Гардишгарони сингапурӣ дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар
Имрӯз чанд тан аз сайёҳони Сингарпур вориди шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ шуданд. Инҳо, ки бо номҳои Чао, Ҷо, Вин ва Суас худро муаррифӣ карданд, бо фаъолияти шуъба аз наздик ошно шуданд.
Онҳо бо нотаи суруду таронаҳои солҳои гуногун, бойгонии филмҳои “Тоҷикфилм”, китобҳо доир ба фарҳанг ва ҳунар шинос шуданд. Ба меҳмонон бештар Гӯшаи китобҳои Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳошим Гадо писанд омад.
Дар бори ин ҳунарманд ва китобҳояш суолҳо карданд. Кормандони шуъба бо камоли майл дар бораи Ҳошим Гадо ҳар маълумоте хостанд, дар ихтиёрашон гузоштанд. Табиист он чи дар бораи ин нобиғаи ҳунари олам мешуниданд, барояшон нав буд.
Бахусус китобҳои Ҳошим Гадо, ки беш аз 600 номгӯ мебошад, меҳмононро шигифтзада кард.
Гуфтанист, ки аз рӯзи ифтитоҳи Гӯшаи китобҳои Ҳошим Гадо ин бахши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар пурбинанда шудааст ва аксари меҳмонон мехоҳанд аз он дидан кунанд.
Саодат НАБИЕВА,
сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар