Фонди умумии шуъбаи Дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодир дар соли 2025 (бо хатти форсӣ)

dasthathoi-sharШуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке  ва бойтарин ганҷинаҳои илмӣ-маънавӣ ва фарҳангӣмадании кишвар шинохта мешавад. Ин гуна Шуъбаҳо дар назди баъзе китобхонаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ҷумҳурӣ вуҷуд доранд, аммо на бо иқтидору шароити лозимаи муосири имрӯза фаъолият мекунанд.

Ҳадафи асосии ин Шуъба дар он аст, ки нигоҳдории тамоми адабиёте, ки ба хатти форси- арабӣ ба Китобхона ворид мешаванд, ҳамаи онҳо ба фонди ҳамин Шуъбаи мазкур гузаронида мешаванд. Дар навбати аввал, аз ҷониби кормандони Шуъба ҳамаи ин адабиёт коркард мешвад ва дар ҷойҳои лозимаи худ барои осон гардидани дархости истифодаи хонандагон ҷобаҷогузорӣ карда мешаванд. Ҳамчунин ба ҳар як корманди Шуъба вазифадор шудааст, ки хусусияту мафҳуми ҳар як дастхатро тавассути ВАО ё тариқи навиштани маълумотномаҳои кӯтоҳ дар сомонаи “Китобхонаи миллӣ” ё дар дигар сомонаҳои ҷумҳурӣ таблиғ ва муаррифӣ намоянд. Бо вуҷуди гузашти солҳо, рушди босуръати ин фонди беназир идома дошта, таваҷҷуҳи зиёди муҳаққиқон ва дӯстдорони илму фарҳангро ҳамеша ба худ ҷалб карда истодааст.

АҲАМИЯТ ВА ЗАРУРАТИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ХАТТӢ

Бешубҳа, ҳифз ва омӯзиши осори хаттӣ яке аз роҳҳои муҳими шинохти таърих ва мероси маънавии миллат аст. Фонди шуъба на танҳо як бойгонии осор, балки пойгоҳи муҳими илмӣ ва тадқиқотӣ барои донишмандон, донишҷӯён ва пажӯҳишгарони соҳа ба шумор меравад. Ҳар як дастнавис, китобҳои чопи сангию муосир, ин чунин рӯзномаву маҷаллаҳо дорои таърихи хоси худ буда, дар ташаккули ҳуввияти миллӣ ва фарҳангии мо нақши муҳим мебозад.

ВАЗЪИ КУНУНИИ ФОНД

dasthathoi-sharТибқи маълумоти охирини бадастомада, шумораи умумии фонди шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир то соли 2025, ба 38 248 нусха расидааст, ки ҳамаи онҳо дар махзанҳои махсуси Китобхона нигоҳдорӣ карда мешаванд. Бояд гуфт, ки солҳои пеш аз ин миқдор бо сабабҳои гуногун тақрибан 4000 китоби чопи муосирро аз истифода бароварданд, ки ҳоло шумораи умумии фонди шуъба ба 34 248 нусха расидааст, ки китобҳои дастнавис, чопи муосир, маҷалла ва рӯзномаҳоро дарбар мегирад. Боиси хурсандӣ аст, ки ин ҳама нишондиҳанда далели пешбарандаи сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти кишвар ва ҳамчунин фаъолияти пурсамари роҳбарияти Китобхонаву кормандони Шуъба дар самти ҳифзи мероси хаттии ниёгонамон ба шумор меравад, ки то ба ҳол барои ғанӣ гардонидани фонд хеле заҳмату талошҳоро сипари намуда истодаанд.

Фонди шуъба ба қисматҳои зер карда мешавад:

Фонди дастнависҳо

dasthathoi-sharИн қисмат арзишмандтарин бахши фондро ташкил медиҳад, ки теъдоди онҳо дар Шуъба бештар ба 2 750 нусха мерасад, ки баъзеи онҳо дар шакли комил ва баъзеашон дар шакли нокомил қарор доранд. Имрӯзҳо мушоҳида карда мешвад, ки ин нусхаҳои хаттии нодир таваҷҷуҳи шаҳрвондони дохил ва баъзе аз кишварҳои аврупоӣ ва осиёиро ба худ ҷалб карда истодааст, ки баъзеи онҳо моҳҳо ва ё солҳо нишаста, тадқиқотҳои илмӣ-пажӯҳишӣ анҷом медиҳанд. Ин дастхатҳои нодир дар соҳаҳои илму адаб, ҳандаса, тиб, таърих ва динро фарогир мебошад, ки аксарияти онҳо бо хатти форсӣ навишта шудаанд. Аз ҷиҳати забонӣ бошад, ин дастхатҳо забонҳои форсӣ-арабӣ ва туркӣ-узбекӣ навишта шудаанд. Қадимтарин дастхати фонди Шуъба ˗ китоби “Таърихи Табарӣ ”-и Муҳаммад Ҷарири Табарӣ мебошад, ки он дар асрҳои XIII-XIV милодӣ бо хатти настаъалиқ китобат шудааст ва он яке аз нусхаи нодир дар фонди Шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир маҳсуб мешавад.

