Евгений Бертелс. Мухтори Ғазнавӣ

Евгений-Бертелс.-Мухтори-ҒазнавӣМухтори Ғазнавӣ шоирест, ки  ҳарчанд  шогирди Масъуди Саъди Салмон набуд, аммо ағлаб ӯро дар қасидаҳояш месутуд ва  росташ ин аст, ки ба ҳангоми ин ситоиш аз ёд намебарад, ки барои худаш  ҳам чизе дарюзагӣ кунад:

Берун натавон шуд зи ҳадди қисмат,
Шав гирди Фузуле магар Усмон.
Бисёр  ғами дил магӯву шеърат,
Бинвису бибар пеши Хоҷа бархон.
Дил дар саф бо ҷалоли ӯ деҳ,
В-аз ӯй силат богумон бистон.

     Равшан аст, ки дарёфткунандаи чунин қасидае наметавонист чашмтангӣ ва озмандӣ кунад ва афзун бар он,  ҳадяву сила ағлаб ҳатто аз  чашмдошти хоҳишкунанда борҳо пештар мебудааст.  Сироҷиддин Усмони Мухторӣ гузашта аз девоне, ки наздик ба ҳашт ҳазор байт дар он аст, манзумаи “Шаҳриёрнома”-ро ҳам сурудааст. Ин манзума, ки ба пиндори  шоир ҳамчун идомаи “Шоҳнома” суруда шуда, достони диловариҳои паҳлавони афсонаи Шаҳриёр – писари Барзу ва набераи Рустам аст ва ҳамаи диловариҳояш дар Ҳинд анҷом мегирад. Дархӯри нигариш аст, ки аз рамзи Эрону Турон, ки Фирдавсӣ бо чунон нигарише онро овардааст, дар китоби Мухторӣ сухане ҳам нест. Дар  “Шаҳриёрнома” разм миёни сипоҳиёни “боимон”-и ислом ва “бутпарастони кофар”- ҳиндиён аст ва ба сухане дигар манзума дар рӯҳи  сиёсати Ғазнавиён суруда шудааст. Ин  китоб ба Масъуди савум тақдим гардид, пас пеш аз соли 1115- и тарсоӣ навишта шудааст. Мухторӣ се сол рӯи он манзума кор кардааст. Равшан  нест, ки онро ба поён бурдааст ё  на, аммо ба ҳар ҳол гумон намеравад, ки ин асаре комёб будааст, зеро танҳо порае андак аз он то ба рӯзгори мо расидааст.

Девони Мухторӣ ҳар чанд нусхаҳои хаттии он андак нест, то  кунун чоп нашудааст. То он ҷо ки мо огоҳӣ дорем ин девон то имрӯз  бозковӣ ва омӯхта нашудааст. Бозбинии нусхаи хаттии институти  ховаршиносии академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ менамоёнида, ки вай суханваре буда, ки мекӯшидааст то аз Масъуди Саъд пайравӣ кунад, аммо аз тирози Абдулфараҷи Рунӣ ҳам фаротар нарафтааст.

Қасидаҳои ӯ аз беху бун расмиву ташрифотӣ ва хушк аст ва вижагиаш ҳамоно тезҳушӣ ва базлагӯии тасаннуӣ ва сохтагӣ аст. Фан ва техники Мухторӣ дар тирозе аст болову воло, аммо шоистагии дигаре дар сурудаҳояш нест.
Аз китоби Евгений Бертелс “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” таҳияи Малика Абдуллоева.
Ин китоб соли 2015 аз силсилаи “Тоҷнома” дар Китобхонаи миллӣ нашр шудааст.