Китоби нав. Абдухолиқи Набавӣ: “Пайванди дирӯзу имрӯзи адабиёт”

Пайванди дирӯзу имрӯзи адабиётТаърихи адабиёти гузашта моро водор месозад,то бидонем дар замонҳои қадим гузаштагони мо чи  гуна сухандону суханрон будаанд ва мо низ насли оянда давомдиҳандаи пайкори неки онҳо бошем.

Китоби донишманди маъруфи тоҷик Абдухолиқи Набавӣ  “Пайванди дирӯзу имрӯзи адабиёт” дар доираи «Барномаи давлатии рушди  соҳаи таъбу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» нашр шудааст ва муаллиф дар сарсухани он овардааст:

Маҷмӯаи ҳозира аз мақолаҳое ба ҳам омадааст, ки ба нақду баррасии мавзӯъу масъалаҳои адабиёти гузаштаву имрӯзи тоҷикӣ бахшида шудаанд. Адабиёти мо, ба таърихи зиёда аз чанд ҳазорсола, аз ҷума адабиётҳои хеле пурбори ҷаҳон мебошад. Хосса адабиёти классикии он дар тафаккури адабии ҳазораи охири инсоният аз саҳфаҳои дурахшон ба шумор омадааст. Бино бар, ин бисёр масъалаҳои он дар тӯли таърихи инкишоф барои адибони ҳам дирӯз ва ҳам муосир ба ҳам иртиботи танготанг доранд. Аз аввалин нуктаҳои иртиботи қавӣ бо забони адабии форсӣ тоҷикӣ мебошад, ки дар имтидоди асрҳо афкори адабии моро ба ҳам мепайвандад. Сониян, суннатҳои олии инсондӯстода ва ниҳоят, ҳунари сухангустарии воло будааст. Дар воқеъ дар таърихи фарҳанги маънавии ҷаҳон чунин падидае дарёфт кардан мушкил аст, ки осори зиёда аз даҳ аср қабл эҷодшударо муосирон бе мушкил фаҳманд маънӣ кунанд ва лаззат бибаранд.

Бино бар ин, дар ҳар давр, хосса даврони муосир аҳли илму адаб мутаваҷҷеҳи ин ягонагӣ ва бозгӯ кардани асрори он будаанд ва дар ин мавзӯъ нақду баррасиҳои илмие кардаанд. Дигар ҳодисаи муҳим дар таърихи афкори адабии мо зуҳур ва таҳаввули адабиёти нави мудерн мебошад, ки ба худ мувофиқ мавзӯъу муҳтаво, шахсиятҳои адабӣ ва поэтикаи хос дорад.

Ба ҳамин асос, нақду бозгӯи чанде аз ин умумияту худхосагиҳо ба қадри тавон, аз вазифаҳои мо дар ин маҷмуа будааст. Дигар қазоват  ба хонандагони муҳтарам во гузошта мешавад.

Китоби Абдухолиқи Набавӣ “Пайванди дирӯзу имрӯзи адабиёт” барои доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст ва ҳар касе дар ҷустуҷӯи ин китоб аст, метавонад онро дар «Китобхонаи миллӣ» мутолиа намояд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.