Фондӣ китобҳои чопи сангӣ (литография)

Китобҳои чопи сангӣ бахши муҳими дигаре аз фонди шуъбаро ташкил медиҳанд, ки шумораи умумии онҳо имрӯз ба 2 921 адад мерасанд. Ин китобҳо асосан дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX нашр мешудаанд ва аз ҷиҳати услуби чоп хеле зебо сохта шудаанд, ки арзишмандтарин чоп дар замони худ мебошанд. Гарчанде ки онҳо дастнавишт нестанд, вале бинобар нашри маҳдуд ва арзиши илмиашон дар зумраи китобҳои нодир шомил шудаанд. Ин китобҳои чопи сангӣ дар соҳаҳои илму-адаб, ҳандаса, тиб, таърих ва динро фарогир мебошад, ки аксарияти онҳо бо хатти форсӣ- арабӣ навишта шудаанд. Аз ҷиҳати забонӣ бошад, дорои забонҳои форсӣ-арабӣ ва туркӣ-узбекӣ ҳастанд.

Фондӣ китобҳои чопи муосир

Дар фонди шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир зиёда аз 24 500 нусха китобҳои чопи муосир нигоҳдорӣ карда мешаванд, ки аксарияти онҳо бо хати форсӣ-тоҷикӣ, инчунин арабӣ, русӣ, лотинӣ, забонҳои туркӣ ва ибрӣ нашр шудаанд. Аз ҷиҳати забонӣ бошад, бо забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, арабӣ, забонҳои туркӣ (туркӣ, озарӣ, тоторӣ, чағатоӣ қазоқӣ ва ғ.), пашту, урду, русӣ, ибрӣ ва ғайра мебошанд, ки ҳар кадоми онҳо ханандаи хоси худро доранд.

Фондӣ маҷаллаву рӯзномаҳо

Дар Шуъба рӯзнома ва маҷаллаҳои қадима ва муосир нигоҳдорӣ мешаванд, ки бо забонҳои мухталифи Шарқ чопу нашр гардидаанд. Ин васоити ахбори омма шоҳиди рӯйдодҳо, мубоҳисаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии замони худ мебошанд. Дар Шуъба зиёда аз 4000 нусха маҷаллаву рӯзномаҳои  аз солҳо 1914 то ба имрӯз нигоҳдорӣ карда мешаванд, ки аз ҷумлаи маъруфтарин рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо бо номи “Овози тоҷик”, “Тоҷикистони сурх”, “Бедории тоҷик”, “Оина”, “Ориёно”, “Роҳбари дониш”, “Дониш ва омӯзгор”, “Октябр” ва ғайраро метавон ном бурд, ки ҳамаи онҳо имрӯз ба хонанда дастрас мебошанд. Бештари маҷаллаҳо ва рӯзномаҳои фонди шуъба бо хатти форсӣ-тоҷикӣ ва лотинӣ навишта шудаанд, ки тақрибан 30 дарсади онҳо ба шакли электронӣ табдил дода шудаанд. Хонанда метавонад тавассути компютерҳо, ки дар толори хониши Шуъба ҷиҳозонида шудаанд, нусхаҳои электрониро аз онҳо дарёбанд ва мутолаа намояд. Аз ҷиҳати забон, маҷаллаҳо ва рӯзномаҳо бо забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ ва арабӣ нашр шудаанд.

Хулоса, расидан ба нишондоди 34 248  нусха дар соли 2025 далели рушди устувори шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир мебошад. Ин нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ ба ҳифз ва муаррифии мероси хаттӣ рӯз ба рӯз бештар мешавад. Ҳамчунин, ин як заминаи муҳим барои таҳқиқоти илмӣ ва густариши маърифати ҷомеа дар бораи таъриху фарҳанги миллати тоҷик аст. Дар оянда низ, бо истифода аз имконоти рақамисозӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, метавон саҳми боз ҳам бештаре дар ҳифзи ин мероси бебаҳо гузошт.

Сайакбар Абдулазиззода, муовини сардори
шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир