Хидматрасонӣ ба беш аз 46 ҳазор хонанда дар соли гузашта, ки зиёда аз 61 ҳазор китоб хостанд
Соли 2024 шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон тавонист ба зиёда аз 46000 (соли 2023-45943) нафар хидмат расонида, ба онҳо аз рўйи дархост зиёда аз 61000 (соли 2023 – 60955) нусха адабиётро пешниҳод намояд.
Хизматрасонӣ ба истифодабарандагон яке аз самтҳои калидӣ ва муҳимми Китобхонаи миллӣ ба ҳисоб рафта, кормандони шуъба ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани масъулияти касбӣ мунтазам чораандешӣ менамоянд.
Шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон тибқи «Оиннома»-и Муассиса ва «Низомнома»-и шуъба дар ду баст фаъолият мекунад. Шуъба дар фаъолияти худ ҳамарўза корҳои бақайдгирии муштариён, қонеънамоии дархости хонандагон, кор бо мутолиакунандагон, такмил, коркард, ҳифз ва нигоҳдории фонд, инчунин баргузории чорабиниҳои тахассусиро ба анҷом мерасонад.
Дар назди шуъба чаҳор толор: «Толори умумӣ», «Толори тиб ва табиатшиносӣ», «Толори ҳуқуқ ва фалсафа», «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолият менамоянд.
Шуъбаи мазкур дар самти қабули хонанда ва диҳиши адабиёт дар соли 2024 тавонист ба зиёда аз 46000 (соли 2023-45943) нафар хидмат расонида, ба онҳо аз рўйи дархост зиёда аз 61000 (соли 2023 – 60955) нусха адабиётро пешниҳод намояд.
Маврид ба зикр аст, ки танҳо ба «Толори тиб ва табиатшиносӣ»-и шуъба дар ин давра наздики 17000 (соли 2023 – 16660) нафар ташриф оварданд ва ҳудудан 19000 (соли 2023 – 18715) китоб дархост карданд. Дар умум ба толорҳои шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар давоми соли 2024 наздики 63 000 (соли 2023 – 62603) нафар хонанда ташриф овард.
Вобаста ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар назди шуъба толори махсус таъсис дода шудааст, ки он аз рўйи ҳамаи номинатсияҳо бо адабиёти зарурӣ таъмин гардида, барои иштирокчиёни озмун мутобиқ ба низомномаи тасдиқшуда барои намоиш ва истифода гузошта шудааст. Дар толори мазкур дафтари бақайдгирии иштирокчиёни озмун ташкил карда шуда, ҳамзамон китобҳои дар озмун воридшуда дар шакли электронӣ низ мавҷуд буда, барои хоҳишмандон тақдим карда мешавад. Дар соли 2024 ба толори «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 1500 хонандагон ҳузур ёфтанд ва наздики 3500 китоби дархосткардаи худро мутолиа карданд.
Ҷиҳати такмил ва ғанӣ гардонидани фонди шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон зиёда аз 1200 (1209) нусха китоб дар як сол ворид ва аз рўйи соҳа ҷобаҷогузорӣ карда шуд.
Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдории иттилоотии муассиса зиёда аз 500 нусха китоби якнусхагии фонди шуъба нусхабардорӣ ва ба шакли электронӣ гардонда шуда, барои истифода ба муштариёну хонандагон пешниҳод карда шуданд.
Бибираъно Ҷӯраева, муовини сардори шуъбаи
хизматрасонӣ ба истифодабарандагон