Файзалӣ Ҳасан дар бораи Дӯстмурод Алиев. “Ошёни меҳр”
Номи накў натиҷаи умри абад бувад,
Ҳаргиз намирад он, ки намурдааст номи ў.
Чунин шахсияте буд дар майдони ҳунар, ҳарчанд, ки умри хело кам дид, аммо дар дилу дидаи хурду бузурги миллати тоҷик лонаҳои бисёре сохт, ки то имрўз ва оянда низ ин ошёни меҳри Дўстмурод Алиев боқӣ хоҳад монд.
Ман бо Дўстмурод Алиев дар донишкадаи санъат дар як вақт дониши касбӣ меомўхтем ва аз ҳамон солҳои донишҷўӣ маълум буд, ки ў аллакай мактаби хоси худро пайдо кардааст. Бисьёр бачаи шўху ширинсухан, овози сарояндагии ҷаззобу нотакрор дошт. Оҳангҳо эҷод карда, онҳоро бо сабке, ки хоси худи ў буд месуруд.
Аз аввалҳои солҳои донишҷўӣ, ман, Дўстмурод Алиев, (хонаи охираташ обод бод) Мастона Эргашева ва чанде дигаронро ба дастаи ҳунарии Тоҷикконсерт шомил карда буданд. Бо барномаҳои мукаммали консертӣ назди сокинони зафарманди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он баромад мекардем. Дўстмурод дар ҳамаи баромадҳои концертиаш муваффақиятҳои калон ба даст меовард. Новобаста аз ҷавонияш мухлисонаш хело зиёд буданд. Ўро гаштаю баргашта бо кафкубиҳои бардавом рўи саҳна даъват мекарданд.
Дар мавсими пахтачинӣ, ману Дўстмуроду Мастонабонуро аз чидани пахта озод карда, ба гурўҳи таблиғотии консертии ҳамонвақта шомил карда буданд…
Дўстмурод лоиқи номи худ буд. Бисёр инсони ботамкин, пуртоқат, ба шўхиҳо тобовар ва гуфтани аскияву латифаро дўст медошт. Дар рафиқӣ ҷавонмарди ҳақиқӣ буд. Дўсташро ҳеҷ гоҳ дар нимароҳ намегузошт.
Баъди ҳатми донишкада бо роҳхати Вазорати фарҳанг Дўстмурод ба зодгоҳаш ноҳияи Файзобод ба кор рафт. Ман бошам, ба ноҳияи ҳозира Мир Саид Алии Ҳамадонӣ барои тарбияи насли наврас ва хидмат ба халқи азизам раҳсипор гаштам.
Хўшбахтона, баъд аз 5 – 6 соли кориамон 15 – уми августи соли 1978 ҳардуямон дар як рўз ба унвони «Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон» сарфароз гардидем.
Дар тамоми концертҳои давлатӣ моро ҳар сол ба пойтахт даъват мекарданд. Назди сокинони кишвар баромад мекардем ва сазовори пазироии мухлисон мегаштем. Соли 1980 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе санъаткорон аз ҷумҳуриҳои бародарии Озарбойҷон, Узбекистон, Афғонистон, Эрон ширкат доштанд. Дар қатори онҳо камина, Дўстмурод Алиев, Мастона Эргашева, Одина Ҳошим, Ҷўрабек Муродов, Ҷўрабек Набиев, Сурайё Қосимова, устод Зафар Нозимов санъати баланди касбии тоҷикро муаррифӣ кардем.
Хулоса, Дўстмурод ҳунарманде буд, ки ҳама дўсташ медоштанд, номаш ба худаш хос буд, ҳунарманди нотакрору соҳибмактаб буд. Аз ин ҷост, ки имрўзҳо дар консерваторияи миллии ба номи Талабхўҷа Сатторов суруду оҳангҳои ў аз тарафи устодон ба шогирдон омўзонда мешаванд.
Аҳсан ба бародари азизам Сафар Розиқов, ки эҷодиёти ин марди наҷибро ба нота гирифта, рўҳи арвоҳи ўро шод гардонда, мактаби нотакрори ўро абадӣ гардондааст. Сафар, ки худ эҷодкор аст, ба қадри чунин ганҷина расидааст.
Рўҳат шод бод азизи дилҳо Дўстмурод Алиев!
ФАЙЗАЛӢ ҲАСАН, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рўдакӣ, профессори Консерваторияи миллии ба номи Талабхўҷа Сатторов.
Аз китоби Сафар Розиқов “Ашкборон”, ки ба фаъолияти эҷодиву ҳунарии сарояндаи мумтоз, шодравон Дӯстмурод Алиев бахшида шудааст.
Таҳияи Фирӯза Таурова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.