Фаррух Ҳасанов дар маҳфили «Ганҷи сухан»-и Китобхонаи миллӣ

Ганҷи-суханАввалин маҳфили «Ганҷи сухан»-и шуъбаи хизматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ дар соли 2024  11-уми январ бо ширкати овозхони ҷавону маъруфи кишвар Фаррух Ҳасанов баргузор гардид, ки онро муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода ифтитоҳ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки соли гузашта фазои маҷозии интернетӣ пур аз дастовардҳои Фаррух Ҳасанов буд, ки дар озмуни «Биёед, ҳама якҷо» («Ну-ка, все вместе!») ин тоҷикбача шуҳрату шаҳомат пайдо намуд ва парчами миллати мо ба ифтихори ин фарзанди тоҷик боло шуд.

-Ҳунарманди асил он аст, ки барои шоду хуррам кардани мо ва маҳфилҳои моро гарм намудан хидмат мекунад. Фаррух Ҳасанов бо таронаҳои хубаш дар таърихи мусиқии эстрадаи кишвар ҷойгоҳи худашро пайдо намуд,- гуфт ӯ.

Ҷалолуддин Нурзода ба Фаррух Ҳасанов дастагул ва китоби «Курушнома»-ро, ки  Китобхонаи миллӣ нашр намуд, туҳфа кард.

Ганҷи-суханИн маҳфил аз ҷониби телевизионҳои кишвар сабт гардид ва Фаррух Ҳасанов ба суолҳои мухлисонаш посух дода, бо хондани сурудҳои тоҷикиву русиву англисӣ ва туркӣ маҳфилро зебу шукуҳ бахшид. Фаррух аз қадамҳои аввалаш ба саҳна ёдовар шуд:

– Вақте гомҳои нахустамро дар ҳунар мегузоштам, дўстону наздикону бародарон механдиданд. Мегуфтанд ин касб нест, ояндаи хуб надорад, беҳтар аст, ки забон омўзӣ, ягон касби дигарро аз худ намо, ки дар оянда туро хуронаду пӯшонад ва ояндаатро хуб кунад. Ман ин ҳамаро мешунидам, вале ба амри дили худ амал мекардам. Шумо ҳам чунин кунед, бигзор гӯянд, аммо ба дили худ кор кунед. Шумо худро аз дигарон беҳтар медонеду мешиносед. Зарфиятҳои шуморо дигарон намедонанд. Ман маҳз чунин кардам, ҳамаро гӯш кардам чӣ мегӯянд, вале кори худро кардам. Ганҷи-сухан

10 -15 сол кор кардам, аз рўи овозам, аз рўи худам. Забон омўхтам. Ба сифати дипломат кор кардам, донишгоҳро бо ихтисоси тарҷумони забонҳои хориҷӣ хатм намудам, дар сафоратхонаҳо кор кардам. Аммо худамро наёфтам. Маошам хуб буд, медонед, ки маоши тарҷумонҳо хуб аст, аз 10 000 кам набуд маошам. Аммо, як ҳис мегуфт, коре, ки мекунам, кори ман нест. Худро ба ҳунар задам.

Бояд зикр кард, ки Фаррух Ҳасанов сарояндаи пуристеъдоду пуровозаи тоҷик аст, ки пас аз ширкат ва ғолибияташ дар озмуни «Биёед, ҳама якҷо» («Ну-ка,все вместе!») маъруф шуд ва кишвари моро дар сатҳи байналмиллалӣ муаррифӣ намуд. Фаррух Ҳасанов гуфт, ки айни ҳол бо як овозхони машҳури рус шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расондааст ва бинобарин ҳаққи ширкат ва баргузор намудани барномаҳои консертиро надорад.

– Аммо барои дилхӯшии нафарони дорои имконоти маҳдуд ҳамеша омодаам аз баҳри ҳар коре бароям ва ба  хидмати онҳо бирасам, то ба онҳо руҳия ва ангеза бахшам, -гуфт Фаррух Ҳасанов дар поёни суханронияш.

Ганҷи-суханГуфтанист, ки “Ганҷи сухан” як маҳфили доимии шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аст, ки ба хотири дилгармии шахсони маъюб ба зиндагӣ созмон ёфтааст. Масъулини ин шуъба талош мекунанд шахсиятҳои маъруфу шинохтаро даъват кунанд ва миёни онҳо ва хонандагони шуъбаашон аз ҷумлаи афроди дорои имконоти маҳдуд як суҳбати самимӣ баргузор шавад.

Раҳима АЪЗАМ,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.