Фазлиддин Муҳаммадиев дар хотираҳои Абдулҳамид Самад. Бахши аввал
Моҳи октябр моҳи даргузашти яке аз маъруфтарин адибони тоҷик, устод Фазлиддин Муҳаммадиев аст. Адиби шинохта баъди ҳамлаи дастаи хуношоми бангӣ ва зарби кордҳо дигар ба худ наёмад ва тарки олам кард. Солҳо гузаштанд, вале доғи нангини ҳамла ба қаламкаши нотакрор шуста нашуд.
Ба поси хотири устоди каломи баъде аз хотираҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, ки дар шумораи 7-уми маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудааст, ду пораеро интихоб кардем, ки мегузорем.
**** ***** ****
….Зиндагӣ акнун рангу таровати дигар гирифт. Ҳамсару модарамро ба «кафтархона»-и дилкушо овардам. Навиштаҳо зиёд не, кам-кам зери унвони лавҳа баъзан ҳикоя дар рӯзномаҳо нашр мешуданд. Аммо муждаи оянда соҳиби фарзанд шудан бароям муъҷизаи муъҷизаҳо намуд. Худоё, сарам ба осмон расид, масту махмур гӯё болу пар баровардам. Насл, нишони мард, идомаи зиндагӣ. Масъулияти падарӣ. Лекин аз нашри лавҳа ва ҳикояҳо дар таҳти дил ташвише ҳам мекашидам. Арзише доранд? Чаро мунаққиде оид ба навиштаҳо изҳори ақида намекунад. Навиштанро идома додан маъние дошта бошад? Дуруст аст, ки ҳикояи «Ду гусел» дар озмуни рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ба ифтихори ҷашни ғалаба бар фашизм сазовори мукофот шуд. «Навои най»-ро шоир Аминҷон Шукӯҳӣ чун котиби Иттифоқи нависандагон аз рӯзномаи «Коммомоли Тоҷикистон» хонда, бо телефон маро наздаш даъват кард ва аз ҳусну норасоиҳои он нарм ҳарф зада, нусхаи таҳриркардаашро барои омӯзиш дод. «Боз навис» гуфт. Ситоиш ҳамқаламон ба назарам ҷиддӣ наменамуд: дилбардории рӯякӣ, арзонбаҳо. Ин андешаро дар омади гап боре ба Салимшоҳ Ҳалимшоҳ изҳор кардам.
– Ҳикояҳоятро ба Амак пешниҳод бикун, – гуфт вай.
– Кадом Амак? – пурсидам.
– Фазлиддин Муҳаммадиев! Китобҳояшро хондаӣ?
– Борҳо…
– Хама вайро Амак ном мегиранд. Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, ҳама … Нависандаи беҳтарин, инсони наҷиб, нағз маслиҳат медиҳад.
– Аз куҷо меёбам Амакро?
– Дур не, дар он тарафи роҳ, аз паси бинои Филармония дар идораи «Тоҷикфилм», – фаҳмонд Салимшоҳ ва таъкид ҳам кард: – Ҳикояҳоро дастхат не, мошиннавис пешниҳод бикун…
Чанд рӯз перомуни маслиҳати Салимшоҳ Халимшоҳ андешидам: ҳикояҳоро ба муалллим Фазлиддин Муҳаммадиев пешниҳод бикунам ё не? Фурсати хондан дошта бошанд? Аслан ин чизҳо кирои мутолиаи як нависандаи номвар мекунанд? Ниҳоят «Таваккал нар бувад, андеша мода» гуфта, 21.10.1974 тамоми ҷуръатамро гирд оварда, ба суроғи муаллим рафтам. Ман ӯро борҳо ҳангоми аз пиёдароҳи назди идораи «Тоҷикистони советӣ» гузашта, ба Иттифоқи нависандагон рафтан ё ба шуъбаи адабиёт ҳикояву мақолае оварданашон дидаам, вале бо эшон ҳамсуҳбат нашудаам. Инсони нуронӣ, мудом ба андеша ва хаёле ғӯтавар…
Нарм ба дастаи дари ҳуҷраи муаллим ангушт расондам. Ҳанӯз наомадаанд. Баргаштам, ки ба муаллим рӯбарӯ шудам. Эҳа, ором, хаста, пурандеша. Шунида будам, ки муаллим бори дуюм сактаи дил гузарондаанду ранҷуранд. Ба ростӣ, дар гуфтугӯ бо шоир Ғаффор Мирзо, ки табиатан тундгапанд, ба ин андоза дар ҳаяҷон наафтода будам. Салом додам. Муаллим пас аз посух аз папкаи дастам чашм наканда, аҳвол пурсиданд. Бо ҳоле пароканда ниятамро баён кардам. Он кас дарро кушода бо овози хаста «марҳамат» гуфтанд. Ва паси миз нишаста, аввал қогазу ҷувздонҳоро як сӯ ниҳода, маънидорона ба ман чашм давонданд. Ҷувздонро болои мизашон гузоштам. Муаллим онро кушода, бафурсат аввал ба сарлавҳаи ҳар ҳикоя нигариста пурсиданд:
– Инҳо дар матбуот чоп шудаанд?
