маълум будаанд, яъне дар давоми асрҳо аз даҳан ба даҳан ва аз насл ба насл дода мешуданд ва ниҳоят касе онҳоро ҷамъоварӣ мекардааст. Аз ин ҷиҳат ҳар як асари насри ривоятӣ ду таърихи пайдоиш дорад: яке, таърихи ба вуҷуд омадани ривояти даҳонӣ ва ё фолклорӣ; дигар таърихи тасниф шудани он асар.

Хулосаи ин номаи мухтасар аз он шаҳодат медиҳад, ки асари мазкур аз куҳантарин романҳои насрии омиёна маҳсуб мешавад. Бино бар ин, рӯи чоп омадани асари маъруф дар ду ҷилд барои муҳаққиқон ва ҳаводорони адабиёти гузаштаи мо судманд хоҳад буд. Умедворам, ки хонандагони гиромӣ аз роҳи иродат назари худро ба ҳусну қубҳи таҳия ва баргардони матн ирсол хоҳанд кард.

Рухшона Қурбонзода,
доктори илмҳои филологӣ,
Фурӯғ Тоҷиева, муҳаққиқ

Ҷилди аввали “Доробнома”, ки сарсухани онро овардем, соли равон дар нашриёти “Дониш”-и шаҳри Душанбе, аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба теъдоди 100 нусха чоп шудааст. Хонандагон ҳоло имкон доранд онро дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Таҳияи Анӯшаи Ҷамолиддин,
мутахассиси пешбари шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.