Ҷеймс Дармстетер – шарқшинос ва эроншиноси фаронсавӣ
Дармстетер Ҷеймс (Ҷам) 12 марти соли 1849 дар ш. Шоту Солан, ғарби Фаронса таваллуд ёфтааст. Шарқшинос, эроншиноси фаронсавӣ. Дар мадрасаи ибтидоии яҳудӣ, сипас дар мадрасаи мутавасситаи фаронсавӣ ва донишгоҳ таҳсил кардааст.
Фаъолияти педагогӣ ва пажўҳишҳояш дар эроншносӣ соли 1872 оғоз ёфтанд. Дар мадрасаи таҳсилоти олӣ, сипас дар муассисаи таълимии бонуфузи Коллеҷ де франс (проф., мудири кафедра аз соли 1885) кор мекард. Яке аз нахустин навиштаҳои Дармстетер «Ёддоштҳо дар бораи филологияи эронӣ» (1874) мебошад. Дар рисолаи «Ҳаурватат ва Амрикатат» («Зурдод ва Амрдод» 1875) оид ба асотири авестоӣ андешаҳо иброз доштааст. Дар рисолаи докториаш «Ҳурмузд ва Аҳриман, маншаъ ва таърихи онҳо» масъалаҳои дини зардўштӣ ва санавият (дуализм)-ро дар ин дин таҳқиқ намудааст.
Дар китоби дуҷилдаи «Мутолиоти эронӣ» (1883) пажўҳишҳои Дармстетер оид ба забонҳои эронӣ – забони форсии бостон, забони авестоӣ, пайдоиши забони дарӣ (форсии навин), унсурҳои сомӣ дар забони форсии миёна – паҳлавӣ, ба таърих ва адабиёти Эрон (дар ҷилди 2) фароҳам омадаанд. Маҳсули заҳматҳои Дармстетер дар эроншиносӣ инчунин рисолаҳои ў оид ба робитаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва ҳамосаи ҳиндии «Маҳабҳарата» (1982), «Пайдоиши шеъри форсӣ» (1887 тарҷумаи русиаш соли 1924 бо ном «Происхождение персидской поэзии» дар Москва чоп шудааст) мебошад. Дар рисолаи дуввум Дармстетер оид ба қонунмандиҳои рушди шеъри форсӣ, хусусиятҳои ашъори Рўдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Абўалӣ ибни Сино ва дигарон баҳс оростааст. Аз феврали соли 1886 то феврали 1887 Дармстетер дар Ҳиндустон буд ва дар шаҳрҳои Навсарӣ ва Гуҷарот бо зардуштиён вохўрд, масъалаҳо ва осори динии онҳоро омўхта, дар охири сафараш дар ҷамоаи зардуштиён оид ба арзишҳои ахлоқии осори адабиёти паҳлавӣ ва зардуштӣ ба табъ расондаи онҳо суханронӣ кард.
Дар ҷамоаи донишмандони зардуштӣ Дармстетер чун донандаи Авесто ва дигар осори динӣ обрўю эътибори баланд пайдо кард. Дар ин ҷо ба ў унвони «дастури фаронсавӣ» дода шуд. Ҳангоми сафар ба Ҳиндустон Дармстетер то ба марзҳои Афғонистон сафар кард ва суруду таронаҳои мардумии афғонҳои Хиндустон (Покистони имрўза)-ро ҷамъ оварда, бо тарҷумаи фаронсавӣ ба табъ расонд. Дар муқаддимаи ин навиштаҳо Дармстетер оид ба забони пашту маълумоти муфид додааст. Яке аз корҳои барҷастаи ў дар эроншиносӣ тарҷумаи комили Авесто ба забони форсӣ мебошад, ки бо номи «Занд-Авесто» солҳои 1892-93 дар се ҷилд дар Порис ба табъ расид. Ин тарҷума муқаддимаи пурмуҳтаво (оид ба Авесто ва пайдоиши он, дини зардуштӣ), шарҳу эзоҳотро оид ба масъалаҳои гуногуни Авесто, вожаҳо ва ваҷҳи тасмияи онҳо, истилоҳот, қайдҳо оид бо забони авестоӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Нуқтаи муҳим дар шарҳу тавозеҳоти Авесто аз назари Дармстетер ба эътибор гирифтани маълумоти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва эҷодиёти шифоҳии мардуми эронинажод мебошад.
Тарҷумаи фаронсавии Дармстетер ба забони англисӣ баргардон карда шуд ва дар силсилаи таҳиянамудаи Макс Мюллер «Китобҳои муқаддаси Шарқ» (ҷилдҳои 4, 23) ба табъ расидаанд.
9 октябри соли 1894 дар Мазун Лаффит, наздики Порис аз олам даргузашт.
Муаллиф М. Диловаров
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 328.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.
Теги: шуъбаи библиографияи миллӣ