Хамсаи Низомии Ганҷавӣ дар Китобхонаи миллӣ, ки соли 1585 китобат шудааст
Ҷамолуддин Абумуҳаммад ибни Юсуф ибни Муайяд машҳур ба Низомии Ганҷавӣ яке аз шоирони бузурги достонсаро мебошад. Адабиётшиносон ўро ҳамчун санъаткори барҷастаи назми чаҳонӣ, бузургтарин инсонпарвар ва сарояндаи бахту саодати инсоният мешиносанд.
Низомӣ ба мо мероси бойи адабӣ гузаштааст, ки панҷ достони ў «Махзан-ул-асрор» «Хусрав ва Ширин», «Лайли ва Муҷнун», «Ҳафт пайкар» ва «Искандарнома» бо номи «Хамса», «Панҷ ганҷ» ва «Панҷ достон» маъруф аст. Ғайр аз ин, девони ғазалиёти ў, ки бештар аз ду ҳазор мисраъро дар бар мегирад, аз дурдонаҳои лирикаи нафиси адабиёти классикӣ аст.
«Хамса»-и Низомӣ бештар аз 30000 байт дошта, дар он ғояҳои пешқадами замони шоир, мавзўъҳои дўстию муҳаббат, вафодорӣ, талқини илму маданият, бахту саодат, орзўҳои дурахшони хушбахтӣ, ҳуқуқ ва қадру қимати инсон,интикод аз нобаробарию поймолшавии ҳуқуқҳои одамӣ ва ғайра инъикос ёфтаанд.
Нусхаи хаттие, ки дар махзани шуъба таҳти рақами 793 ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад, дар соли 993 ҳиҷрӣ, ки баробар бо соли 1585 милодӣ аст, китобат шудааст. Азбаски варақҳои аввалу охири китоб афтодаанд, котиби нусха муайян карда нашуд. Навъи хаташ настаълиқ мебошад. Баъзе варақҳояш тармим ва барқарор шудаанд.
Варақҳои 1, 2, 141, 142 ва чанд варақи дигар аз охири нусха вуҷуд надоранд. Хату коғази вар. 37а- 44б аз хату коғази асосии дигар варақҳои асар фарқ мекунад. Амали саҳҳоф Мулло Муҳаммад Умар мебошад. Шерозаи муқова аз чарму матои сурх аст.
Таҳияи Рамзӣ ҶУМЪАҚУЛОВ