– Бале, – посух додам ва ноҳиҷор номи рӯзномаҳоро низ гуфтам.
– Аҷиб… Надидаам, нахондаам, – оҳиста фаҳмонданд муаллим ва афзуданд:
– Ҳозир корам бисёр… иҷрои супоришҳо, – ба лабони хушкидаашон хаёле табассум давиду чеҳраашон пурнуртар шуда пурсиданд: – Аз байни ин навиштаҳо кадомаш бештар ба худат писан даст? Интихоб ба ихтиёри ту, хондан ба зимаи ман…
Ин тавр ранг гирифтани масъаларо чашмдор набудам. Безобита шудам. Кадомашро пешниҳод бикунам? Ёдам омад, ки «Даҳмардаро»-ро пас аз таҳрир Бозор Собир дар рӯзномаи овозадори «Маориф ва маданият» чоп карда, «бад не» гуфта буд. Зиёд ҳам не, 7-8 саҳифа.
«Даҳмарда»-ро гирифта, пеши муаллим ниҳодам. Он кас хома дар даст бодиққат ба хондан шуруъ карданд. Ман дар хомӯшии ҳуҷра нафас ба дарун, рӯйи курсӣ мисле дар болои хордаста ногувору ҳаяҷонзада менишастам.
– Хондам, мулло, – аз овози нарми муаллим ман ба худ омада, сар бардоштам. Бо табассуми роздор ба ман менигаристанд: – «Даҳмарда» ҳанӯз ба жанри ҳикоя ҷавобгӯ нест. Як лавҳаи ширин аст. Барои он ки ба жанри ҳикоя мувофиқ шавад, мебояд ҷузъиёту ҳолатҳои пуртазод ва амалиёти оқилонаи аз мушкилиҳо раҳидани қаҳрамонро биёбеду тасвир бикунед. Дар либоси бадеӣ. Дигар ин ки ин лавҳа ғалатҳои услубӣ ва забонӣ ҳам дорад. Онҳоро бодиққат аз назар гузаронед…
Сипас муаллим аз ман пурсиданд, ки осори кадом адибони маъруфи ҳикоянависи дунё ва советиро мутолиа кардам. Ва тавсия доданд, ки ҳикояҳои Чехов, Горкий, Шолохов, Ҷ.Лондон ва дигаронро барои омӯзиш аз нав бихонам…
Ин дидор, муносибат ва суҳбати нарму сафобахши муаллим Фазлиддин Муҳаммадиев бароям як дарси бузурги хотирмон шуду равзанаеро ба олами эҷод кушод. Каммутолиа набудам. Назму насри адабиёти классикӣ ва муосирро мехондам, лекин барои омӯзиши забону ҳунари нигорандагӣ не. Акнун фаҳмидам, ки ин тарзи омӯзиш ба навқалам ё мусофири роҳи сухан бештар зарур будааст.
Дар ин байн Иттифоқи нависандагон Машварати адибони ҷавонро баргузор кард. Дар радифи К.Мирзоев, А.Кенҷаев ва А.Рабиев маро низ ба ин Машварат масъули шурои насри Иттифоқи нависандагон Муҳиддин Хоҷаев даъват кард. Шод шудам ва як ҷувздон ҳикояро барои мутолиаи устодон ба вай супоридам. Мо навқаламон дил пуртакопӯ менишастем: ба навиштаҳоямон чӣ баҳое медиҳанд? Муаллим Ф.Муҳаммадиев бо сабаби беморӣ наомаданд. Устодон С.Улуғзода, Ҷ.Икромӣ, Ф.Ниёзӣ, М.Хоҷаев сари як пиёла чой бардоштҳояшонро аз мутолиаи ҳикояҳои хонда иброз медоштанд. Ду ҳикояи ман «Субҳ медамид» ва «Шикор»-ро барои аз нав кор кардан маслиҳат доданд. Сотим Улуғзода рӯйирост гуфт, ки аз байнатон ҳамин Абдурофеъ чеҳраи нависандагӣ дорад. Кароматулло ва Аюбҷон аз эродҳо сахт ранҷиданд.
Бо ҳидояти Муҳиддин Хоҷаев «Субҳ медамид»-ро борҳо таҳриру тозанавис кардам. Сипас бо роҳнамоии ӯ ҳикояро ба масъули шуъбаи насри маҷаллаи «Садои Шарқ» Шамсӣ Собир бурдам. Асабӣ буд. Ҳикояро аз дастам нагирифт. Бори нахуст ба дафтари маҷаллаи «Садои Шарқ» қадам ниҳода будам… Ранҷидахотир боз назди М.Хоҷаев омадам. Вай ҳикояро гирифта, ба С. Турсун супорид. Ӯ масъули шуъбаи очерк ва публитсистика буд. «Субҳ медамид» соли 1975 ва «Шикор» соли 1976 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» нашр шуда, чун шиносномаи банда дар муҳити адабӣ пазируфта шуданд.
– Аз ҳамин сатҳ дигар поин нанависед, – таъкид мекарданд устодон.
Пас аз нашри Ⱪарори КМ ҲКИШ «Оид ба тарбияи адибони ҷавон» маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба ҳамин масъала дар толори китобхонаи ба номи Лоҳутӣ баргузор шуд. Бо ташаббуси ва ҳидояти ғамхоронаи М. Ҳоҷаев дар ин маҷлис, ки устодон М. Турсунзода, М.Миршакар, С.Улуғзода, Ҷ.Икромӣ, Б.Раҳимзода, Ф.Муҳаммадиев, Р.Ҷалил, М.Қаноат ва бузургтарин муҳаққиқону шоирону номвар ширкат доштанд, банда перомуни мушкилоти нашри китобу навиштаҳои адибони ҷавон, ниёзҳои онҳо ба ёриву дастгирӣ бо чӣ ҳаяҷоне чанд дақиқа ҳарф задам. Ин сангинтарин имтиҳонам дар ҳузури устодони бузурги сухан дар минбар буд, ки роҳи ояндаи маро ба адабиёт кушод. Соли 1977, албатта, бо меҳрубонии устодону дӯстон маро ба маҷаллаи адабии баландмартабаи «Садои Шарқ» ба кор даъват карданд. Инро ҳеҷ кас, ҳатто худам чашмдор набудам. Сипас, баъди борҳо дар шурои наср муҳокима шудан, Иттифоқи нависандагон барои нашри маҷмуаи ҳикояҳоям дар нашриёт мактуб дод. Муваффақияти бузург. Бо пешниҳоди дӯстам Гулназар, ки мудири бахши очерк ва публитсистика буду банда ходими адабӣ, номи китобро «Шохи чанор» гузоштам. Дар ин байн ба иншои повести «Баъд аз сари падар» камар бастам. Ⱪиссаро ба охир расондам ва бо пешниҳоди тарҷумаи таҳтуллафзии чанд ҳикояву ин қисса (с.1978) дар Машварати VII-уми адибони ИҶШС дар Москов ширкат кардан насибам шуду баҳои хуб гирифтан низ. Баъд ин қисса дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (с.1979) чоп шуд ва дар маҷлиси олимони номвари суханшиноси Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳо мавриди муҳокимаи густурда қарор гирифт. Ва талошу токопӯи банда дар паҳнои беканору пур аз варта, шебу фарози адабиёту зиндагӣ оғоз ёфт. Афтодаву бархеста, гоҳ шоду гоҳе нохуш бояд пеш рафт. Дар ин сафари дарозу пурзаҳмат, – Худо медонад, ки то кай идома меёбад, – аз ҳама мушкилу хатарнок муомила бо ҳамқаламон буд. Ба танқидат дилбардорӣ мекарданд, аз таърифат нохуш мешуданд. Агар сарпарастии пирони батадбиру хайрандеши адабиёт М.Миршакар, Ф.Ниёзӣ, М.Каноат, Б. Раҳимзода, У.Раҷаб, дастгириҳои пайвастаи устодон Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Гулназар намебуданд, моҷарохоҳону қаҷдилони ҳасуд миён мешикастанд ё ба таъбири Гулназар «хомохом фурӯ мебурданд». Муҳити ҳунарӣ ва адабӣ ба касофати ҳасудон, тангназарон бузбозиҳои беҳисоб неку бади рӯзгор дар ёди нависанда низ нақш мебандад….
(Давом дорам)
Аз маҷаллаи “Садои Шарқ”, соли 2022,
шумораи 7. Таҳияи Малика Абдуллоева.